Лимити барқ - 2014/2015 сар мешавад
30.09.2014 22:06
1434
Аз рӯзи чоршанбе, 1 октябр дар навоҳии Тоҷикистон ба таври расмӣ мавсими нави лимити нирӯи барқ шурӯъ мешавад. Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, лимитро аз ҳоло ҷорӣ карданд, то мардум дар зимистон бебарқ намонад.
Боздошти 13 мошини дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон
30.09.2014 22:04
1304
Пулиси Латвия аз боздошти 10 мошини дуздие, ки бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд, хабар медиҳанд. Ин мошинҳои дар Аврупо дуздишуда аксар BMW, Mercedes ва Lexus буда, ба шаҳрвандони Олмон, Шветсия, Лаҳистон ва Латвия тааллуқ доштаанд.
"Билайн": "Любой ҷо"-ро дар ҳама ҷо мефаҳманд
30.09.2014 22:02
1318
"Билайн" мегӯяд, ба далели барои муштариёнаш фаҳмо будани маънои ибораи "Любой ҷо" аз он дар номи тарифи наваш истифода кардааст. Кумитаи забон қаблан гуфта буд, номи ин тарифи "Билайн" ҷавобгӯи қонуни забон нест ва бояд иваз шавад.
Боздошти 4 нафар ба гумони дуздии пахтаи Тоҷикистон
26.09.2014 21:33
1242
Мусоҳибони мо аз Рига мегӯянд, баҳси дуздии пахтаи Тоҷикистон дар Литва миёни раиси ҷумҳури ин кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон низ баррасӣ шудааст.Пулиси Латвия як гуруҳи иборат аз чор нафарро боздошт кард, ки дар дуздии пахтаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Сарпарасти КЮНЕТ дар додгоҳ гуфтааст, ки гуноҳ надорад
26.09.2014 21:31
1232
Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоев, худро дар додгоҳ бегуноҳҳисобидааст. Додрас ба Маъруфов ва Расулов муҳлат додааст, ки пули мардумро баргардонанд. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Олим Маъруфов ва Ориф Расулов – ду масъули ширкати “Ҳафтбурҷ” ...
Интиқоли 4 тифли зиндаятими тоҷик аз Русия ба Душанбе
26.09.2014 21:26
1031
Сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони хурдсолаш - Мадинаву Зарагул ва Аннаву Лилияро, ки модаронашон баъд аз таваллуд аз онҳо рӯ гардондаанд, ба Душанбе фиристодааст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, чаҳор тифли тоҷикро, ки модаронашон баъд аз таваллуд аз онҳо даст кашидаанд, тавассути кормандони масъули Вазорати умури дохилии кишвар ба Душанбе ....
Қалъаву дарёи Сир ва офтобу китоб – рамзи Хуҷанд
26.09.2014 21:24
1155
Бо вуҷуди он ки баъзе аз вакилони халқи Хуҷанд рамзи пешниҳодии ин шаҳрро сода номиданд, аммо бо раъйи аксарият пазируфта шуд. Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, нишон ё рамзи ин шаҳрро тасвиб карда, ҳар сол 25 сентябрро “Рӯзи Хуҷанд” эълон намудааст.
Пешниҳоди 5 соли мактабсозӣ
26.09.2014 21:22
1063
Як вакили парлумон мегӯяд, дар ҷараёни боздидаш аз Рӯдакӣ ва Турсунзода мушоҳида кардааст, ки дар баъзе мактабҳо ба ҷои ду нафар дар як миз чаҳор нафар нишаста дарс мехонанд.
"Шири бепул" дар Тоҷикистон! Бозгашт ба СССР?
23.09.2014 16:02
1297
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, корхонаҳои барои саломатии инсон зиёновар коргаронашонро бо шири бепул таъмин кунанд. Ин кор дар Шӯравии собиқ роиҷ буд ва ҳоло иҷрояш имконпазир аст?
Шӯҳрат Қудратов то 21 ноябр дар СИЗО мемонад
20.09.2014 21:58
1011
Шӯҳрат Қудратов , вакили мудофеъ ва ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, то 21 ноябри соли ҷорӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ин қарор бегоҳи 19 сентябр аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир шудааст.
“Издивоҷи сафед” – ҳамзистӣ, ҳамхобагӣ ё зино?
19.09.2014 18:31
1306
Бархе аз духтарону писарони эронӣ ба “издивоҷи сафед” – ҳамзистӣ зери як бом то маросими никоҳ тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамзистие ба ин гуна миёни гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам маъмулӣ шудааст.
ВКД: “Қаҳрамон тоҷиру истеъмолгари нашъа аст, на санъаткор”
19.09.2014 18:22
1120
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ боздошти Қаҳрамони Шарифзодро таъйид карда, аммо гуфтаанд, ӯ дар қайди онҳо на овозхон, балки истеъмолгару фурӯшандаи маводи махаддир сабт шудааст.
Вокуниши хонаводаи Далер Нақибов ба боздошти ӯ
19.09.2014 18:21
1173
Наздикони корманди боздоштшудаи Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯянд, чор рӯз боз наметавонанд бо ӯ дидор кунанд. Нақибов 15 сентябр аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст.
Марги мармузи духтари Домулло Маъруфҷон дар зиндони Тошканд
18.09.2014 20:55
1398
Нилуфар Раҳимҷонова, шаҳрванди Тоҷикистон ва фарзанди домулло Маъруфҷони истаравшанӣ дар маҳбаси занонаи «Зангиота»-и Тошканд даргузашта, дар яке аз қабристонҳои пойтахти Узбакистон ба хок супорида шудааст.
Нигина Амонқулова: "Нигарон набошед, ман хуб ҳастам"
17.09.2014 08:50
1258
Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик, сарусадои ахир дар бораи пошидани “кислота” ба рӯяш аз сӯи афроди ношиносро рад кард. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, ин овоза баъд аз анҷоми консерти бахшида ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе паҳн шуда, аслан асос надорад.
















