23:52:11 24-уми Сентябри 2026 сол

Нишасти вазирони хориҷаи СААД дар Ню-Йорк

Дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

4 424.09.2026.12.25Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар ин нишаст роҳбарони ниҳодҳои дипломатӣ масъалаҳои калидӣ ва муҳими рӯзномаи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи онҳо табодули афкори судманд анҷом доданд.

Яке аз мавзуъҳои марказии мулоқот, омодагӣ ба нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД буд. Вазирон раванди омодакорӣ ва рӯзномаи ин ҷаласаи муҳими роҳбарони давлатҳоро, ки дар пеш аст, ҳамаҷониба муҳокима карданд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ