13:00:57 27-уми Сентябри 2026 сол
Боздошти 4 "наркобарон" бо 105 кило ҳероин дар Русия 01.09.2014 23:07 1060
Бино ба гузоришҳо, 4 шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон, бо шумули 3 бародар ва як зан, дар вилояти Маскав бо беш аз 105 кило маводи мухаддир дастгир шудаанд.
Мошинҳои дуздӣ: Аз Олмон то Душанбе 31.08.2014 23:02 1553
Матбуоти Олмон натиҷаи таҳқиқоти журналистиаш дар бораи қазияи дар Тоҷикистон ошкор шудани даҳҳо мошини аз Олмон дуздишударо нашр кардааст.
Давлат Чолов: «Хола» Сурия набуд! 29.08.2014 21:31 1495
Додгоҳи вилояти Хатлон охирин сухани Давлат Чолов ва чаҳор нафар ҳамроҳони ӯро шунид ва барои мӯҳлати номуайян ба утоқи машварат рафт. Қарор буд, имрӯз, 29-уми август, ҳукми Давлат Чолов ва дигар ҳамроҳонаш бароварда шавад ...
18 сол ҳукми зиндони ҳамяроқи Файзалӣ Саидов 28.08.2014 22:51 1331
Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба «Тоҳир-Сиёҳ», «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рекет» раҳбари як гурӯҳи силоҳбадасти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон бо ҷурмҳое, чун куштор, таҷовуз ба номус ва авбошӣ, ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.
Танфурӯшҳои "ботаҷриба" духтарони ҷавонро аз Қубодиён ба Дубай мебурданд 28.08.2014 22:49 1491
Додгоҳи вилояти Хатлон се зани сокини ноҳияи Қубодиёни ин вилоятро бо ҷурми қочоқи занон ба Имороти Араб ба мӯҳлати аз 5,5 то 6 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон се зани сокини ноҳияи Қубодиёнро ...
Маркази тестӣ: "Тағо" имсол аз имтиҳон нагузашт 28.08.2014 22:47 1229
Маркази миллии тестӣ, ба бовари бисёриҳо, доманаи фасод дар маъракаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро хеле коҳиш дод, вале мегӯянд, дарёи фасод баъд аз дохил шудан ба мактабҳои олӣҳамчунон пуртуғён боқӣ мемонад.
Санҷиши издивоҷи 5 сол пеши писари Зайд Саидов аз сӯи Оҷонсӣ 27.08.2014 20:03 1293
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, яке аз фарзандони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар 5 соли пеш ба духтари ноболиғ издивоҷ кардааст. Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон рӯзи 27 август ба могуфт ...
Шарҳи Русия дар бораи боздошти низомиёни пойгоҳи 201 27.08.2014 19:58 1319
Як мақоми низомии Русия гуфт, фармондеҳии пойгоҳи 201-уми ин кишвар ҳамроҳ бо мақомоти тоҷик хабарҳо дар бораи даст доштани як сарбози ин пойгоҳ дар қатли ронандаи такси дар канори Душанберо таҳқиқ мекунад.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шавҳари Шаҳлои ҷавонмарг 27.08.2014 19:54 1258
Додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи шавҳари зане, ки худро ҳафтаи гузашта дар яке аз толорҳои ҳусни пойтахт овехт, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
А.Икромӣ: "Сангак ва Файзалӣ бидуни ташхис дафн шуданд" 27.08.2014 11:50 1305
Алихон Икромӣ, коршиноси собиқадори тиббӣ-додгоҳӣ ахиран китоберо бо номи "Шиканҷаи афсарон" ба нашр расонд, ки вазъи парвандаҳои ҷиноии даврони ҷанги шаҳрвандиро ба қалам додааст.
Меҳнати сангин дар пахтазор барои ғӯзапоя 27.08.2014 11:46 1221
Мавсими нави пахтачини дар вилояти Хатлон - яке аз вилоятҳои аграрии Тоҷикистон шурӯъ шуд, вале занону духтарони пахтачин дар ин вилоят мегӯяд, ки кишти пахта ва ҷаъмоварии ҳосилиаш мисли солҳои Шӯравӣ ба онҳо даромади хубе намеорад ва онҳо ба хотири ғузапоя ба саҳро мебароянд.
Наврасони тоҷик: Майлам ба шаробу ... нос бошад доим 27.08.2014 11:44 1290
Як пажӯҳиши вазорати маорифу илм ба натиҷае расидааст, ки насли имрӯзи наврасони тоҷик назар ба волидони онҳо бо маю сигор ва ҳамин тавр бо фаҳшо ва алоқаи ҷинсӣ ошноии бештар доштааст. Шикояти насли калонсол аз насли ҷавон падидаи маъмулӣ шумурда мешавад ...
Як кушта ва 5 захмӣ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон 26.08.2014 10:08 1170
Бар асари тирандозии марзбонони қирғиз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Боздошти шоҳиди парвандаи пурсарусадои Тоҷикистон 25.08.2014 17:32 1108
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки Рафаэл Мақсудов зиндонии собиқ ва шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода як зиндонии дигарро боздошт кардаанд. Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор рӯзи 25 –уми август ...
Амалкарди Бишкек сокинони Тоҷикистонро нигарон кард 25.08.2014 17:30 1104
Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон мегӯянд, ки Қирғизистон бе мувофиқа бо Тоҷикистон ба сохтмони роҳ ва пул дар қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ медиҳад.