Фоҳишахонаи як зан аз Тоҷикистон дар маркази Маскав
20.10.2014 21:14
1135
Пулиси Маскав мегӯяд, дар ин ҳафта фаъолияти як фоҳишахонаро дар гузаргоҳи Кутузов қатъ кардааст. Соҳиби ин фоҳишахона як зани 44-солаи зодаи Тоҷикистон будааст.
Ҳазорон шӯълаи умед аз қонуни 14-уми афв
20.10.2014 21:12
1059
Тарҳиқонуни афве ки рӯзи 20 октябр аз сӯи раисиҷумҳур барои баррсӣ ба порлумон ироа шуд, дар қалби ҳазорон нафаре, ки ягон азизашон пушти панҷараи зиндонқарор дорад, як шӯълаи умедро бедор кардааст. Умеди озодӣ ва дидори ҳарчӣ зудтарро.
"Рособрнадзор" ба Донишгоҳи славянӣ (РТСУ) иҷозаи фаъолият надод
18.10.2014 20:32
1336
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи фаъолият надодааст. Аммо масъулони донишгоҳ инро радд мекунанд.
Ҳабси пешакии Муаттара Ҷӯраева ва шарҳи Оҷонсӣ
18.10.2014 20:27
1112
Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева дар чанд ҳолат аз роҳи фиреб аз сокинон пул гирифта, аммо қарзи худро барнагардондааст. Аммо модараш бо ин иттиҳом розӣ нест.
Боздошти ду "узв"-и ноболиғи "Гурӯҳи 24" дар Душанбе
18.10.2014 20:24
1097
Ду сокини ҷавони Душанбе ба гумони таблиғи “Гурӯҳи 24” ва шиорашон алайҳи ҳукумати Тоҷикистон боздошт гардидаанд. Ин гурӯҳ рӯзи 10 октябр мардумро ба тазоҳурот хонда буд.
“Ҳоҷибарак” - бо Лимузин. Ҷаримаи ду зоири тоҷик барои “мӯд”-и нав
18.10.2014 20:21
1097
Кумитаи дин ду ҳоҷии тоҷикро барои пешвози бодабдаба аз сӯи наздиконашон, ки бо “Лимузин” ба фурудгоҳи Душанбе омада, онҳоро ботантана ба хонаҳояшон бурдаанд, ҷарима кардааст.
Қарори Саудӣ дар бораи гирифтани фақат 5 литр оби "Зам-зам"
18.10.2014 20:20
1143
Дар номаи Арабистони Саудӣ, ки дастраси мо шуд, гуфта шудааст, "интиқоли оби "Зам-зам" манъ карда мешавад, ба ҷуз 5 литре, ки ҳар иштирокчии мавсими Ҳаҷ-2014 ҳаққи бурдани онро дорад.”
Қонуни гирдиҳамоиҳо боз шадидтар мешавад
14.10.2014 00:56
1058
Як вакили парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба гирдиҳамоиҳо овардани силоҳ ва маводи тарканда ва заҳролудкунанда қонунан манъ шавад.Саттор Холов, вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ...
Қорӣ Абдуллоҳ дар масҷид афюн мефурӯхт?
14.10.2014 00:54
1128
Мақомоти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имомхатиби як масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони даст доштан дар фурӯши афюн дастгир кардаанд.
Паллаҳои пасту болои тарозуи адолати додгоҳҳои Тоҷикистон
14.10.2014 00:53
1053
Сокинони оддӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ба адолати додгоҳҳои ин кишвар эътимоди чандоне надоранд. Аммо мақомоти Додгоҳи олӣ бар инанд, ки ягон ҳукме нест, ки ҳарду тарафро розӣ бигузорад - баранда аз толор қонеъ ва бозанда ҳатман норозӣ берун мешавад.
Корманди додгоҳ бо $52 ҳазор ба чанг уфтод
12.10.2014 00:52
1168
Кормандони Оҷонсии зидди корупсия котиби Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон Азимҷон Асроровро боздошт карданд, ки бо роҳи фиреб ба бовари кормандони театри “Гаҳвора” даромада, барои ба фоидаи ин театр бекор кардани ҳалномаи ...
Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Гурӯҳи 24" дар Рашт пуштибон надорад
12.10.2014 00:48
1306
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони саршиноси мухолифони пешини тоҷик дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди баргузории гирдиҳамоии ҷонибдоророни Гурӯҳи 24 гуфт, ки ин гурӯҳ дар минтақаи Рашт пуштибон надорад.
Сӯхтор дар маркази савдои "Содот"
08.10.2014 20:53
1693
Мақомоти умури дохила эҳтимоли фарзияи ҳамлаи террористӣ дар сӯхтори рӯзи 8 октябр дар таҳхонаи Маркази савдои "Содот" дар Душанберо рад мекунанд. Дар ин сӯхтор як марди 45-сола ҳалок шудааст.
Бастаҳои ҳероин бо Манижаву Аҳмад Зоҳир
08.10.2014 20:51
1179
Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷои мору каждум ҳоло аксҳои Манижаи Давлат ва Аҳмад Зоҳир болои бастаҳои ҳероини қочоқӣ аз Афғонистонро "зеб" медиҳанд.
Генерал: “Касе бо нияти бад ба Тоҷикистон ояд, нобуд хоҳад шуд”
08.10.2014 00:04
1038
Дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳадде тавону омодагӣ доранд, ки нахоҳанд гузошт, нерӯҳои тахрибкор вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
















