05:27:01 24-уми Июни 2025 сол

Эълони бақайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4-5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, эълон мекунад.

1 eloni baqaydgiri 542154788Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии ҷаласаи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-83-95, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) муроҷиат карда, маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;

2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;

3. Акс 3х4 (қолаби JPEG);

4. Телефон ва суроғаи почтаи электронӣ.

Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 16:00, 27 майи соли 2025 қабул мегардад.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ