ТАЪСИСИ ШӮРОИ ҲАМГУНСОЗИИ ИСТИЛОҲОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти вобаста ба Ҳукумати Тоҷикистон ахиран як шӯро барои ҳамгунсозии истилоҳот таъсис шудааст. Ҳайъати ин шӯро муташаккил аз 96 мутахассис ва муҳаққиқи бахшҳои мухталифи забон ва адабиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа, кишоварзӣ, табиъиёт, заминшиносӣ ва ғайра аст.
Раёсати ин шӯро дар нахустин ҷаласаи он, ки 3 июн баргузор шуд, ба ӯҳдаи пруфессур Додихудо Саймуддинов, забоншиноси маъруф ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, вогузор шудааст. Бибиосия Ғуломова, муъовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 10 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки тасмим шудааст ин шӯро дар се бахш ва 16 гурӯҳи вобаста ба арсаҳои мухталиф фаъолият кунад.
Хонуми Ғуломова гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот “танзими истилоҳоти коргузорӣ дар соҳаҳои мухталиф” аст. Вай гуфт: “Кумита ба вуҷуди чунин шӯро сахт ниёз дошт. Зеро дар замони муъосири рушди соҳаҳои гуногун вожаву истилоҳоти зиёде пайдо шудаанд, ки мо бояд мувофиқи меъёрҳои мавҷуди забони тоҷикӣ онҳоро дуруст тарҷума кунем ва ё иқтибос бигирем.”
Дар посух ба ин савол, ки оё дар ин замина ҳамкориҳое бо муттахассисони забон аз кишварҳои форсизабони Эрон ва Афғонистон ҳам сурат мегирад, хонуми Ғуломова посухи мусбат дод. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир заминаҳои лозим барои ҳамкориҳои миёни ин кумита ва Фарҳангистон забон ва адабиёти форсии Эрон фароҳам мешавад.
Вай гуфт: “Албатта Кумитаи мо ва ё ин ки Шӯрои мо қасд надорад, ки фақат калима ихтироъ кунад, табиъист, ки мо бояд калимаҳоеро, ки дар забони форсӣ вуҷуд доранд ва эрониҳо аз он истифода мекунанд, бипазирем, вале вожаҳоеро, ки форсӣ ҳастанд.”
Ҳар гурӯҳи марбут ба ин ё он арса дар Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот як раҳбари гурӯҳ дорад ва ин гурӯҳҳо пас аз муддате бояд ҷаласа бигзоранд. Дар нахустин ҷаласаи худ аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ду фарҳанги омода барои чопро ба дасти баррасии гурӯҳҳои корӣ супурдаанд. Яке аз инҳо “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти биёбоншавӣ” ва дигар фарҳангномае бо номи “Истилоҳоти тиббӣ” аст. Ин фарҳангномаҳо тавассути муҳаққиқони арсаи кишоварзӣ ва тиб таҳия шудаанд.
Аммо дар посух ба ин савол, ки магар таҳияи луғатномаҳо сирфан вазифаи забоншиносон нест, Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, ки дар таркиби ҳар бахши Шӯро “ба ҷуз мутахассисони арсаҳои гуногун, забоншиносони варзида, ки унвони илмияшон на камтар аз дуктур аст, шомил шуда ва ҳарфи ниҳоиро онҳо мезананд.”
Ба гуфтаи оқои Саймуддинов, ин равиши вожагузинӣ меъёри Фаронса ва Эрон аст, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон ба кор гирифта шудааст. Фаъолияти аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти вобаста ба Кумитаи истилоҳот ва забони Тоҷикистон коре иҷтимоъӣ ба шумор меравад ва ҳар гурӯҳ барои баррасии як фарҳангнома ду–се моҳ кор мекунанд.
Ба гуфтаи оқои Саймуддинов, довталабон наметавонанд узви ин Шӯро шаванд, зеро аъзои Шӯро “аз миёни афроди босалоҳияти пешниҳодшуда аз сӯйи ниҳодҳои мухталиф интихоб мешаванд.”
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.
Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
RSS Обуна