18:49:24 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Шоме, ки дар Ватан ҳама ашк мерехтанд…

"Ман худамро хушбахттарин адиби тоҷик меҳисобам. Зеро нахустин шоири тоҷикам, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш нақшашро дар саҳнаи театр беҳтарин ҳунармандон офариданд ва худаш тамошогари он намоишнома будааст. Чунин ифтихор ва бахт ҳатто ба устодони сухан Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода муяссар нашудааст"- изҳор дошт Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик баъди хатми намоишномаи "Шабе дур аз Ватан"-и Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар як аз шомҳои ҳафтаи гузашта дар Душанбе.

shomi-bozor 2013

Рӯзи 25-уми июни соли 2013 бидуни эълон дар лавҳаи эълонҳо дар назди театр мардуми зиёде гирдиҳам омаданд. Қариб ҳама ҷамъшудагон дар ҷараён буданд, ки чанд лаҳза пас спектакли "Шабе дур аз Ватан" ба намоиш гузошта мешавад ва қаҳрамони асосии ин намоишнома устод Бозор Собир ба ҳайси тамошобин аввалин бор онро тамошо хоҳад кард. Дар ҳақиқат, рухдоди фарҳангии хеле нодир. Ва натанҳо фарҳангӣ.

"Аслан мо имрӯз ин намоишро бо хоҳиши худи устод Бозор Собир ва устод Нурмуҳаммад Табаров баргузор мекунем то онҳо бо дӯстони наздику пайвандонашон битавонанд намоишномаро дар як вазъияти оромтар ва доираи тангтар ба ҳузур тамошо кунанд ва ҳаловат бубаранд"- гуфт Толиб Бобоев, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, директории театри мазкур ба хабарнигори ҳафтаномаи "Рӯзгор". Аммо чи тавре ки мебинед мардуми зиёде аз ин тасмими мо огаҳ шудаанд ва ба тамошои ин спектакли дар ҳақиқат, диданӣ омадаанд, ки аз ин кор албатта мо низ хурсанд ҳастем".

"Воқеан, "Шабе дур аз Ватан"-ро режиссери бомаҳорати театр Мелик Нозимов ҳанӯз соли 2011 дар пояи ашъори ноби устод Бозор Собир рӯи саҳна овард ва худи ҳамон сол ин намоишнома дар озмуни ҷумҳуриявии "Парасту" ширкат варзида, сазовори ҷои дуввум гардид. Абдумӯъмин Шарифов, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон, офарандаи нақши устод Бозор Собир, дар ҳамон озмуни "Парасту" ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона"-ро сазовор гардид.

Дар давоми беш аз ду сол "Шабе дур аз Ватан"дар саҳнаи театрҳои се кишвари дунё -Афғонистон, Қирғизистон ва Руссия ба намоиш гузошта шуд ва сазовори баҳои баланди мутахассисини ин соҳа гардидааст.

"Шабе дур аз Ватан" ин шом бори 152-ум рӯи саҳнаи тоҷик меояд"-гуфт дар идома Толиб Бобоев ва афзуд: "Имтиҳони бузурге коргардон Нозим Меликов ва ҳунармандон Абдумӯъмин Шарифов ва Моҳпайкар Ёроваро дар пеш аст. Зеро ба бозии онҳо ҳатман устод Бозор Собир баҳо мегузорад. Ин баҳо чӣ гуна хоҳад буд барои онҳо ва ҳатто барои мо, коллективи театр, хеле муҳим аст. Тақрибан баъди ду соат мо хоҳем фаҳмид, ки ин баҳо мусбат аст ё манфӣ"- хулоса кард директори театр.

Бархилофи тамошоҳои муқаррарӣ ин дафъа масъулини театр тамошобинонро низ мисли ҳунармандон ҷой дар саҳна доданд. Барои тамошобин дар се тарафи саҳна ҷои нишаст таҳия шуда буд. Дар байни онҳо ду ҳунарпешаи боистеъдод матои ҳунари хешро ба савдо гузоштанд. Бале, серталабтарин ва ҳассостарин харидори матои ҳунари ин ду соҳибҳунар имрӯз ҳатман ва албатта Бозор Собир буд. Бозоре, ки чун бозор қобили пешбинӣ нест ва дар атрофи ашъор ва худи ӯ низ ҳамеша бозор аст.

Инак намоишнома шуруъ мегардад. Садои чир-чирак баланд мешавад ва саҳна ба худ рангу бӯи деҳаро мегирад. Шоир чун аробакашҳои бозор бо кати хобаш, ки гаҳе мизи кор? мешаваду гаҳ тобут ва гоҳе чӯби сари гӯр…, ба ҳар тараф овораву саргардон аст. Шоир ва Руъёи ӯ дар тӯли наздик ба ду соат ҳозиринро бо шеъру тарона ва рақсу чағона аз худ бегона месозанд. Аниқтараш ба ҷаҳоне мебаранд, ки ҳатман ёди талху ширине аз он дунё бо худ доранд.

Шоир агар дур аз Ватан дарди Ватан, андӯҳи дӯстону пайвандони дар ватанбуда, ормонҳои дар Ватан нобишкастаи худро нола мекард, тамошобин бо эҳтимоли қавӣ дар симои шоири саргардон зиндагонии нобасомони падар, бародар, шавҳар ва ё фарзанди худро медид, ки тақдир ӯро ба диёри ғурбат бурдаасту чунин шоми ғамро насибаш кардааст ва беихтиёр аз дида ашк мерехт… Дар ин миён устод Бозор Собири тамошобин низ истисно набуд. "Шабе дур аз Ватан" бо худ шоми ашкрезеро дар Ватан дошт…

Билохира намоишнома низ ба поён расид ва ҳама бо кафкӯбиҳои бардавом устод Бозор Собирро ба саҳна даъват карданд. Устод Бозор аввалин калимаеро, ки арза дошт "Аҳсант!" буд.

-Офарин бар коргардон! Ӯ чи тавр фаҳмидааст, ки ман ҳатто дар вақти дар Ватан буданам ва дар ғурбат низ танҳо ҳамин як кати хобро доштаму дар атрофам танҳо маҷаллаву китобро? Ҳайронам! Ҳаёти ман дар миёни маҷаллаву китоб гузашт, онро дар саҳна такроран дидам.

Офарин, тавонистед! Ман хушбахтам, ки худамро дар саҳна дидам. Ман худамро хушбахттарин адиби тоҷик меҳисобам. Зеро нахустин шоири тоҷикам, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш нақшашро дар саҳнаи театр беҳтарин ҳунармандон офариданд ва худаш тамошогари он намоишнома будааст. Чунин ифтихор ва бахт ҳатто ба устодони сухан Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода муяссар нашудааст…

Устод Бозор Собир аз бозии ҳунармандон Абдумӯъмин Шарифов ва Моҳпайкар Ёрова низ ибрози қаноатмандӣ кард ва ҳатто "Барги сабз аст туҳфаи дарвеш" гӯён дар сӯҳбате, ки баъдан бо онҳо дошт, ҳадоёи хотиравӣ ҳам супорид.

Шодӣ Солеҳ, драматург ва коргардони маъруфи тоҷик дар хатми ин намоишнома пешниҳод кард, ки чун спектакл ҳини дар ғарибӣ будани устод Бозор Собир таҳия шудааст, табиист, ки бозгашти ӯ ба Ватан инъикоси худро наёфтааст. Хуб мешуд, ки коргардон ин рухдоди фараҳбахшро ба тарзе, ба гунае вориди намоишнома мекард. Агарчи он лаҳза дар саҳна касе оиди ин пешниҳоди Шодӣ Солеҳ ибрози назар накард, вале дар берун як тамошобине, ки нахост номаш ифшо шавад, ба хабарнигори "Рӯзгор" гуфт:

-Ман ба пешниҳоди устод Шодӣ Солеҳ розӣ шуда наметавонам. Бале, ин хушбахтист, ки устод Бозор Собир ба Ватан сарбаландона баргаштанд. Аммо ҳоло ҳам садҳо бозор собирҳои дигар дар ғурбатанду заҳри ғарибӣ мечашанд. "Шабе дур аз Ватан", фикр мекунам, зиндагиномаи танҳо устод Бозор Собир нест…

ӯзгор"



Шарҳҳо   

 
+1 #1 salomGuest 22.07.2013 03:19
Salom 'Ruzgor. 'Salomat boshed!
Yagona ruznomai samimi va sylhjuena.
Bo ehtirom honandai doimii shumo.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi