21:36:08 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/24_--01-a-aaaaaamakka_1.jpg'

САФАР БА САУДӢ: НИГАРОНИҲО ВА ПЕШНИҲОДҲО

Мувофиқи як созишнома, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тобистони соли гузашта имзо кардаанд, мутахассисони беш аз 200 ҳирфа ва ҳунари тоҷик имкон доранд, ки ба Арабистони Саудӣ барои кор бираванд. Маоши камтарин 350 доллар будааст ва пизишкони соҳибтаҷриба метавонистаанд то 8.000 доллар маош бигиранд. Сари масъалаи муҳоҷират ба Саудӣ феълан танҳо як ширкат бо номи «Замони Юнус» кор мебарад.

 

Ин ширкат мегӯяд, то ҳол тақрибан 3,500 хоҳишманди муҳоҷирати корӣ дар Саудӣ номнавис шудаанд ва ба наздикӣ як гурӯҳи 25-нафара, пас аз он гурӯҳи 137-нафара озими сафар хоҳанд шуд. Раҳбари ширкати «Замони Юнус» мегӯяд, коргаронро бар иловаи омӯзиши забон, ҳамчунин, бо фарҳанг, урфу одат ва қонунҳои кишвари муҳоҷират ошно мекунанд ва сипас мефиристанд.

 

Бекорӣ ва маоши кам ҳам ба ҷони мардум задааст ва як роҳи наҷотро дар кор дар Саудӣ мебинанд. Вале нигароние, ки дар маҳофил вуҷуд дорад, амният ва риояи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошад. Тарсе ҳам вуҷуд дорад, ки ҳоли тоҷикони Русия дар Саудӣ низ такрор наёбад.

 

Фирӯз Баротов, Шаҳлои Гулхоҷа, Абдулфаттоҳ Шафиев, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2181-2010-04-24-09-15-42.html

 

Шарҳҳо   

 
-1 #3 RE: САФАР БА САУДӢ: НИГАРОНИҲО ВА ПЕШНИҲОДҲОGuest 31.05.2013 08:40
по поводу работы в Саудовском Аравии
 
 
0 #2 RE: САФАР БА САУДӢ: НИГАРОНИҲО ВА ПЕШНИҲОДҲОGuest 31.05.2013 08:39
Мы по обьявлении
 
 
0 #1 RE: САФАР БА САУДӢ: НИГАРОНИҲО ВА ПЕШНИҲОДҲОGuest 31.05.2013 08:38
ЗДРАВСТВУЙТЕ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854