04:36:01 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

РУСИЯ АЗ ХУШУНАТҲОИ БАДАХШОН НИГАРОН АСТ Хабар 25.07.2012 22:26 1086
Русия дар робита бо рӯйдодҳои ахири Бадахшон изҳори назар кард. Русия мегӯяд, ки “бо нигаронӣ” аз таҳаввулоти ахири вилояти Бадахшони Кӯҳӣ мушоҳида мекунад ва аз хушунатҳо нисбати намояндагони давлат, ки боис ба баргузории амалиёти махсус дар минтақаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст.
МУРОҶИАТИ БАДАХШОНИЁНИ РУСИЯ ВА ҚИРҒИЗИСТОН БА ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН Хабар 25.07.2012 22:22 1061
Гурӯҳи бадахшониёни Русия ва Қирғизистон дар робита ба таҳаввулоти Хоруғ нигаронии худро баён карданд.
ДАР ХОРУҒ ОТАШБАС ЭЪЛОН ШУДААСТ Хабар 25.07.2012 13:29 1228
Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Бадахшон президент Эмомалӣ Раҳмон хабар додааст.Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим имрӯз дар муроҷиат ба сокинони вилоят гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонӣ президент Эмомалӣ Раҳмон ...
ВОКУНИШҲО БА ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН Сиёсат 25.07.2012 13:27 1173
Вокуниши аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ ба ҳодисаҳои чанд рӯзи ахир дар Бадахшон. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни баррасии вазъи кишвар, ҳодисаи куштори генрали Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон Абдулло Назаровро маҳкум кард.
БАЁНИЯИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН Сиёсат 25.07.2012 10:41 1249
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти феълии кишварро дар ҷаласаи худ аз 24 июли 2012 мавриди баррасӣ қарор дода, куштори генерал Абдуллоҳ Назаров, сардори раёсати амнияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум менамояд ...
КУШТА ШУДАНИ ҲАФТ СОКИНИ ХОРУҒ Иҷтимоъ 25.07.2012 10:38 1165
Бар асари тири нишонзанҳо субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳафт сокин, аз ҷумла чаҳор кӯдак, ду мард ва як зан кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи Хлебзавод - маркази шаҳри Хоруғ рух додаст.Хабарнигори мо мегӯяд, бо он ки вазъ аз субҳ нисбатан ором ...
АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛ: МАЗНУН БА ҚАТЛИ ПАЙВАНДИ РАҲМОН ШИКАНҶА МЕШАВАД Иҷтимоъ 25.07.2012 10:35 1098
Созмони Афви Байналмилал аз созмонҳои муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе гуфтааст марди 45 солае, ки ба занни қатли шавҳари хоҳари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи 13 июл боздошт шуда буд ...
ВУД ВА КДАМ: ДАР АМАЛИЁТИ МАХСУСИ ХОРУҒ 42 НАФАР КУШТА ШУДАНД Иҷтимоъ 24.07.2012 22:27 1500
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, дар ҷараёни амалиёти махсуси Хоруғ 42 нафар, аз ҷумла 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ...
БОЗДОШТИ БОЗ ЯК МАҚОМИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ФАСОД Хабар 24.07.2012 22:26 1063
Вазорати кишвари Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод раиси бахши кумитаи замин дар ин ноҳия боздошт шудааст.
НАХУСТИН ЗАХМИҲО БА ДУШАНБЕ ИНТИҚОЛ ДОДА ШУДАНД Иҷтимоъ 24.07.2012 18:32 1197
Бино ба иттилои як манбаъ дар вазорати умури дохилӣ, нимаи дуввуми рӯзи сешанбе тавасути чархбол аз Хоруғ ҳудуди 8 корманди ВУД ва КДАМ ба пойтахт интиқол дода шуданд. Ин манбаъ вазъи ду тан аз ин захмиёнро вазнин арзёбӣ кард.