23:55:14 23-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе Сиёсат 08.05.2025 15:28 395
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқоти сафир бо вазири авиатсияи граждании Миср Хабар 08.05.2025 15:26 150
6 майи соли 2025 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо вазири авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Сомеҳ Ҳефнӣ доир шуд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ҷумҳурии Корея Хабар 08.05.2025 15:25 146
7 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шикро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон Хабар 08.05.2025 15:24 138
7 майи соли 2025 дар Теҳрон мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Муҳаммадалӣ Фатҳалӣ баргузор гардид.
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз! Таърих 08.05.2025 09:39 442
Имрӯз санаи таърихиест, ки ҳамаи мо онро ҳамчун рӯзи ёдбуди онҳое, ки барои ояндаи мо мубориза бурдаанд ва ҷони худро қурбон кардаанд, қайд менамоем. Ин рӯз аз ифтихор, эҳтиром ва миннатдорӣ нисбат ба қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ лабрез аст.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба Сиёсат 08.05.2025 09:32 214
Ҳамватанони азиз! Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон! Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.
Аввалин Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид Иқтисод 08.05.2025 00:24 265
7 майи соли 2025 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чон Сун Сик аввалин ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Имзои Протоколи Ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон Иқтисод 08.05.2025 00:22 209
Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми сармоягузориву соҳибкории ду кишвар баргузор гардид.
Эълони бақайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ Хабар 08.05.2025 00:21 151
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4-5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, эълон мекунад.