21:24:56 27-уми Июни 2026 сол

Хазина аз

Луғатшиноси маъруф дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт Адабиёт ва фарҳанг 09.08.2019 18:54 1198
Амон Нуров – яке аз донишмандони маъруф ва луғатшиноси варзида дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Мавсуф аз ҷумлаи пуркортарин олимони кишвар буд, ки беҳтарин луғатномаҳоро барои насли имрӯз таҳия кардааст.
Арафоти ишқбозон сари кӯйи ёр бошад, Дин ва ҷомеъа 09.08.2019 18:51 3800
Арафоти ишқбозон сари кӯйи ёр бошад, Ба тавофи Каъба з-ин дар наравам, ки ор бошад. Чу саре бар остонаш зи сари сафо ниҳодӣ, Ба Сафову Марва, эй дил, дигарат чи кор бошад? Қадаме зи худ бурун неҳ ба риёзи ишқ, к-инҷо, На садои нафҳаи гул, на ҷафои хор бошад.
Ифтитоҳи Осорхонаи Восеъ дар мавзеи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг Хабар 09.08.2019 11:30 705
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Буҳрони Қирғизистон: Президенти собиқ боздошт шуд Равзана ба ҷахон 09.08.2019 11:27 811
Нерӯҳои амниятии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев-Раиси ҷумҳури пешини ин кишварро боздошт карданд. Дирӯз хабар дода мешуд, ки талоши боздошти президенти собиқ аз ҷониби қувваҳои амниятӣ ба нокомӣ анҷомид.
Эй қавми ба ҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед...? Дин ва ҷомеъа 09.08.2019 11:19 4794
“Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва ҳар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст». Оли Имрон, 97
Як маъмури нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар бархӯрд бо ҷонибдорони президенти собиқ кушта шуд Равзана ба ҷахон 08.08.2019 14:46 785
Нерӯҳои амниятии Қирғизистон барои боздошти президенти собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба маҳалли сукунати вай юриш бурданд. Ҷонибдорони Отамбоев, ки бо ин нерӯҳо даргир шудаанд, гуфтаанд, ки як маъмур ба зарби тир кушта шудааст.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2019» дар шаҳри Хоруғ Иқтисод 08.08.2019 14:43 3260
Форуми соҳибкорӣ ва сармоягузории «Помиринвест-2019», ки рӯзи 6-уми август дар шаҳри Хоруғ ба кор оғоз карда буд, намояндагони тиҷорату саноат аз манотиқи гуногуни кишвар ва 10 давлати дунёро гирди як миз ба баҳс кашидааст.
Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон Хабар 08.08.2019 14:39 679
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар Теҳрон бо Вазири нерӯи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Ризо Ардакониён мулоқот кардааст.
Падар, бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш… Султони қалбҳо дар ёди дӯстон 08.08.2019 01:52 1736
Салом падарам!Аз осмон чӣ хабар?Меҳмонии Худо тамом нашуд, ки баргардӣУмедворам онҷо ки ҳастӣ, ҳолат хуб аст. Инҷо ҳоли ҳамаи мо якранг шуда. Ғами нестии ҷуз дидани ҷойи холии шумо, ҷуз таҳаммули чашмони ғамгини модар, ҷуз диле, ки дигар бароямон дил намешавад, дар фироқат мондаем.
Сад захмиву 18 куштаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар пойтахти Афғонистон Равзана ба ҷахон 07.08.2019 17:53 863
Инфиҷори шадид ғарби пойтахти Афғонистонро такон дод. Дар ин таркиш бештар аз 100 нафар захмӣ шуданд. Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ шумори кушташудагон то кунун ба 18 нафар расидааст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки маводи мунфаҷира дар як автомобил ...