02:25:55 08-уми Декабри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЗАБОН МАРИЗ АСТ ВА БА ТАБОБАТ НИЁЗ ДОРАД

Баҳсҳо имрӯз дар атрофи забони тоҷикӣ ва тақдири он хеле зиёданд ва ҳар як соҳибзабон мекӯшад, ки аз паҳлӯҳои гуногун ба масъала наздик шуда гиреҳи сару нӯкаш чигилгаштаро кӯшиши боз кардан намояд. Вале аслан тақсир дар худи забон нест, гуноҳ аз мо соҳибони он аст, ки ҳар куҷо калимаеро омӯхтем ё аз ёд кардем ҳатман барои худнамоӣ, даркору нодаркор дар гуфтору навиштаҳои худ онро истифода мебарем. Яъне мо забонро бою ғанӣ нею гирифтори маризӣ карда истодаем.            

/images/stories/2011/08/22_books_market_22.8.2011.jpgСолҳои 80-уми асри гузашта, баъди он, ки як қисмати забоншиносони тоҷик ба ҳайси тарҷумону мушовири соҳоти мухталиф ба Афғонистони ҳамсоя ва дигар кишварҳо рафтаю баргаштанд, «айбҳо»-и зиёдеро дар забони тоҷикӣ «кашф» карданд ва ҳукм бароварданд, ки забон қолабӣ гаштаву зери таъсиру нуфузи забони русӣ дармонда шакли «калка»-и онро гирифтааст. Ва ин гурӯҳ пайи сиҳат намудани забон камар бастанд.

Ҳамчун малҳам барои муолиҷа онҳо забонҳои форсию дариро пешниҳод намуданд, ки аввалӣ аз  вирусҳои арабӣ, фаронсавӣ ва туркии озарбайҷонӣ заҳролуд асту дуввумӣ омехтаи калимаю ибораҳои пашту ва шаклҳои харобнамудаи вожаҳои инглисӣ. Яъне боз чанд дарди дигарро бар тани ранҷури забони тоҷикӣ зам карданд. Забон дар даруни муарработи тавассути форсию дарӣ ба он воридгашта ғӯта зад. Зеро он замон ҳар касе, ки бо шеваи форсию дарӣ ҳарф мезад ё эҷод мекард, донандаи забони асили тоҷикӣ шинохта мешуду тарғибгари забон.

Оқибаташ шабеҳи он зоғе  гаштем, ки ба умеди омӯхтани хиромиши кабк шеваи раҳгардии худро низ фаромӯш кард. Расидан ба истиқлолият мебоист таҳаввулотеро дар самти раҳонидани забон аз таъсироти забону лаҳчаҳои бегона ба бор оварад, аммо ҳодисаҳои маълуми ҷанги шаҳрвандӣ омӯзишу ташхис ва муолиҷаи дардҳои мавҷудаи забонро  даҳҳо сол пушт партофт ва ба марҳилаи нави харобшавии вазъи забони тоҷикӣ замина гузошт.

То ҷое расидем, ки ба қавли олими маъруфи тоҷик, директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми ҷумҳурӣ устод Акбари Турсон, «ҳоло ҳар газета ва ҳатто сайтҳо ҳам забони махсуси худро «ихтироъ» кардаем. Аз ҳад зиёд ба муарработ дода шудаем» («Минбари халқ» №30 (802) аз 04.08.2011) .

Ҳақиқатан ҳам имрӯз агар саҳифаҳои рӯзномаҳои мустақилу давлатии кишварро интихоб намуда, номгӯи онҳоро панаҳ карда порае аз мақолаю маводҳои нашрнамудаашон қироат кунем, хонандаи бо рӯзномаҳо ошно бидуни монеаҳо муайян мекунад, ки он порча моли кадом рӯзномаю кадом сомона аст. Онҳо гумон кардаанд, ки чун нашрия ё сомонаи мустақил доранд (гарчанде дар мустақил буданашон ҳам шаку шубҳа зиёд аст), дар истифодаи забон низ мустақилият касб кардаанд ва тавре хоҳанд менависанду тибқи хоҳиши худӣ манзалату мақоми забонро ё ба арш мебаранд ё бар хоки сияҳ мезананд. Кумитаи истилоҳот, Пажӯҳишгоҳи забон ва дигар идораҳои масъулу марбутаро аз ёд бурдаанду бидуни маслиҳату машварати ин ниҳодҳо қоида имлои хоси худро истифода мебаранду шакли калимаҳо ва навишти онҳоро мувофиқи хости худ тағйир медиҳанд.

Маҳз чунин муносибат боиси он гаштааст, ки тамоми кишвар «Роғун» гуфтаю «Роғун» менависад ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» «Роғон». Ё ҳама «Қуръон» менависанду талаффуз мекунанд ва дар ҳафтаномаи «СССР» «Қурон»-ро истифода мебаранд. Чунин мисолҳоро метавон аз тамоми рӯзномаҳои ҷумҳурӣ овард. Мақсад танқид ё паст задани сатҳи дониши аҳли эҷоди нашрияҳо нест. Онҳо собит намудаанд, ки бо донишу малакаи худ таваҷҷӯҳи мардумро тавонистаанд ба худ ҷалб намоянду хонандаи бевоситаи худро доранд. Вале фаромӯш кардаанд, ки ҳаққи худсарӣ дар муносибат бо забон надоранд.

Дар аксари васоити ахбори умум, рӯзноманигорони ҷавоне, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои арабӣ таҳсил намудаанд, кӯшиш  мекунанд, ки нигоштаю навиштаҳояшон ҳар чӣ мураккабтар бошанду саропо бо истифодаи калимаю ибораҳои арабиасос иншо шаванд. Гӯиё бо ин роҳ мехоҳанд дараҷаи дониши худро нишон диҳанд. Дар иқдоми онҳо боз такрори солҳои охири 80 ва аввали солҳои 90-и асри гузашта ба назар мерасад.

Онҳо мардумро ҳатто маҷбур карданианд, ки истифодаи овози «ъайн»-и арабиро комилан ба забони тоҷикӣ ворид созанд. Мо дигар бояд ба ҷои шоир-шоъир, дуо-дуъо, муосир-муъосир, маош-маъош, иҷтимоӣҷтимоъӣ, ҷомеа-ҷомеъа, заиф-заъиф, табиӣ-табиъӣ, манфиат-манфиъат ва ғайра, нависему гӯем. Ҳамчунон ба ҷои калимаҳои маъмули зеро-лизо, тасдиқ-тасвиб, ҷой ё маконҳо-амокин, бор кардан-таҳмил кардан, пешравӣ-тавсеъа, ҳодиса-қазия, шикаст-суқут, наҳс-манҳус ва ғайра гӯему нависем. Дар ин росто, ҳафтаномаи «Наҷот», радиои «Имрӯз» ва ғайра «заҳмат»-и зиёд кашида истодаанд.

Имрӯз шароити мусоиде фароҳам омадаст, ки аҳли эҷод битавонад аз тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳангу маданияти аҷнабӣ даст кашида, тоҷикона биандешад, тоҷикона биофарад ва бо ифтихор фарҳанги куҳанбунёди худро, ки аз қадимтарин аҳд сарчашма мегирад, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Вале тавре мушоҳида мегардад, мо алалхусус  алоҳида рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори омма натавонистаем, ки завлонаи пойбандии хешро аз тақлид ба бегонагон ва хизмат ба хоҷагони аҷнабӣ барканем. Агар чунин нест, боре аз нигоҳи касбӣ ба забони гӯишу навишти радиои «Озодӣ» таваҷҷӯҳ кунед.

Гарчанде барномаҳо сирф барои тоҷику Тоҷикистон пахш мегардад, ҳатман зимни ахбороти он ва нашри онҳо дар сомонаи ҳамноми радио рӯзноманигорон кӯшиш мекунанд, ки калимаҳои тоҷикиро бо муродифоти номаҳфуми форсии арабиасос иваз намоянд. Дар натиҷа Искандар Алиев, Салими Аюбзод, Мирзои Салимпуре, ки якзамон хонанда аз нигоштаи тоҷикиашон лаззат мебурд, имрӯз бо як забоне менависанд, ки ба фикрам барои худашон ҳам нофаҳмост. Рӯзноманигори ҷавон Ҳарамгули Кодир низ баъди ба кор рафтанаш ба «Озодӣ» «забон»-и зикршударо аллакай аз худ кардааст.

Боиси нигаронист, ки аксари ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар маълумоти динӣ гирифтаанд, аз  шеваи ноби забони тоҷикӣ дур гашта, ба лаҳҷаи дарӣ ё форсӣ сухан меронанд. Ин гуфтаҳоро мумкин аст дар вокунишҳои   донишҷӯёни хориҷи кишвар дар сомонаҳои интернетӣ бараъло мушоҳида намуд.

Борҳо шоҳиди сӯҳбату баромадҳои олим ва ровии мумтози тоҷик, шодравон Абдулқодир Маниёзов ва шоири миллат Мӯъмин Қаноат дар назди бародарону меҳмонони форсизабон будаам. Ҳар ду ҳамеша бо забони фасеҳу ширин тоҷикии адабӣ сухан мегуфтанду ҳамсӯҳбату шунавандагони худро тасхир менамуданд. Баъди ин вохӯриҳо ҳамеша аз забони бародарони эронӣ шунидаам, ки мегуфтанд: имрӯз мо забони Фирдавсии бузургро аз нав шунидем.

Пас ҳоҷат ба лабкаҷкунию тақлид ба гуфтори дигар ҳамзабонон, истифодаи баҷову беҷои вожакалимаҳои бегона набудааст. Дуруст аст, ки бо роҳи ворид намудани калимаю ибораҳо аз дигар забонҳо мо метавонем забони тоҷикиро бою ғанӣ гардонем. Аммо дар ин маврид бояд он вожаҳое пазируфта шаванд, ки муродифоти тоҷикии худро надоранд. Ба хотири нишон додани дониши худ истифодаи калимаи ғайр ба ҷои калимаи роиҷу зебои тоҷикӣ танҳо душманӣ ба забони модарист ва оқибат ба махлутшавӣ ва нестии нафосату малоҳати он мебарад.

Мо бояд забони худро ҳифз кунем, зеро решаи рушди миллат забони миллист. Аҷдодони пешгузаштаамон тамоми боигарию ҳастии худро ба бегонагон доданд, вале бо он, ки болои сари ҳар як хонадони тоҷик арабе бо чашмони хунгирифта ва шамшер дар даст меистоду назорат мекард, ки аъзои хона бо забони тоҷикӣ сухан нагӯянд, тавонистанд онро нигаҳ доранд ба авлоди ояндаи худ ба мерос гузоранд. Ҳақ ба ҷониби Бозор Собир аст, ки:

Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Пас чаро имрӯз, ки мо соҳибдавлатему обод, нисбати забони модарии худ чунин муносибати хунукназарона ва дур аз эҳтиром дорем?

Албатта, бо чанд далели канда-кандае, ки дар боло овардем, наметавон тамоми масоилу гирифториҳое, ки имрӯз забони тоҷикӣ бо гуноҳи мо соҳибзабонон пойбанд аст, фаро гирифт. Яке аз омилҳои умедворкунанда ва таскиндиҳанда бозгашти Акбари Турсон ба Тоҷикистон ва ба ӯҳда гирифтани сарварии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми ҷумҳурӣ аз ҷониби устод аст. Итминони комил дорам, ки дар самти тоза намудани забони тоҷикӣ аз ҷониби пажӯҳишгох ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида хоҳад шуд, қоидаи ягонаи имло қабул карда мешавад ва истифодаи калимаҳои ғайр танҳо дар сурати зарурат ба роҳ монда хоҳад шуд.

Сиёвуши Ёдгор



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 11.10.2011 19:53
Вохима накунед, хеч кас аз гушнагира намурдааст холо.
Гами хештаншиносиро нахури гулом дар гариби абади мемони, чун ахволи имруза аз иллати худи мост!
 
 
0 #1 Guest 24.08.2011 21:15
Бародари ман! То вақте ки давлат қудрат надошта бошад ин гапҳо беҳӯда аст.
Вақте ТОҶИКОН дар хориҷ аз кишвар хор ҳастанд шумо ғами забони онҳоро мехӯред.
Албатта ҷои тааҷҷуб ҳам нест, чун ТОҶИКОН дар дохили кишвар ҳам қадр надоранд чи расад ба хориҷ.
ИН АСТ ҒАМИ МО БАРОДАР. АВВАЛ ИНҲОРО ҲАЛ КУНЕД то бирасем ба забонамон.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi