Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон
7 майи соли 2025 дар Теҳрон мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Муҳаммадалӣ Фатҳалӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот равобити дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо бар зарурати идомаи машваратҳои ду кишвари дӯст таъкид карданд.