Намоиши филмҳои ҷопониву лаҳистонӣ дар кинотеатри ба номи Ҷомӣ
Дар кинотеатри ба номи Ҷомии пойтахти кишвар аз 23 то 26 октябри соли равон ҳафтаи синамои Лаҳистон ва 26 ва 27-уми октябр рӯзҳои синамои Ҷопон баргузор гардид.
Сокинони пойтахти кишвар тӯли се рӯз имкон доштанд бо беҳтарин филмҳои истеҳсоли Лаҳистон ошно шавад. Аз сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки ин аввалин бор аст, ки бинандагони тоҷик бо филмҳои солҳои охир тавлидшуда дар ин кишвар ошноӣ пайдо мекунанд ва сафорат дар оянда низ роҳандозии як силсила чорабиниҳои фарҳангиро дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон тарҳрезӣ кардааст. Бино ба иттилои манбаъ дар муддати се рӯз 10 филми синамогарони Лаҳистон, аз ҷумла: "Дил дар кафи даст", "Ин на он аст, ки ту фикр мекунӣ", "Дар торикӣ", "Фақат на ҳозир", "Писарон намегирянд" ва ғайра намоиш дода шуд. Маъмурияти кинотеатри Ҷомӣ мегӯяд филмҳои Лаҳистон ва Ҷопон, ки намоиш дода шуданд, бо ибтикори сафоратхонаҳои ин ду кишвар сурат гирифтанд ва вуруд ба он рйгон буд.
«Рӯзгор» дар шумораи ояндаи худ мақолаи таҳлилиеро дар бораи ин рӯйдоди фарҳангӣ чоп хоҳад кард.
«Рӯзгор»