05:35:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Буҳрони Қирғизистон: Президенти собиқ боздошт шуд

Нерӯҳои амниятии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев-Раиси ҷумҳури пешини ин кишварро боздошт карданд. Дирӯз хабар дода мешуд, ки талоши боздошти президенти собиқ аз ҷониби қувваҳои амниятӣ ба нокомӣ анҷомид. Имрӯз иттило расид, ки шоми гузашта ӯро баъди боздошт ба Бишкек интиқол доданд.

kirgiz 1245451212Дар аввалин юриши нерӯҳои амниятӣ ба пойгоҳи Алмосбек Отамбоев як маъмур бо зарби тир кушта шуда буд. Дар як навори видеоӣ Алмосбек Отамбоев иқрор мешавад, ки ин маъмурро шахсан вай куштааст.

Бино ба гузориши дигар шаш сарбози асири нерӯҳои амниятӣ низ субҳи имрӯз озод карда шуданд.

Дар бораи ҷузъиёти боздошти президенти собиқи Қирғизистон иттилои дақиқ вуҷуд надорад. Бино ба гузориши “Новое время” Алмосбек Отамбоев худро таслим кард. “Сиёсатмадор худ аз хона баромад ва хешро таслими нерӯҳои амниятӣ кард. Ҳамзамон аз ҷонишини Вазири умури дохилӣ Кумар Асанов талаб кард, ки “метавонед маро парронед, вале ба бачаҳо даст нарасонед!” Дар ҳамин видео Асанов ваъда медиҳад, ки касе ба ҷонибдорони вай кор нахоҳад гирифт.

Ин манбаъ дар гузориши видеоӣ нишон дод, ки дар манзили президенти собиқ аввал 13 ва баъдан як автомат, ду туфангча бо тирдонҳои пур аз тир пайдо шудааст.

Алмосбек Отамбоев бо қарори додгоҳи ноҳияи Первомайск то 26-уми август ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ интиқол ёфт. Вакили мудофеаи вай Сергей Слесарев гуфтааст, ки президенти собиқ ба нақзи моддаи 319 “Коррупсия” гумонбар мешавад. ВКД Қирғизистон эълон кардааст, ки дар бораи боздошти президенти собиқ кааме баъдтар расман изҳори назар хоҳад кард.

Шаби гузашта дар Бишкек 40 нафарро барои беназмиҳо дар пойтахт боздошт карданд. Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки ин афрод бо истифода аз ноамнӣ мехостанд низоми пойтахтро хароб кунанд, даст ба озори мардум, бастани роҳи мошинҳову одамон мезаданд. Гирдиҳамомадагон аз ҷумла ҷонибдорони президенти собиқ талош мекарданд ба бинои парламон зада дароянд.

Дар ҳамин ҳол президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни суханронӣ дар иҷлоссияи ғайринавбатии Жогорку Кенеш дар бораи рӯйдоди ахир изҳори назар кард ва гуфт, ки ин муқовимати ду нафар нест. Нерӯҳое дар кишвар ва хориҷ аз он шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин муқовимати Жээнбеков ва Отамбев аст. Чунин нест, ин мубориза ба муқобили ҷиноятҳои содиршуда аст.

“Мутаассифона, дар таърихи кишвари мо чандин ҳодисае буда, ки вақте сиёсатм адорони варзидаву шинохтаи мамлакатро боздошт мекарданд, ҳамаи онҳо бо итоат аз қонун ба тафтишот ва ҷаласаи додгоҳ сари вақт ҳозир мешуданд. Аммо Отамбоев бо нигаронӣ аз беҳбудии худ ба даъвати муфаттиш посухи рад дод”,- гуфт сарвари Қирғизистон.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi