23:52:13 24-уми Сентябри 2026 сол

Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд

Дирӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода бо раиси кумитаи Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Кипр оид ба масоили гурезаҳо ва шахсони муқими анклавҳо Христос Христофидис вохӯрӣ намуд.

2 2f1bad6e5ae6283df9cad84c 1280x720Гуфта шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Сафари ҳайати Кипр ба Тоҷикистон нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкории судманду гуногунпаҳлу мебошад.

Ташаббуси баргузор намудани вохӯрии имрӯза муҳим ва судманд арзёбӣ шуда, иштироки Христос Христофидис дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масоили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ боиси ифтихор, эҳтиром ва нишонаи дӯстии ду давлат дониста шуд.

Таъкид карда шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр тавассути муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва тамосҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ рушд мекунанд. Чанд сол аст, ки ин эҳтироми мутақобил заминаи устувори рушди ҳамкории дуҷонибаро фароҳам овардааст.

«Мо ба рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр аҳаммияти ҷиддӣ медиҳем ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор менамоем. Дар ин замина, мо ба таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, такмили захираҳои инсонӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобили ҷонибҳо аҳаммияти махсус медиҳем», -изҳор намуд Маҳмадшоҳ Гулзода.

Иброз гардид, ки Ассамблеяи парламентии Осиё майдони муносиб барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкории байни кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ