17:35:17 01-уми Июли 2025 сол

Анҷоми озмуни «Ҷомеа ва нашъамандӣ» дар театри Ҷавонон

Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ бо номи «Ҷомеа ва нашъамандӣ», ки дар театри Ҷавонони ба номи М.Воҳидов рӯзи 14 октябр оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

teatri-javonon 458774Дар озмун даҳ намоишнома аз театрҳои манотиқи гуногуни кишвар иштирок карданд. Аз ҷумла, ҳунармандони театри халқии ноҳияи Ҳисор намоишномаи «Модар маро бубахш»-ро пешниҳод намуданд. Аз театри халқии ноҳияи Ваҳдат «Доми марг», аз Ёвон намоишномаи марҳум Иноят Насриддин «Қотили ҷонҳо», аз ноҳияи Мӯъминобод «Ин чӣ даҳшат», аз театри Истаравшан «Заҳрпечак», аз театри сайёри кӯдаконаи «Рангинкамон» песаи А.Қодиров ва Б.Мингбоев «Эътироз» ва ғайра намоиш дода шуданд. 

Тавре Бердӣ Мингбоев, коргардони театри Ҷавонон дар сӯҳбат бо «Рӯзгор» иброз дошт, озмун тибқи нақшаи Вазорати фарҳанг доир шудааст ва ҳадаф ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи кишвар ба мушкилоти нашъамандӣ буд.  

Назари Шумо

Security code
навсозӣ