09:54:02 04-уми Июни 2025 сол

Сад захмиву 18 куштаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар пойтахти Афғонистон

Инфиҷори шадид ғарби пойтахти Афғонистонро такон дод. Дар ин таркиш бештар аз 100 нафар захмӣ шуданд. Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ шумори кушташудагон то кунун ба 18 нафар расидааст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки маводи мунфаҷира дар як автомобил ҷосозӣ шуда буд.

afganistan 54874554Ваҳидуллоҳи Моёр-сухангӯи Вазорати тандурустии Афғонистон дар саҳифаи худ дар Твиттер навиштааст, ки то кунун 95 захмии ин рӯйдод ба бемористонҳои шаҳри Кобул мунтақил шуданд. Ин манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки дар қатори захмиён занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Мардуми маҳаллӣ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки баъди инфиҷор аз гирду атроф садоҳои тирпарронӣ муддате ба гӯш мерасид.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба уҳда гирифтааст. Аммо ин гурӯҳ гуфтааст, ки мулкиёнро ҳадаф қарор надода буд, зеро ин минтақаи низомӣ буд ва барои аҳолии мулкӣ вуруд манъ аст.

Маврид ба ёдоварист, ки субҳи имрӯз дар ду вилояти дигар Афғонистон низ ин гуна таркишҳо рух дода буданд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854