08:26:07 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тарошидани мӯйсари як ҷавони гумонбар ба ҳамҷинсгароӣ

Дар Интернет видеои наве пайдо шудааст, ки дар он чанд ҷавони ғолибан тоҷик як ҷавони дигарро ба ҳамҷинсгароӣ айбдор карда, мӯи сарашро, ба қавли худи онҳо, "бузтарош" мекунанд.

qaychi_1266565.jpgДар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар "Одноклассники" наворе нашр шудааст, ки дар он дастикам ду ҷавони ғолибан тоҷик як ҷавони дигарро ба ҳамҷинсгароӣ айбдор карда, баъди таҳқиру азият мӯи сарашро метарошанд.

Танҳо дар моҳи феврал ин дастикам дуюмини мавриди бо чунин шеваи тарошидани мӯи сар муҷозот кардани афроди гумонбар ба танфурӯшӣ ва ҳамҷинсгароӣ аз сӯи ҷавонони зоҳиран тоҷик аст, ки видеояш дар Интернет нашр мешавад.

Дар навори ахир дастикам ду ҷавоне, ки чеҳраашон дида намешавад, як ҷавони дигари зоҳиран ягон 20-солаи резаандомро зери мушту шаппотӣ мегиранд ва бо забони тоҷикӣ мепурсанд, ки чаро ӯ аз Узбакистон аст, вале худашро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда, даст ба ҳамҷинсгароӣ мезанад? Ба иддаои ҷавонони “қозӣ”, ин ҷавон бо тахаллуси “Шабнам” танфурӯшӣ мекард.

Онҳо ҳамчунин ба рӯи ин ҷавон шаппотӣ зада, мепурсанд, ки чаро қошу абрӯяшро чидаву мӯи сарашро мисли духтар ороиш додааст? Дар поёни навори тақрибан 5-дақиқаӣ дида мешавад, ки мӯи сари ин ҷавонро бо қайчӣ, ба таъбири худиҷазодиҳандагон, “бузтарош” мекунанд. Ин ҷавонро даор поёни навор чанд дашноми дигар медиҳанд ва яке аз муҷозотгарон, ки симояш дида намешавад, ба ин ҷавон, ки зоҳиран Амир ном доштааст, мегӯяд, ки “Ту “Шабнам” будӣ, акнун гашта Амир шудӣ.”

Макон ва замони сабти ин навор маълум нест, аммо аз рафти сӯҳбатҳо чунни таассуроте ҳосил мешавад, ки шояд онро дар Русия сабт кардаанд. Ин видео рӯзи 10 феврал дар саҳифаи гурӯҳи “Афандии тоҷикӣ” дар шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” нашр шуд, вале аллакай рӯзи 11 феврал онро аз ин саҳифа бардоштанд.

"Намозакҳоятро бихон!"

Ҳафтае пеш  дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва дар “Ютуб” навори дигаре нашр шуда буд, ки дар он як гурӯҳи ҷавонони ғолибан тоҷик як зани зоҳиран миёнасолро ба танфурӯшӣ ва қочоқи духтарони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб айбдор карда, ҳамчун муҷозот мӯи сарашро бо қайчӣ тарошиданд.

Дар навори тақрибан якунимдақиқаӣ дида мешавад, ки “сартарош” баъди анҷоми тарошидани мӯи сари ин зан аз вай мепурсад, ки “Бас кардӣ?” Ва зан ҳам, ки бо тоҷикӣ сӯҳбат мекунад, гирён посух медиҳад, ки “Бас кардам.”

“Сартарош” боз мепурсад ки: “Танфурӯшӣ мекунӣ дигар?”

Зан мегӯяд, “Бас кардам, тавба кардам.”

Баъд ин зан бо амри “қозиён”-аш мӯи сари тарошидаашро ҷамъ мекунад ва боз ҳам таънаи яке аз онҳоро мешунавад, ки “инҳоро ҳам бару бифурӯш. Ту ҳама чизро мефурӯхтаӣ.”

Ин зан зоҳиран фарзанд ҳам доштааст, чунки дар идомаи навор ӯро маломат мекунанд, ки:

- Ҳамаи инро бачаат бубинад, чигуна мешавад?

- Девона мешавам.

- Девона мешавӣ? Барои он ки девона нашавӣ, бирав, ҳамаи гапҳои гуфтагиро иҷро кун. Намозакҳоятро бихон!”

Инҷо ҷавони дуюм ба “истинтоқҳамроҳ мешавад ва сабаби чунин муҷозоти худсаронаи ин занро шарҳ медиҳад: “Барои он ки мардумро фиреб накунеду набаред ва нафурӯшед дар Туркияву Дубай. Аз пушти духтарони мардум зиндагиатонро пеш набаред.”

Баъд аз ин, ҷавонҳо бо ин суханон, ки “Телефонашро додед?” ва пурсиш аз худи зан, ки "Телефонатро гирифтӣ?" ӯро ҷавоб медиҳанд.

Аз 3 то 7 соли зиндон барои "самосуд"

Нашри ин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гарми корбарони тоҷикро ба бор овардааст. Бархе аз ин амалҳо, яъне муҷозотҳои худсаронаи афроди гумонбар ба танфурпӯшию ҳамҷинсгароӣ ситоиш мекунанд ва ба ҷавонон аҳсан мехонанд, ки гузоштани чунин наворҳо “худ бадтарин навъи муҷозот аст барои ин афрод.”

Аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, роҳи ҳал ин нест ва аз тарафи дигар чунин ҷазодиҳиҳои худсарона масъулият ҳам дорад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷазои худсарона, ё “самосуд” ҷиноят шинохта мешавад. Дар моддаи 334-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон(худсарӣ) дар ин бора гуфта мешавад:

«1) Худсарӣ, яъне худсарона, бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои ё ҷамъиятӣ давлатӣ зарари ҷиддӣ расонидааст, ­ бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, ­бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №451).»

"Сартарошӣ" - барои умрбод шарманда кардан?

Дар гузашта ҳам чандин мавриди тарошидани мӯи сари занҳои гумонбар ба “бадахлоқӣ” мушоҳида шуда буд. Аз ҷумла моҳи сентябри соли 2014 дар Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он чанд ҷавони тоҷик ду занро барои танфурӯшӣ латтукӯб карда, дар поёни навор дасту пои онҳоро баста, ба тарошидани мӯи сарашон мепардозанд. Аз он қабл дар як навори видеоии зоҳиран дар Русия сабтшуда гурӯҳи ҷавонони қирғиз як зан аз Қирғизистонро барои он "истинтоқ" мекарданд, ки бо мардони тоҷик хуфтухез кардаанд. Дар поёни он навор низ сари он занро тарошида буданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанд мавриди тарошидани мӯи занони ҷангиёни кушташудаи мухолифин бо гумони "бадгардӣ" аз тарафи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба "Раҳмон -Гитлер", фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар минтақаи Теппаи Самарқандӣ дар канори Душанбе мушоҳида шуда буд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, раҳбарони яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Екатеринбурги Русия низ чанд сол пеш мӯи сари чанд зани тоҷики муттаҳам ба "бероҳагардӣ"-ро тарошида, онҳоро ба Тоҷикистон пас фиристода буданд.

Дар соли 2008 ду ҷавон аз ноҳияи Ваҳдат бо ҷурми тарошидани мӯи сар ва таҳқиру озори як зани ҷавон бо гумони танфурӯшӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Гуфта мешуд, ин ду ҷавон ба далоили мазҳабӣ зани танфурӯшеро аз минтақаи "Садбарг" ба теппаҳои пушти кӯчаи Қаротегин, дар канораҳои шарқии Душанбе бурда, чунин "ҷазо" додаанд ва тани урён сар додаанд.

Тарошидани мӯи зан дар фарҳанги мардуми Шарқ як муҷозоти хеле сахт ба ҳисоб рафта, занро дар байни мардум умрбод шарманда мекунад. Аммо дар навори охире, ки нашр шуд, бори аввал бо чунин шева як марди гумонбар ба ҳамҷинсгароиро чунин “ҷазо” медиҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi