АФЗОИШИ НАРХИ ТИЛЛО ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН ТАЪСИР МЕРАСОНАД?
Арзиши як унсий тилло, ки муодили 31,1 грам аст, дар бозори ҷаҳонӣ ба 1 ҳазору 782 доллар баробар шудаст, ки ин нишондод дар муқоиса бо чанд моҳи пеш наздики 200 доллар қиматтар аст.
Тирамоҳи соли гузашта нархи як унсий тилло дар ҷаҳон ба нишондоди рекордӣ расида, аз ҳадди 1900 доллар гузашта буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор медоранд, ки нархи тилло чӣ қадар дар бозори ҷаҳонӣ боло равад, ҳамон андоза ба фоидаи иқтисодиёти Тоҷикистон аст.
Соли гузашта истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз дурнамои эълонкардаи Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар ҳудуди 550 киллограм камтар шуда, ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллограмро ташкил додаст. Бо вуҷуди ин, масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ин нишондодро дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2010-ум наздики 135 киллограм бештар арзёбӣ мекунанд.
Худи Гул Шералӣ дар робита ба истеҳсоли тилло мегӯяд, имкон дошт нишондоди он бештар гардад, агар Вазорати молия дар корхонаи зертобеаш «Тиллои тоҷик» корро беҳтар пеш бурда нақшаро иҷро мекард. Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат тибқи нақша дар корхонаи «Тиллои тоҷик» бояд 500 килло тилло истеҳсол мешуд, аммо дар пайи ташкили заифи кор ҳамагӣ 319 киллограм тилло истеҳсол шудааст.
Имсол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дурнамои тавлиди тиллоро дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 тонна арзёбӣ мекунанд.
Темур Раҷабализода «Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна