18:45:39 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВОКУНИШҲО БА ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН

Вокуниши аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ ба ҳодисаҳои чанд рӯзи ахир дар Бадахшон. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни баррасии вазъи кишвар, ҳодисаи куштори генрали Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон Абдулло Назаровро маҳкум кард.

/images/stories/2012/07/25_kuhsor-250712.jpgИн аст, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ хостори ба муҷозот кашондани омилони қатли генерал шудааст. Дар изҳороти ин шӯро омадааст, ки сохторҳои ҳукуматиро лозим аст, то барои ҳалли мушкилоти мавҷуд ва ошкор кардани омилони куштор аз нерӯи ҷомеаи маданӣ ва шахсиятҳои саршиноси минтақа истифода кунад.

Ҳамзамон Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват ба амал овардааст, то амалиёти низомӣ қатъ ва роҳҳои бозгашт ба ҳаёти осишта ҷустуҷӯ гардад. Ба хусус Шӯрои сиёсии ҲНИТ музокироти ҷонибҳоро василаи муҳими ҳалли мушкил пешниҳод кардааст. Ҳамзамон ҲНИТ аз аъзо ва тарафдоронаш хостааст, то дар ин вазъият кӯшиш кунанд, то назму қавонинро риоят намоянд.

Аммо Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, баргузории амалиёти неруҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткор дар Бадахшон ба хотири таъмини амнияти кишвар аст. Вай мегӯяд, дар ҷомеаи демократӣ, вақте хатари гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба амнияти кишвар вуҷуд дорад, ҳукумат бояд ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмади номатлуби он бояд чора биандешад.

​​Аз сӯи дигар Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, куштори генерали ботаҷрибаи КДАМ Абдулло Назаров ҳодисаи ночизе нест.  Вай як фарди ҳирфаӣ ва таъминкунандаи амнияти мардум буд. Ба ин далел амалиёте, ки алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткор рӯи даст гирифта шуд, бояд, омилону гунаҳкорони аслии қазияи куштори генарл Абдулло Назаровро ошкор ва мавриди муҷозот қарор диҳад.

Ҳамзамон вай хостори он аст, ки баргузории ин амалиёт битавонад, ба ҳаёти осиштаи мардум халал нарасонад ва мардум дар навбати худ бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории созанда дошта бошад, то ҳар чӣ зудтар дастандаркорони куштори генерал Абдулло Назаров боздошт ва дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Шоираи тоҷик Гулрухсор Сафиева нохушнудии худро аз нооромиҳои Хоруғ баён дошта гуфт, ин ҳодисаеро, ки ба куштори одамон харобии ин шаҳр овардааст, маҳкум мекунад.

Гулрухсор Сафиева мегӯяд, ки "Ҳар ҳодиса ва ҷанг заминаву сабаб дорад, он норозигӣ аст, тамаъ аст ки ихтилофро ба вуҷуд меорад, ки рафта-рафта ба тиру туфанг меорад. Ҳеҷ аз воқеият дур намедонам, ки дар ин нооромиҳо дасти бегона вуҷуд надошта бошад. Мо фаромӯш мекунем, ки мо тоҷикҳо дар ин уқёнуси бузурги ҷаҳон мисли моҳичаҳо астем ва ҳар лаҳза метавоанад моро фурӯ баранд. Ҳатман мудохилаи бегона дар ин воқеаҳо вуҷуд дорад. Бояд ҳарчӣ зудтар ба ин ҳодисаҳо поён дод ва нагузошт, ки дар ин сарзамин, захоири сангҳову дороиҳои зебо хароб гардад. Бовар кунед, ман дар хона нишастаам, аз бехабарӣ дилам танг шудааст. Мо ба ҷои ин, ки ин сарзамин зеборо ҳифз кунем, дар онҷо ба ҷанг роҳ медиҳем. Вақте, ки дар онҷо ҷанг шудааст, ҳар минае метаркад, дар дили ҳар модари бадахшонӣ метаркад."

​​Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик, дар сӯҳбат ба мо нооромиҳо дар Хоруғро маҳкум кард ва гуфт, ки мухолифи амри оғози амалиёт дар Бадахшон аст, сарфи назар аз ин, ки амрро кӣ додааст. Вай бар ин аст, ки ҳарчӣ зудтар ба ин норомиҳо поён дода шавад .

Ба қавли Мӯъмин Қаноат, ин ҳодиса барои Тоҷикистон бисёр хатарнок аст: "Бо ин ҳодиса мо нишон медиҳем, ки ҳеҷ салоҳият надорем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ гуна ба ин кишвар бовар мекунад. Ақалан ахлоқи миллӣ ва шахсиятҳои бузурги ин миллатро эҳтиром бояд гузошт."

Мӯъмин Қаноат, ки се дафъа вакили мардумӣ аз ҷониби мардуми Бадахшон интихоб шудааст ва бо ин минтақа хеле хуб ошност, дар идома гуфт: "Бадахшон саргаҳи манобеъи оби Тоҷикистон аст. Вақте ки соли об эълон карда мешавад ва ба ҷаҳониён Тоҷикистонро кишварҳи соҳиби захоири бузурги об нишон медиҳанд, чӣ гуна дар ин ҷо нооромиҳоро ба вуҷуд меоранд? Ман талаб мекунам, ки барои поён додани ин нооромиҳо афроди бонуфуз ва боёҳтиром ҷалб карда шавад. Бо силоҳу санг намешавад масъалаҳоро дар минтақа ҳал кард. Ман мухолифи содир шудани амре ҳастам, ки дар инҷо ин нооромиҳоро ба бор овардааст".

Дар ҳамин ҳол, Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз рӯзноманигорони кишвар даъват карданд, ки дар инъикоси амалиёти сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Хоруғ эҳтиёткор ва нозукбин бошанд ва ба овозаву хабарҳои беасос ва низоъангез такя накунанд.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ аз он изҳори ташвиш доранд, ки дар баъзе сомона ва блогҳои интернетӣ ба ҳаводиси ахири Бадахшон  тобиши сиёсиву динӣ дода шуда, дар ин миён баҳсҳои мазҳабиву маҳалгароӣ сар мезананд.

«Тоҷикистон Ватани ҳар яки мост ва Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири ин Ватан аст. Аз ин рӯ истифодаи забони хусумат ва низоъангез дар ин мавриди  мусибатбор ҳаргиз ҷоиз набуда, он метавонад боиси ташаннуҷи ҷамъиятӣ гардад» - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти муштараки шаш созмони рӯзноманигорӣ аз масдуд шудани сомонаи «Азия плюс» изҳори нигаронӣ шуда, амали Хадамоти алоқа «носавоб ва  кӯтоҳандешона» ва нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар дар дастрасӣ ба иттилоот арзёбӣ ва изҳори умедворӣ шудааст, ки қазияи мазкур ҳарчи зудтар ҳалли қонунии худро меёбад.

Изҳоротро раҳбарони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа-Алянси Тоҷикистон, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Индем» ва ТҶ «Ориёнмедиа» имзо кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi