04:40:48 24-уми Июни 2025 сол

Имзои Протоколи Ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон

Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми сармоягузориву соҳибкории ду кишвар баргузор гардид.

2 imzoi protokol 45988774545Дар маросими ифтитоҳи форум вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа баромад намуда, барои пазироии гарму самимӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба ҷониби эронӣ изҳори сипос кард.

Вазири энергетика ва захираҳои об иброз дошт, ки бо талошҳои сарварон давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ҳамкорӣ миёни ду кишвари баҳам дӯсту бародар рушду тавсеа меёбанд.

Таъкид гардид, ки доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон имконият доранд, бо истифода аз имтиёзҳо ва шароити мусоиди ҳуқуқиву иқтисодии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мутақобилан судманд ва созандаро бо ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва хусусии кишвар ба роҳ монда, ҳамчун шарикони боэътимоди рушд дар самтҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмон ва технологияҳои муосир саҳмгузор бошанд.

Дар доираи Форум сармоягузориву соҳибкорӣ боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Неругоҳи барқии «Ҳофиз» ва Гурӯҳи ширкатҳои саноатии «Fateh Industry Holding Co.» ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзи дуюми ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маросими баимзорасонии Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи сурат гирифт.

Протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии Комиссия Далер Ҷумъа ва  вазири неруи  Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси қисмати эронии Комиссия Аббос Алиободӣ ба имзо расонданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори Комиссия роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси кумитаҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои пайгирии тавофуқоти бадастомада ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ гардид.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ