РУСИЯ АЗ ХУШУНАТҲОИ БАДАХШОН НИГАРОН АСТ
Русия дар робита бо рӯйдодҳои ахири Бадахшон изҳори назар кард. Русия мегӯяд, ки “бо нигаронӣ” аз таҳаввулоти ахири вилояти Бадахшони Кӯҳӣ мушоҳида мекунад ва аз хушунатҳо нисбати намояндагони давлат, ки боис ба баргузории амалиёти махсус дар минтақаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст.
Бо пахши ин изҳорот, Департаменти иттилоот ва матбути Вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки умедвор аст, раҳбарияти “кишвари дӯсти Тоҷикистон” метавонад вазъиятро таҳти назар бигирад ва ҳукумати қонунро таъмин кунад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки сафорати Русия дар Душанбе дар тамоси пайваста бо сохторҳои дахлдор қарор дорад. Инчунин изҳори умедворӣ мешавад, ки дар сурати зарурӣ, ҳкумати Тоҷикистон дар амри таъмини амнияти шаҳрвандони Русия, ки дар маҳалли амалиёти вижа қарор доранд, талош ба харҷ медиҳад.
«Озодӣ»