16:22:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сӯзонда шудани боз се манзили тоҷикон дар Сариоғоч

Тоҷикони муқими Сариоғоч мегӯянд, шаби гузашта боз се манзили онҳо оташ зада шуд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот нерӯи бештареро вориди Сариоғоч кардаанд, то вазъро таҳти назорат дошта бошанд. Бо вуҷуди он ки мақомоти Қазоқистони Ҷанубӣ мегӯянд, вазъ дар Сариоғоч таҳти назорат дароварда шудааст, аммо сокинон аз оташ зада шудани боз 3 манзил дар маҳалли тоҷикнишини ин минтақа хабар медиҳанд.

sarioghoch_65656565.jpgМухлис, яке аз сокинони Сариоғоч, рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо мо гуфт, “шаби шанбе 3 хонаи дигари тоҷикони муқими ин ҷо оташ зада шуд. Ҳозир нерӯи зиёд овардаанд, то вазъро назорат кунанд. То ҳозир зиёда аз бист хона ва беш аз бист мошин оташ зада шудааст.”

Мусоҳиби мо аз Сариоғоч афзуд, ҳоло кӯдакону занонро ба шаҳрҳои бузургтар, аз ҷумла Чимкенту Қарағанда ва Алмаато ва, инчунин, Узбакистон фиристодаанд. Ба қавли ӯ, 12 дақиқа қабл аз шурӯи ҳамла болои маҳалли тоҷикнишини Сариоғоч дастрасӣ ба хадамоти мобилу интернет қатъ шуда буд ва то кунун ин мушкил вуҷуд дорад. Ӯ афзуд, “ҳанӯз ҳам дастрасии пурра ба хадамоти мобилу интернет надорем.”

ОҒОЗИ БЕТАРТИБИҲО

Бетартибиҳо дар Сариоғочи Қазоқистони Ҷанубӣ замоне шурӯъ гардид, ки гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Интимоқ ба манзили сокинони Бӯстондиқҳамла карданд. Сабаб он шудааст, ки шаби 4 феврал дар наздикии Бӯстондиқҷасади сокини Интимоқ - Ортиқови 30-сола пайдо шудааст. Ортиқов, ки корманди Кумитаи андоз ва ҳамзамон сокибкор будааст, барои ситондани ҳаққи иҷораи гармхонаи худ ба манзили Норматов омада, бо корд ба ӯ таҳдид кардааст ва дар ҷараёни занозанӣ бо ҳамин корд ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти ноҳияи Сариоғочи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ мегӯянд, баъд аз моҷароҳои ду рӯзи ахир Норматовро, ки дар куштори Ортиқов гумонбар дониста мешавад, дар қаламрави Узбакистон боздошт карда, сипас ба Қазоқистон овардаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти давлатии Қазоқистон талош доштанд, вазъро ором кунанд, наздикони Ортиқов ва бархе аз сарони маҳаллаҳои қазоқнишин ба воқеа тобиши миллӣ дода, гуфтанд, то замоне ки қотил дастгир нашавад, ҳамларо ба манзил ва муассисаҳои тоҷиктаборон идома хоҳанд дод.

ҲАМЛАИҶАВОНОНИ ҚАЗОҚ

Барои пешгирӣ аз даргириҳои нав нерӯҳои иловагии пулис ба минтақа низ фиристода шудаанд. Раиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ба ин ҷо сафар кард ва барои барқарор кардани оромию субот як кумиссюн таъсис ёфтааст. Сокинони Бӯстондиқ мегӯянд, чандин манзил ва мошини онҳо сӯзонда шуда, як қисми мактаби ба номи Бобоҷон Ғафуров ва боғчаи бачагони деҳа тахриб шудаанд.

Сокини ин деҳа Анвар Мирраийпов рӯзи 6-уми январ ба мо гуфт, "аксари сокинони тоҷиктабори деҳа бар инанд, ки агар як тоҷик як қазоқро кушта бошад, бояд аз тарафи полис боздошт шавад. Аммо ҳатто ҳанӯз таҳқиқи ҷиноӣ нишон надодааст, ки корманди Кумитаи андози Қазоқистон Бахит Ортиқов, ки гармхонаи худро ба шаҳрванди тоҷиктабор Наҷмиддин Норматов иҷора додааст, маҳз аз тарафи Норматов кушта шудааст. Вале агар исбот ҳам шавад, набояд барои ҷинояти як нафар 15 ҳазор тоҷиктабори ин ҷо ҳадафи латукӯб қарор гиранд."

"ЯКДИГАРНОФАҲМӢ"?

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ин вилоят, дар ҷамоати Жартюбе байни тоҷикон ва қазоқҳои сокини ин минтақа «ҳамдигарнофаҳмӣ» рӯй дод ва танҳо пас аз дахолати пулис вазъият ором карда шуд. Аммо ҳокими ноҳияи Сариоғоч Букарбай Парманов дар гуфтугӯи телефонӣ бо Бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабари сар задани нооромиҳоро дар ин минтақа рад кард.

Лекин Ҳабибуллоҳ Мирзоев, сокини тоҷиктабори деҳа мегӯяд, вазъ ҳамоно таҳдидомез аст ва эҳимоли ҳамлаи дигарбора ба манзили тоҷиктаборон вуҷуд дорад. Вай меафзояд, дар ин ҳамла аксаран қазоқҳое ширкат мекунанд, ки аз ноҳия ва вилоятҳои дигар ба ин ҷо омадаанд. Гуфта мешавад, чанд нафар аз тоҷиктаборон, аз ҷумла як духтарчаи хурдсол бенишон шудаанд.

Чандин нафар аз корбарони шабакаи YouТube чанд навори видеоро дар ин шабака нашр карданд, ки дар онҳо чанд нафари калтакбадаст ва хонаву мошинҳои оташгирифта ба назар мерасанд. Ҷои дақиқи наворгирии ин саҳнаҳо маълум нест, аммо гуфта мешавад, ин Сариоғоч аст. Торнамои Фарғона.ру мегӯяд, ин аввалин мавриди муҷозоти худсарона нест. Охири моҳи августи соли 2014 гурӯҳи ҷавонон аз деҳаи Мадании ноҳияи Сайрам ба хонаҳои сокинони деҳаи Қарамуруд ҳамла карданд. Баҳонаи онҳо ин буд, ки сокинони Қарамуруд пули дӯкондорони Маданиро надодаанд. Ҷанҷоли лафзӣзуд ба занозанӣ печид ва ба он афроди зиёд ҳамроҳ гаштанд. Дар натиҷа чанд нафар захмӣ ва зиёда аз 15 мошин сӯзонда шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi