00:28:40 19-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25
Внимание
  • Lack of access rights - File 'http:/scontent-arn2-2.xx.fbcdn.net/v/t1.0-0/c0.0.1117.294a/p600x600/91046110_3269520836411096_8955915738908983296_o.jpg'

Математика, мактаб ва рӯзгор

Бетартибӣ ва бесарусомониҳо нишонаи надонистани математика аст

Сафаралӣ Раҷаб, махсус барои "Рӯзгор"

Ин мавзӯъ шояд бархеро ба андеша орад: "Чи рабту чи муносибат байни илми дақики математика-формулаҳо, айниятҳову баробариҳою муодилаҳо  ва ҷомеаю рӯзгор,ё худшиносию маданият?" Ман ҳам аз ин хусус кам андешаронӣ мекардам, то оғози сӯҳбати аҷиб бо донишманди маъруфи рӯзҳои мо, математики шинохтаю эътирофшуда, дотсент, номзади илми математика, мӯҳтарам Асадуллои Шарифзода - устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Хушбахтона, баъди сӯҳбат равшанам шуд, ки дар умқи гуфтаҳои зери вазири маориф-Нуриддин Саидов чӣ маъниҳое ниҳон будааст: "Ҷомеаи ҷаҳонӣ имруз моил ба омӯзиши фанҳои дақиқ аст. Тафаккури ҷомеаи мо ки характери гуманитарӣ дорад, аз ин ҷиҳат ниёз ба дигаргунӣ дорад"

-Ба фикри Шумо устод сӯҳбати мо бояд аз чӣ ҳусни оғоз ёбад?

matematic-ustod45-Аз раванди математизатсияи ҷамъият, математикунонии соҳаҳои ҳаёт масалан... (пауза)... шарҳ медиҳам. Математизатсия (математикунонӣ) мисли устура ё забон ва ё мусиқӣ яке аз намудҳои қадимтарини фаъолияти башарӣ мебошад ки дар он талошҳои одамӣ барои ба даст овардани тарҳи тозаву тари руҳи инсон,беҳтару қавитар кардани он акси худро ёфтааст. Имрӯз ки бо математизатсия ҳамаи донишҳои чи назариявӣ ва чи амалии мо бояст фаро гирифта шаваду компютерикунонии ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, (инчунин раванди таҳсил) дар авҷ аст, дар инкишофу пешрафти ҷамъияти асри навин математика чун дар асрҳои пасисаргашта нақши калидӣ дорад ва хоҳад дошт.

Инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ қонуниятҳои худро дорад. Бинед садҳо ҳазор ҳамватанони мо дар хориҷа ба корҳои ба истилоҳ "сиёҳ" машғуланд.Чаро? Зеро математика, донишҳои математикӣ (донистани он дар сатҳи ҳадди аққал-минимум) мутлақо ба ҳама зарур аст,чи ба зиёӣ ва чӣ ба коргар.Дур шудан аз ин фан,ё умуман фанҳои дақиқ маънои рӯ тофтан, даст кашидан аз истифодаи он лавозимотҳою имкониятҳоест, ки техникаи ҳозиразамон барои инсон муҳайё кардааст.

Агар мардикорҳои мо, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд математикаро ақаллан дар ҳадди ақал медонистанд, бо белу ҷоруб камтар кор мекарданду имкониятҳои ба даст овардани ризқу рӯзии худро бештар менамуданд. Забони табиат, ки аз беэҳтиётию нотавонӣ мо, оламиён, онро нисбатан хароб кардаем, инчунин забони техника (таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон) забони математика ба шумор меравад.

-Аз математизатсияи ҷамъият чунон бо эҳсос гап мезанед, ки мутахассиси тиб бо чунин оҳанг нисбати диспансеризатсияи аҳолӣ гап мезанад.

-Мутахассисони тибро масъалаи саломатии инсон ба ташвиш меорад. Бовар кунед, математизатсия аз диспансеризатсия ҳеҷ фарқе надорад, агар ҳадафи дуюмӣ саломатии ҷисмонии инсон бошад, яке аз ҳадафҳои асосии якумӣ-яъне математизатсия-ҳамқадам будан бо замони муосир ва  солимии фикру андешаҳои инсон аст. Дар ин кори басе муҳим ва масъулиятнок ҳамаи намояндагони қишрҳои ҷамъият вазифадоранд саҳмгузор бошанд.Ҷамъият бояд ба ҳар як аъзои худ, хосса ба ҳар як ҷавон он ахбореро, ки инъикоскунандаи мафҳумҳо,идеяҳо ва усулҳои математикист, пешниҳод созад, то алалхусус ҷавонон минимум-ҳадди ақали фаҳмиши математикиро доро бошанд.Чаро?

Мақсади ниҳоии омӯзиши асосҳои математика имруз барои аксарият маънои ёд гирифтани мулоҳизаронии солим, андешаронии бомантиқ, инчунин нуқтаи назари худро дурусту фаҳмо баён карданро дорад. Дар ҳама бозёфту комёбиҳои тамаддуни имрӯзаи башарӣ идеяҳои математикӣ баръало дида мешаванд (онҳо доимоамалкунандаанд) ва ин ҳақиқати бебаҳс, яъне аксиома аст. Беҳуда нагуфтаанд ки "Математика бетартибиҳоро ба сомон медарорад, аблаҳиро решакан мекунад, чигилҳоро мекушояд, "ҳаром"-ро аз "ҳалол" ҷудо мекунад, услубҳоро ҷилои тоза медиҳад" (Жабр А.).

ӯҳбате ки мо бо Шумо оростаем, рости гап, ба хотири ҷалб намудани  таваҷҷуҳи хонандагон ба он бесару сомониҳоест, ки мутаасифона, дар рӯзгори мо ба чашм мерасанд. Аз сарсухани пурмуҳтавои шумо метавон хулосабардорӣ намуд, ки ҳамчун математик, ҳамчун олим Шумо реша ё сарчашмаи бесарусомониҳоро хуб медонед.

-То як андоза. Масалан, дур нарафта метавон гуфт, ки дар бисёр оилаҳо  писаре ё духтаре метавонад чунин гӯяд: "Ман математика ё химия ё физикаро намефаҳмам, дӯст намедорам...беҳтараш таърихчӣ ё адабиётшинос мешавам" Ё шоире қофиядон асту шеърҳои зиёде навишта ба чоп мерасонад, аммо чун Лоиқ ё Бозор Собир шуҳратёр намегардад. Ин чӣ сир дорад? На ин фарзанд ва на он шоир соҳиби маданияти математикӣ нагаштаанд.Оё ин лозим аст? Албатта.Арзиши маданӣ ё маърифатии математика дар он зуҳур меёбад, ки имкониятҳои ақлонию зеҳнии моро кушода, дар ниҳоди мо он боварӣ ва ҷуръатеро тавлид месозад, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи мо чун обу ҳаво заруранд.

Ин фанн одамро ба кушодани сирру асрорҳо ё кушодани гиреҳу чигилҳои кору зиндагӣ ҳавасманд сохта ба ӯ неруи зеҳнӣ мебахшад.Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки математика истодагарӣ, ҷидду ҷаҳд, мақсаднокӣ, эҷодкорӣ, мустақилият, масъулият, меҳнатдӯстӣ, интизом ва тафаккури танқидиро  тақозо менамояд.Ҳамаи ин хислатҳо ба тарбияи тафаккури мантиқии инсони муосир таъсири мусбат расонида ӯро ҳамчун шахси бофарҳангу маърифатноки ҷомеа ба воя мерасонад.Он бесарусомониҳое, ки имруз дар рӯзгори мо ба чашм мерасанд, мукаммал ва дар сатҳи зарурӣ набудани он сифатҳои инсон аст, ки дар боло онҳоро қайд кардем. Математика ин илм дар бораи тартиб аст. Тартиб бошад чизи асосист. Агар дар зеҳн, фикр, андеша, тартиб набошад, магар дар фаъолияти амалӣ тартиб шуда метавонад? Албатта не.

Охир мо беҳуда математикаро гимнастикаи ақл намегуем-ку? Донистани моҳияти математика дар рӯзгор чи аҳамият дорад? Одам метавонад аз мӯрии математика (ё тавассути призмаи математика гӯем?) ба рӯзгор нигариста онро ҳамчун усули дарки  воқеоти рӯз истифода намояд. Вақте мегуянд "Чуқур фикр кун" (масалан падар ба писар, ё муаллим ба толибилм) он мулоҳизаи солиме дар назар аст, ки  мантиқи солим дорад. Боз мегуям, ки фарқ карда тавонистани дуруғро аз ҳақиқат, хаёли хомро аз мулоҳизаи солим ба одам математика меомӯзад. Акнун бармегардем ба сари он писаре, ки аз надонистани математика журналист ё таърихчӣ шуданист.

Ӯ бояд донад: бартарӣ ва афзалияти математика он аст, ки фанни универсалист ва дар ҳамаи соҳаҳо ба кор бурда мешавад, чи дар таърих, чи дар адабиёт ва чи дар журналистика...зеро барои математика исбот ва мулоҳизаронии ба ҳақиқат наздик лозим аст. Акнун тасаввур кунед ки таърихчӣ далелҳои ба ҳақиқат наздик ва саҳеҳ  пешниҳод намекунад, оморшинос факту рақамҳои реалӣ надорад, журналист - андешаҳои пуч ба омма пешниҳод мекунаду фикраш ё ақидаашро исбот намесозад, ё  далелу мулоҳизаҳои ҳуқуқшинос аз ҳақиқат дур аст... Пас чи гуна метавонед гӯед, ки ӯ таърихчӣ, ё журналист ё ҳуқуқшиноси ҳақиқист?

-Дар мавриди шоир чӣ гуфта метавонед?

-Оне ки санъати исбот намуданро дар мактаб ёд нагирифтааст, мулоҳизаи солимро аз андешаи хом фарқ карда наметавонад. Аз ин одам мутахассиси хуб намебарояд. Аз математики машҳур Д.Гилберт нисбати яке аз шогирдонаш пурсон шуданд ва ӯ чунин посух дод: "Он шогирдам фантазияи беш надошт, барои ҳамин аз ӯ математик набаромад, шоир шуд"Математикаро фанни "хушк"-у сард номидан нашояд,зеро дорои захираи бои қувваи эстетикӣ низ мебошад. Шоирони ҳақиқӣ мисли математикҳои ҳақиқӣ дар ҳама давру замон камчин буданд.

Барои шоири ҳақиқӣ чунин сифатҳои математикӣ аз қабили дақиқият, (аниқии баён), возеҳияти идрок, ифодаи аниқу амиқ бегона нест. Ба ақидаи Эдгар По ҳар қадаре истеъдоди шоир табиати математикӣ дошта бошад, ӯ ҳамон қадар боистеъдодтар аст. Бозор Собир, ки дар оилаи математикҳо ба воя расидааст, дар шеърҳояш на танҳо амиқияту дақиқияти образҳои лирикӣ, балки гармонияи аҷиб, (гармония низ мафҳуми математикист), мантиқи рушану фаҳмо дида мешавад ва ӯро ҳамчун шоир халқ эътироф мекунад.Умуман математика ва шеър ё зебоӣ ин мавзӯи алоҳида аст.

-Набошад биёед аз алоқаи математика бо мактаб, инчунин аз маданияти тафакури толибилмони имрӯза гап занем.

-Барои чӣ не, ин мавзӯи хеле аҷоибу актуалии рӯз аст. Бинед имрӯз моро сатҳи мулоҳизаронию дониши аксарияти шогирдон қонеъ намекунад. Барои чӣ? Баъди оғози бозсозӣ солҳои 80-уми асри гузашта агар дар хотиратон бошад қисми зиёди ҷавонон бо тақозои вақту замон ба бозору фӯруш часпида аз китобу китобхонӣ, умуман илмомузӣ дар канор монданд. Ин касалии натанҳо хоси Тоҷикистони мо буд. Акнун мо  муаллимон бо фарзандони ҳамон ҷавонон дар мактабҳо сару кор дорем ва инро дар фаъолияти ҳаррузаи худ ба хубӣ эҳсос мекунем.

Ба болои ин сарвари давлат, ҷаноби олӣ дар назди мо вазифаи мушаххаси тарбия ва ба воя расонидани наслеро гузоштааст, ки дорои тафаккури созанда бошад. Инкишофи тафаккури созанда, яъне эҷодӣ бошад, бе донишу фаҳмиш ва тафаккури математикӣ  мутлақо номумкин аст. Бинед, на танҳо аксари китобҳою дастурҳо, балки газетаю журналҳо имрӯз пуропури хатоҳои мантиқист.Чаро? Мантиқ мелангад, маданияти тафаккури бештари муаллифон дар сатҳи лозимӣ қарор нагирифтааст. Маданияти тафаккури математикӣ бошад асоси маданияти умумӣ, қисми ҷудонашавандаи умуман маданияти инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ имрӯз дар мактаб ба муаллими математика, умуман муаллимони илмҳои дақиқ аҳамияти махсус медиҳанд.

-Аз сӯҳбат бо Шумо кас то кадом дараҷа илми гуманитарӣ, одамдӯст будани математикаро баръало эҳсос менамояд, зеро математика илмест дар бораи тартиб. Мо, ки илми тартибро душвор ҳисобида аз дурӣ меҷӯем, бешубҳа бо ҳар қадаме, ки бо он аз ин фанн дур мешавем, ҳамон қадар ба бетартибӣ сахттар мечаспем.

-Бесарусомонию бемаданиятӣ аз надонистани математика оғоз мегардад. маданияти математикиро ба ҷамоа, махсусан ба толибилмони мактабҳо бояд дар сатҳи лозимӣ омӯхт (тартиб чи дар рузгор, чи дар корубор, чи дар рафтору кирдор, чизи зарурист) вагарна дар оянда мо соҳиби насле мешавем, ки дар маданияту худшиносии онҳо лакнату норасиҳо ҷой хоҳанд дошт. Математика танҳо дар заминаи зарурияти омӯзиши табиат ба вуҷуд наомадааст.

Вай дар инкишофи пурсамари бисёр соҳаҳо саҳми арзанда мегузорад. Масалан назарияи ахбор, ё назарияи матрисаҳо ё нақшандозӣ (алгоритмҳо)-ро дар статистика, лингвистика, умуман иқтисодиёт гиред. Ё истифодаи усули моделиронидани математикӣ дар илмҳои иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи маорифро гиред. Ҳамаи ин далели он аст ки математика дар омузиши инсон, умуман ҷамъияти инсонӣ саҳми арзанда дошта метавонад.

-Шуморо ҳамчун муаллифи китоби математика низ мешиносанд. Умуман дар хусуси китобҳои чӣ мактабию чӣ илмию оммавии ба математика наздик чӣ гуфтаниҳо доред?

-Мутаасифона, мо солҳои шуравӣ имконияти навиштани китобҳои илмию оммавиро махсусан дар соҳаи математика камтар доштем. Вақте солҳои 80-ум зарурияти навиштани чунин китобҳо ба миён омад, аввалин китоби математикии барои доираи васеи хонандагон, барои одамони касбу корҳои мухталиф навишташуда бо ташаббуси ману марҳум доктори илмҳои математикӣ Камолиддин Бойматов бо унвони "Масъалаҳои шавқовари мантиқӣ" бо тавсияи вазорати маориф пайдо шуд. Хушбахтона имруз ман дар ин самт баъзе корҳоро анҷом дода истодаам.Чанд китобам ба нашр расид. Инчунин болои стандартҳои нави математика кор карда  истодаем, ҳамчун аъзои комиссияи чопи китобҳо дар Вазорати маориф низ фаъолият мекунам. Умуман корҳои зиёде дорам.

-Мебинам ки Шумо гуфтаниҳои зиёде доред, вале дар доираи як суҳбат ғунҷонидани ҳамаи мулоҳизаҳои Шумо корест ношуданӣ. Бо ҳамин хотир ба Шумо миннатдории худро баён сохта умед бар он мебандам, дар оянда низ чунин суҳбатҳои муфид хоҳем дошт.

-Албатта, бо камоли мамнуният!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Шарҳҳо   

 
+3 #1 ХАР касе аз бахри коре сохтандGuest 26.01.2014 00:15
Дустони гироми ин сухбат хело чолиб рафтааст аммо чизеро таъриф кардан ва чизи дигареро танкид кардан бад аст. Имруз гунахгор на муаллими математика хасту на олими он, балки сатхи тафаккури мардум он лахза ба бузургии математика ва ё фанхои дакик боло меравад, ки чун чомеаи дигар мамолики чахон хох шарк бошад хох гарб, аз барномахои давлати барои пешбурд ва такмили фанхои гуногун вобастагии зиёд дорад. Ман хамчун як чавони тоик хаминро мегуям,ки математика ин "Шохи" фанхост аммо барои шохи пур кувват афсарони чонфидо ва сипахсолорони беназир лозим аст.
Ман котеъона мугуям, ки забон ин сарчашмаи хамаи донишхои умуми башари буду хаст ва мемонад. Шоири ин вориси паёмбарист чун дар хар давру замон мардумон ба панд ниёзманданд. Синову Хайём харду дар аввал Куронну хадис илми баён омухта сипас дар омузиш ва пешбурди илмхои тиббу риёзиёт кашфиётхои нодире карданд. Хамаи ин корнмахои ин бузургмардон натанхо барои точику Точикстони буд балки хидмате буд дар илми башар.
Бояд инчо чизи дигарро кайд намоем, ки бо маориф ва фарханги техникии яксола коре хам кардан душвор аст ин равандро бояд давом дод. Фарханги техники бояд харсонияина омузиши хар як фарди муосир бошад. Биёед умумигуи ва мукосахои олими математик ва шоирро яксу гузошта ба рохи халли мушкилоти таълими математика ва дигар фанхои дакик дар Точикистон харфе занем. Андеша кунем ки бо шашмох барк ба хонандагони мактаб чи гуна дарси техналогияи информатсионни баргузор намоем.Роххои усули таълими математикаро ба чомеи муосир мутобик намоем. Дар мактабхои Тоикистон,ки муаллимонашон мухочири мехнатишуданд ва махсусан устодони фанхои дакик, ки дар бисёр мактабхо намерасанд чорае бичуем.
Барои дастгирии устодони чавону лаёкатманди точик як кумаке намоем, ки онхо ба пешаи омузгори дилгарм шаванд. Бо ин музди мехнате, ки имруз муаллим дорад ва хар соат ба чуз аз фишори шуъбаи маорифу директорони "мехрубон" дастгирии дигаре надорад аз тафаккури математиккунони и чомеи башари харф задан китобро дар об партофтанро мемонад. Хулоса аввал муаллимини мактиби умуми ва донишгоххои омузгориро бо мохонаи шоиста таъмин бояд сохт.2 ба онхо имкониятхои рузгори хубро бояд фарохам овард.3 Китобхои таълимии математикаро бо тагироту иловахо аз нав нашр бояд сохт. 4 Дастурамалхои таълимии фанхои дакикро бо назардошти замони муосир омода ва чоп бояд намуд.5. Косепсияи омузиши фанхои дакикро кабул бояд кард. 6. Дар хамкори бо донишгоххои русия ва дигар мамолики чахон бо истифода аз маблагхои гранти ташкилотхои чамъияти оид ба тагироти самти тахсили фанхои дакик ташкил карда шавад.7 Маркази инновасиони ва пешбурди фанхои дакик дар назди вазорати маориф ва илми Точикистон ташкил карда шавад.
8. Консепсияро на бо маъруза ва маълумоти омори балки бо дастовардхои умуми милли ва чахони бояд пешбурд.
Шукрона,ки сиёсати маорифи кишвар хуб аст аммо то ба хол ин сохаи хаётан мухим ба тагиртхои кулли ниёз дорад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi