09:56:33 04-уми Июни 2025 сол

Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар Теҳрон бо Вазири нерӯи Эрон ва  раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Ризо Ардакониён мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.

safiri-tj 546564655Дар хабар омадааст, ки рӯзи 5 августи 2019 дар Теҳрон  Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нерӯи Эрон ва  раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Ризо Ардакониён мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаи барқ ва об мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин зарурати ҳамкории ҷонибҳо дар анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” таъкид гардид.

Ҷонибҳо оид ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми қарибулвуқӯи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, аҳаммияти ҷаласаи мазкурро дар дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854