Мулоқоти сафир бо вазири авиатсияи граждании Миср
6 майи соли 2025 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо вазири авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Сомеҳ Ҳефнӣ доир шуд.
Ҷонибҳо роҳандозии парвози мустақими ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Мисрро дар рӯзҳои наздик нишонаи тамоюли ду кишвар ба густариши робитаҳо дониста, масоили марбут ба рушди соҳаи авиатсия ва сайёҳиро байни Тоҷикистону Миср баррасӣ намуданд.