21:11:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАЪВАТ БА ҲАЛЛИ МУШКИЛИ СМТ

Созмони журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон даъват кардааст, то дар ҳалли фаври мушкили ягона шабакаи мустақили телевизионӣ дар Душанбе – СМТ чора андешанд. 

Беш аз се моҳ боз Симои мустақили Тоҷикистон дар як басомад ҳамроҳ бо Шабакаи аввали телевизиони Русия – ОРТ барнома пахш мекунад ва бинанда имкони тамошои роҳати ягоне аз ин ду шабакаро надорад. Комиссияи давлатии тахсиси басомадҳои телевизионӣ як басомадро, басомади рақами 29-ро ҳам ба СМТ ва ҳам ба маркази фаннии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон додааст, ки ин марказ аз ин басомад барномаҳои ОРТ-ро пахш мекунад. 

Дар ҳоли ҳозир, барномаҳои СМТ рӯи ин басомад дар қисматҳои шарқӣ ва шимолии пойтахт ва атрофи он ба хубӣ қобили дарёфт аст. Дар ҳоле, ки дар канораҳои ғарбиву ҷанубии шаҳр рӯи ин басомад бештар шабакаи ОРТ дастрас аст. 

Медиа-Алянс изҳори нигаронӣ кардааст, ки бо гузашти се моҳ масъулин ҳанӯзам натавонистаанд, ин мушкилро ҳал бикунанд. 

Дар изҳороти ин созмон омадааст, дар пешорӯи интихоботи порлумонии моҳи феврал фаъолият накардани ягона шабакаи мустақили телевизионии пойтахт «аудиторияи беш аз 1,5 миллионнафараро аз ягона манбаъи алтернативии телевизионии хабар маҳрум мекунад ва мавҷудияти озодии сухан ва демократияро дар Тоҷикистон зери аломати бузурги савол мебарад». 

Роҳбарияти Медиа-Алянс гуфтааст, масъалаи пахши алоҳидаи барномаҳои СМТ ва ОРТ дар наздиктарин фурсат бояд ҳал шавад. 

Симои мустақили Тоҷикистон дар баҳори соли 2007 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кард. Муассиси ин шабакаи телевизионӣ Зинатулло Исмоилов, журналисти собиқадори телевизиони давлатии Тоҷикистон мбеошад ва феълан ҳам мудирии СМТ-ро бар дӯш дорад. Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо ҷаноби Исмоилов оид ба қазияи пешомада дар аудиои канори рости ин саҳифа дастрас аст. 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1590-2010-01-22-07-22-23.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi