22:41:10 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Назари мардум ба қазияи "Шайх Темур"

Қазияи "Шайх Темур" ва даъвои "авлиёгӣ"-ву "пайғомбарӣ"-и ӯ баҳсҳои хеле гарме дар Интернет ва дар ҷомиаи Тоҷикистон ба по кардааст.

shaykh-temur_8564454512.jpgМоҷарои Саидмаҳдихон Сатторов, ё “Шайх Темур”, рӯҳоние аз водии Ҳисор, ки бино ба иддаои муаллифони филми мустанади “Ривояти “Шайх Темур”, худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва ҳатто “Пайғомбари охируззамон” эълон кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба по карда, дар тамоми маъракаҳову сӯҳбатҳо дар Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои аввали вирди забони мардум шудааст.

Хонандагони мо дар баҳси ин моҷаро чанддаста шудаанд. Гурӯҳе мӯътақид аст, ки ин қазия чун дигар видеоҳои алайҳи рӯҳониён сохтани мақомоти амниятиву интизомист, ки мехоҳанд бо ин роҳҳо Исломро бадном карда ва нақшашро дар ҷомиа пойин бибаранд. Гурӯҳе “Шайх Темур”-у муридонаш ва дигар рӯҳониёни мисли ӯро ба боди интиқод мекашанд, ки аз бесаводию гумроҳии мардуми авом ба сӯди худ сӯиистифода мекунанд. Гурӯҳе ҳам мақомоти давлатиро мазаммат кардаанд, ки дар вақташ масҷиду мадарасаҳоро бастанду рӯҳониёни мӯътабарро аз минбар дур карданд ва ҳоло меваҳои сиёсати динситезии худро дар мисоли чунин “Шайх Темур”-ҳо чашида истодаанд.

Як гурӯҳи дигар аммо аз сатҳи бесаводиву гумроҳии  худи мардум ба даҳшат афтодаанд, ки барои мисол, чӣ гуна дар асри 21 як нафар метавонад оби  ифлоси бозмонда аз таҳорати як мӯсафеди гӯё “авлиё”-ро барои “савоб” бинӯшад? Ваё бо кадом ақл духтар ё набераи ноболиғашро ба ин пири 65-сола “тортуқ”, яъне ҳадя мекунад?

Саҳнасозӣ ё воқеъият?

Хонандае бо номи Дилбин мӯътақид аст, ки ин филми мустанад сохтаи мақомот аст. Ба боварии ӯ, “баъд аз он ки ба дасти ин кормандони амният афтод, куштани Ленинро ҳам ба калла мегирад. Метарсам, ки ба сари ин рӯҳонии бечора наборидани барфи зиёдро низ бор накунанд. Аз дасташон меояд! Хеле саҳначаи дурӯғини ба ин домулло монандро сохтаанд. Аҳсан! Шумо бояд коргардони театри Лоҳутӣ  шуда кор кунед, ваё ягон балоя нақш офарида наметавонанд. Ку як ёрдамашон кунед...”

“Бенишон аз: Ломакон” низ бо “Дилбин” ҳамфикр аст ва ин қазияро “тӯҳмат” меҳисобад: “Ин одамро тамоми Тоҷикистон мешиносад. Ин ки даъвои Пайғамбарӣ дораду худро Эмом Маъдӣ меҳисобад, ин тӯҳмати маҳз аст. Дигар ин ки 8 зана буданаш ё кадом зане ба назди ӯ меравад, аввал ӯро ба никоҳи худ медарорад, инҳо ҳам тӯҳмати маҳз аст. Аввал хело ҷустуҷӯяш кардед, чун хостед, ки мисли дигар "муллоҳо" ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ дароредаш, чун муваффақ нашуден, ин тӯҳматҳоро ба пояш печонидед !!!!!”

Бисёриҳо мегӯянд, гӯё даъвои "пайғомбарӣ" кардани "Шайх" собитношуда монд. Аммо Абдуллоҳ ном хонандаи мо мегӯяд, “Ин шайх ҳақиқатан ҳам аз рӯи нақли бародароне, ки ӯро дидаанд ва ҳатто муридони ӯ хулоса кардан мумкин аст, ки хурофотгаре беш нест. Ин ки дар наздаш таъзим мекунанд, дасташро мебӯсанд, ҳатто мошинашро мебӯсанд ва ғайра, ки ба ягон қонуни Ислом ва шариати Расулуллоҳ рост намеояд. Амалҳои ӯ монанди амалҳои коҳинони маъбад, ки дар асрҳои пеш аз мусалмонон буданд, бисёр шабоҳат дорад.“

Навбати "дуогирон" аз "Шайх"

Эшон ном хонанда ин суолро гузоштааст, ки чаро аз муридони мансабдори “Шайх Темур”, ки ҳар сари чанд вақт пешаш “дуогирӣ” мерафтанд, чизе нагуфтанд? Ӯ менависад, “Чанд тан аз вазирон низ ба побус (на дастбӯс)-и ин Шайх мерафтанд. Онҳоро чаро нишон намедиҳад ТВТ??? Ин вазирон маошашонро ҷамъ карда, ба Шайх мебурдаанд, ки гӯё пули ҳалол аст. Акнун пурсида мешавад, ки пули ҳаромро худашон ва зану кӯдаконашон мехӯрдаанд???

Шоҳин аз Кӯлоб  бо алам  изҳори назар мекунад, ки “Дар ҳақиқат аксарияти мардуми мо одампарастанд на худопараст, ин таъзимкуниро напурс, як хелаш дасташ пеши бар, сараш қариб, ки дар замин мерасад, хоҳ дар пеши мулло бошад, хоҳ дар пеши мансабдор. Ҳазрати пайғамбар, масҷид медарояд, саҳобагон аз ҷояшон мехезанд ва ҳазрат таъкид кард, ки дигар бар омадани ман ҳеч гоҳ нахезед, дар зикр бошед, манам мисли шумо одамам...”

Ба назари Mirasil аз: TJK, “Бовар кунед ҳамин мардум гумроҳ шудагӣ! О кадом одами бо ақл дидаву дониста ҳамин чизоба бовар мекунад! Қапед, махкам кунед, ин хели муллоҳову шайхҳои охирзамона )))))”

Вале Ali назари дигар дорад: “Боз туҳматҳо нисбати шайхҳо сар шуд. Ба ана ҳаминхел пас туҳматҳо мехоҳанд як қишри ҷомиьаро паст зананду боварию эҳтироми мардумро коста кунанд, то мардум ба онҳо ихлосу эҳтиром надошта бошад. Вале ин равиш оқибати хуб надорад. Ба фикрам бас будагист, ин қадар туҳматҳову сохтакориҳои бе поя!!!”

5 метр “макони файзу баракат” дар хонаи “Шайх”

Хонандаи дигар бо номи Лео Месси аммо менависад, “ман хонаи ҳамин шайх рафта будам, дар деҳаи Пашми кӯҳнаи Ҳисор. Бо чашмҳои сарамон дидем, ки шайхро пойҳояшро мебӯсанд. Шайхт Темур ҳатто гуфт, ки намози ҷумъа аз сарои ман соқит аст, барои ман намози ҷумъа рафтан фарз нест. Дар ҳавлиаш то 5 метрро хат кашидагӣ аст, касе ҳамонҷо рост ибистад, файзу баракат меёбад. Онҷоро “макони файзу баракат” меноманд.”

Ҳақбин аз Шаҳринав низ хотираҳои худро аз дидор бо “Шайх Темур” ба хонандагони дигари моқисса кардааст: “Банда "Шайх Темур"-ро дидаам, ки аз бесаводӣ ё гумроҳии мардум истифода бурда, хатто дар маъракае шоҳид будам, оби дастони ӯро ки даст мешуст муридонаш бо навбат истода менӯшиданд. Хонае, ки ӯ менишаст, ҳамаи косаву табақу наълиҳоро пеш аз омаданаш бо дархости муридонаш нав мекарданд ва пас аз рафтанаш дастархонро бо ҳама нозу неъматаш ҷамъ карда, муридонаш бо худ мебурданд. Агар ӯ олим, шайх, авлиё ва ё бузурги дигаре бошад, чаро мардумро аз нӯшидани оби дастшустаи худ, оби мустаҳаб ва бӯсидани пойу дастонаш боз намедорад. Ин амалҳо дар динни мубини Ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ қабул нест. Аз суханони Темурхон, ки баъдан номашро барои шуҳраташ боло шудан Эмом Маҳдӣ эълон кард ,маълум буд, ки саводи кофии динӣ надорад ва бештари амалҳои ӯ ғайришариатӣ мебошад. Чизи асосӣ он аст, ки чун дар деҳаи Асбоби ш.Турсунзода иқомат дорад ва масҷиди панҷвақтаи деҳа, ки аз хонааш 50 метр дуртар аст, намозро он ҷо анҷом намедиҳад ва боре ҳам ба намози ҷумъа намеравад....сухан зиёд аст, вале "Шунидан кай бувад монанди дидан".

"Эй миллати сода!"

Сино аз: Кӯлоб  аз бесаводии мардуми тоҷик гила кардааст, ки чунин зудбоварона ба доми фиреби ҳар навъ “шайх”-у “ношайх” меуфтанд: “Мардуми соддаи тоҷикро як мусафед фаҳмидааст, ки зудбоваранд истифода кардааст. Эй миллати сода, наход нафаҳмед, чӣ хел ӯ пайғомбар аст, ки аз китоби паёмбари охирини башарият Муҳаммад (с) истифода мекард, китоби ин ''паёмбар'' куҷост???”

Ҷомӣ аз Восеъ ба онҳое, ки ин наворро сохтаи мақомот ва тӯҳмат меноманд, чунин навиштааст:  “Наход, ки инсон одами олимро аз ҷоҳил фарқ накунад, ин Шайх Темур, як ҷоҳил ва мунофиқест, ки дар либоси исломӣ даромада, аз надонистани мардуми худ беш аз ҳад истифода кардааст. Бубинед, боз як муриди бесаводаш шарм накарда мегӯяд, ки амниятиҳо онҳоро маҷбур карданд!!! Ман ҳайронам, оё шуморо кормандони кумитаи амният маҷбур сохт, ки мошин ва балони мошинро бӯса кунед? Оё кормандони кумита шуморо маҷбур кард, ки таьзим кунон аз назди шайхи ҷоҳилатон бароед? Оё дар ислом ба ғайри Аллоҳ таьзим кардан ба касе дигар куфр нест? Оё кормандони кумитаи Амният шуморо маҷбур сохт, ки духтари ба синни шавҳар норасидаро ба касе диҳед, ки аз худаш зиёда аз 50 сол калонтар аст?”

Ва дар поёни ин хулосаи назарҳо чанд пора аз назариёти Завқибеки Маҳмадаминӣ, хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони давлатиро меорем, ки дар шабакаи Фейсбук изҳор кардааст:

«ОДАМПАРАСТ ТО БА КАЙ????

Ҳамон гунае, ки дидем, ҳоло чанд хатиби ин минтақа гирдиҳам ҷамъ омада, амалҳои ин "шайхак"-ро дар рӯяш маҳкум мекарданд! Директори мактаби деҳаи ин "шайх" мегуфт, ки ӯ намегузоштанд фарзандонаш ба мактаб раванд!

Акнун суоли ман ин аст, ки то ин вақт ин хатибоне, ки ҳоло булбулаконашон дар хондан буд, куҷо буданд?????

Магар намедонистанд, ки "шайхаке" дар минтақаашон аз худ "авлиёву пайғомбар" сохтаасту инсонҳо алакай ба ӯ саҷда мекунанд????

Дар деҳаи мо чанд соли пеш як нафар камбағалро танхо барои он ки як фарзандашро ба мактаб рафтан намемондааст, қариб суд мекарданд! Вале куҷо буданд то ин дам масъулини ҳукуматҳои Турсунзодаву Ҳисору Шаҳринав ва мақомоти тафтишотии маҳаллӣ, ки ин ҳамаро нодида гирифтанд? Ё шояд онҳо ҳам алакай муридони ин "шайх" гашта буданд????

Ман ҳамеша зидди тӯҳмату сиёҳ кардани муллоҳо будам ва ҳастам! Вале дар мавриди ин "шайх" мегӯям, дасти барномасозон дард накунад! Онҳо кореро карданд, ки бояд масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти қудратии маҳал, хатибони масоҷиди маҳал (ки ҳоло булбул шудаанду забон бароварданд) ва мардуми маҳалли истиқомати "Шайх Темур" мекарданд!!!!»

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi