05:05:01 01-уми Июни 2025 сол

Х. МУҲАББАТОВ: «БИРЛИК» ВА «ЭРК» САХТ ИШТИБОҲ КАРДААНД»

Ҳизбҳои опозитсионии Ӯзбекистон «Эрк» ва «Бирлик» гуфтаанд, ки мухолифи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии  Роғун ҳастанд ва изҳор доштаанд, ки маҳз сиёсати иштибоҳии Ислом Каримов Тоҷикистонро водор сохтааст, ки ин иншооти бузурги гидроэнергетикиро бунёд созад. Аз ҷумла,  раиси ҳизби «Эрк» Отаназар Орипов, ки аз мухолифони Ҳукумати Ӯзбекистон аст, гуфтааст, ки  шахсан зидди бунёди Роғун ҳаст ва аз пайомадҳои сохтмони ин нерӯгоҳҳои бузург барои муҳити зисти минтақа нигарон мебошад. 

 

-«Бояд зикр кард, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки айни ҳол бунёди он барои мардуми тоҷик ормони миллӣ гаштааст, тавозуни экологии минтақаро вобаста ба офатҳои фалокатбори баҳри Арал, ки аҳзоби сиёсии мухолифи ин кишвар ва Сарвазири Ӯзбекистон дар мактуби худ изҳор доштааст, халалдор намекунад», гуфт доктори илмҳои ҷуғрофӣ Холназар Муҳаббатов. Олими шинохтаи бахши экологияи тоҷик афзуд, ки мушкилоти Аралро ҳанӯз дар соли 1930 яке аз ҷуғрофиёдони барҷаста - Берн арзёбӣ карда буд.

 

Солҳои 30-юм баъди таҳлили  вазъи оби дарёи Омӯ олим Берн чунин пешгӯи карда буд, ки солҳои наздик бо чунин тарз, яъне ғайриоқилона истифодабарии захираҳои обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  боиси таъсири  манфӣ ба баҳри Арал мегардад. Донишманди тоҷик меафзояд, ки мушкилоти асосии баҳри Арал ҳанӯз аз солҳои 60 –уми қарни 20 пайдо шудааст. Аҳолии Осиёи Марказӣ аввали солҳои 60-ум 21 миллион нафар буд ва захираҳои заминҳои обӣ ба 2, 7 миллион гектар мерасид.

 

Ҳоло бошад аҳолии давлатҳои Осиёи Марказӣ беш аз 60 миллион буда, майдони заминҳои обӣ 9 миллион гектарро ташкил медиҳанд. Олими тоҷик мегӯяд, ки заминҳои обӣ бештар дар қаламрави Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷойгир шудаанд. Аз ин рӯ, изҳороти Сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев асоси реалӣ надорад, меафзояд, Холназар Муҳаббатов. Олими тоҷик афзуд, ки дар давраи солҳои 60-70 ва 80-уми қарни гузашта дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон 300 кӯлҳои хурд ва калон пайдо шуданд.

 

Ин кӯлҳо дар натиҷаи дар заминҳои пахтазор ва шолизор бемаврид ва ғайриоқилона  истифодабарии об ба вуҷуд омадаанд. Яке аз калонтарин кӯлҳо  бо номи Ҳайдаркӯл-Арнасай мебошад, ки 3 ҳазору 500 километри мураббаъ масоҳат ва ҳаҷми обаш ба 40 километри мукааб баробар аст. Кӯли калони дигар,  кӯли Сариқамиш аст, ки он 4 ҳазор километри мураббаъ масоҳат  дошта, ҳаҷми обаш ба 46 километри мураббаъ мерасад.

 

Кӯли Сариқамиш дар қиёс бо оби кӯли Сарез се баробар зиёд аст меафзояд Х. Муҳаббатов. Таркиби оби ин кӯлҳо заҳролуд буда, намак дар таркиби  оби онҳо 0,7 то 10 граммро дар 1 литр ташкил медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки  вазъи экологии минтақаро на Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон ва Туркманистон вайрон кардаанд ва даъвоҳои Ӯзбекистон дар мавриди хатарафзо будани сохтмони НБО «Роғун» дар муҳити зисти минтақа асоси илмӣ ва экологӣ надорад.

 

Олими тоҷик афзуд, ки оби дарёи Вахш 27 % ҳавзаи дарёи Омӯро ташкил медиҳад ва НБО «Роғун», ки сохтмонаш аз 10 то 12 сол идома меёбад дар ин маврид Тоҷикистон танҳо 5 % оби дарёи Вахшро истифода мекунаду халос. Дар солҳои камобӣ оби дарёи Вахш аз 20 то 22 % кам мешавад.

 

Аз ин рӯ, сохтмони чунин иншооти бузурги обӣ ба мисли Роғун, ки барои мардуми тоҷик иншооти сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, барои ба низом овардани оби дарёи Вахш ва минбаъд дар солҳои хушксолӣ бо об таъмин кардани миллионҳо гектар заминҳои кишт дар кишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон  имкониятҳои фаровон ба вуҷуд меорад. Яъне, ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки  бо бунёди НБО «Роғун» кишварҳои поёноби минтақа, бахусус Ӯзбекистон бе об намемонад ва дар ин маврид бояд Ӯзбекистон хотирҷамъ бошад. Зеро сохтмони Роғун аз нигоҳи илмӣ экологӣ барои муҳити зисти минтақа ягон мушкилот ва пайомади хатарафзоро ба бор намеорад.

 

Бунёди НБО Роғун, ки имрӯзҳо барои мардуми тоҷик ба майдони  нангу номус, шарафу мардонагӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамрайъӣ табдил гардидааст, барои ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, қадами муборак аст.

 

Сохтмони ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ- НБО «Роғун»  ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикистониён мебошад. Зеро беш аз даҳ сол аст, ки мардуми тоҷик аз камчинии нерӯи барқ,  хусусан дар фасли зимистон танқисӣ мекашад ва ин раванд ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи иҷтимоии ҷомеа то андозае таъсир расонидааст.

 

Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Раҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, пеш аз ҳама ба амалӣ намудани ҳадафҳои миллию стратегӣ, рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва бо ҳусни тафоҳум дар доираи арзишҳои ҳамгироӣ ва дӯстиву бародарӣ муносибат кардан бо кишварҳои хориҷӣ  ва минтақа, бахусус бо Ӯзбекистон равона карда шудааст.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1747--lr-lr-r.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854