АЛЕКСЕЙ АВҒОНОВ: «ПИЁДА БА ҲАҶ МЕРАВАМ»
Шаҳрванди 70-солаи Тоҷикистон Алексей Авғонов, ки дар Русия зиндагӣ мекард, 5 ҳазор километр роҳро тай карда, пиёда аз Рязани то Душанбе омад. Ӯ давоми шаш моҳ дар роҳ буд ва мегӯяд, ки вақте аз Москав берун мешудам, 104-килограмм вазн доштам, ҳоло ҳамагӣ 87-килограмм. Алексей афзуд ин сафари худро ба 65- солагии Ҷашни Ғалаба ва 19 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшидааст.

Ӯ орзу дорад баъди ду соли дигар боз пиёда ба сафар барояд. Фарзанди волидайне, ки яке мусулмон ва дигарӣ насронӣ ҳастанд, ҳамакнун мехоҳад ба Макка ва Байтулмуқаддас сафар карда, дар ҳаққи ҳама мусулмонону насрониҳои дунё дар мавзеъҳои муқаддас дуо бикунад.
Муродов Баҳманёр, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3099---l---r.html