09:55:29 04-уми Июни 2025 сол

Як маъмури нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар бархӯрд бо ҷонибдорони президенти собиқ кушта шуд

Нерӯҳои амниятии Қирғизистон барои боздошти президенти собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба маҳалли сукунати вай юриш бурданд. Ҷонибдорони Отамбоев, ки бо ин нерӯҳо даргир шудаанд, гуфтаанд, ки як маъмур ба зарби тир кушта шудааст. Ахиран парламони Қирғизистон масунияти президенти собиқро лағв кард ва роҳҳоро барои боздошту муҷозоти вай ҳамвор намуд.

afrod 45545656Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки дастаи эъзомӣ танҳо бо тирҳои пластикӣ муҷаҳҳаз буд ва рӯзи чаҳоршанбе як амалияти вижаро ҷиҳати боздошти райиси ҷумҳури собиқ роҳандозӣ кард. Кумита ҳамчунин хабар додааст, ки ба муҷарради ба макони Отамбоев наздик шудани маъмурон ҷонибдорони президенти собиқ аз силоҳҳои оташфишон сӯяшон тирандозӣ кардаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз захмӣ шудани 36 нафар дар ин даргириҳо гузориш додааст. Дар баёнияи ин вазорат омадааст: “Як афсари нерӯҳои махсус, ки бар асари исбобати тир захмӣ шуда буд, дар шароити хеле вахим ба бемористон мунтақил шуд, вале бо вуҷуди талошҳои духтурон вай аз олам даргузашт”.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу тасвирҳои зиёде аз ҷараёни даргирии нерӯҳои вижа бо ҷонибдорони Отамбоев чоп шудааст. Дида мешавад, ки роҳҳои вурудӣ тавассути ҷонибдорони Отамбоев масдуд карда шудаанд ва нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли тақвияти худ мебошанд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854