АФСОНАИ БАРҚ, НАТО, ШАБЕХУНИ ҚИРҒИЗ ВА IRS

Ҳафта ҳам, ёрон, саромад, ҳафтафаҳмӣ монд, монд,
Сад фасона "Барқи тоҷик" бар ду гӯшам хонд, хонд.
Он қадар афсона шому шаб ба мардум гуфт, гуфт,
Халқамонро хоб омад, дар фасона хуфт, хуфт.
Либиро НАТО зи навбат тирборон кард, кард,
Мешад аз беваҳдатӣ аъроби ғафлат гард-гард.
Ину онро Амрико бо ҳар баҳона кӯфт, кӯфт,
То бигирад деви даврон нафтчаҳро муфт, муфт,
Ончунон бо ҳилаҳо афканд бар Саддом дом,
Хуни нафт акнун хӯрад ин ғӯли ваҳшат хом-хом.
Мо вале дар чор сӯи торикистон зор-зор,
Тахтабандему бувад ду чашми мо ночор чор.
Қарз бигрем аз Чину Мочин дигар бепушт-пушт,
Наслҳомон қарзҳомон барканандӣ пушт - пушт.
Пул ҳамегирад гадо дар раҳ зи шавқи ҳирс, ҳирс,
Мебарад чун роҳҳои мулки моро IRS ирс?
Чор кӯҳи чоркӯҳиро бидуни ҳой-ҳой,
Ғасб бинмудӣ муғулҳамсоя, дорад вой-вой.
Аз "шабохун"-аш тани зардолузорон реш-реш,
Мебарад қирғиз дар ин ҷо тоҷиконро пеш-пеш.
Душмани миллат ба Роғон боз дорад тоз-тоз,
Турктозе Русиёро менамояд боз-боз.
Сониё, сар-сар махонӣ хат, фурӯ рав ҳарф-ҳарф,
В-ин ҳама пат-пат мадону кун тафаккур жарф-жарф.
Саъдии Сонӣ, барои «Рӯзгор»
Шарҳҳо
Гапыш нестай гаренишон кай бачаи Оча монышда бырава !
------------------------------------------------------------------------------
Аз Куръони Карим ! Сураи ШУЪАРО !
225. Оё надидаӣ, ки шоъирон дар ҳар водие саргаштаанд?
226. Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд?
227. Магар онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.
Рост гуфт АЛЛОХ, - Як чахон ташаккур барои чунин эчодиётат
RSS Обуна