12:11:54 27-уми Сентябри 2026 сол
Сӯхтор дар маркази савдои "Содот" 08.10.2014 20:53 1691
Мақомоти умури дохила эҳтимоли фарзияи ҳамлаи террористӣ дар сӯхтори рӯзи 8 октябр дар таҳхонаи Маркази савдои "Содот" дар Душанберо рад мекунанд. Дар ин сӯхтор як марди 45-сола ҳалок шудааст.
Бастаҳои ҳероин бо Манижаву Аҳмад Зоҳир 08.10.2014 20:51 1176
Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷои мору каждум ҳоло аксҳои Манижаи Давлат ва Аҳмад Зоҳир болои бастаҳои ҳероини қочоқӣ аз Афғонистонро "зеб" медиҳанд.
Генерал: “Касе бо нияти бад ба Тоҷикистон ояд, нобуд хоҳад шуд” 08.10.2014 00:04 1035
Дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳадде тавону омодагӣ доранд, ки нахоҳанд гузошт, нерӯҳои тахрибкор вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
Гумонбарони қатли "таксист"-и тоҷикро ба Русия фиристоданд 04.10.2014 21:35 1065
Наздикони Раҳимҷон Тешабоев мегӯянд, ташхиси равонии ду сарбози пойгоҳи 201 дар Екатеринбург ҳудуди якуним моҳ идома карда, маълум нест, кор ба фоидаи онҳо ҳал хоҳад шуд, ё инҳо.
Дарёфти мурдаи Беҳрӯз Акаҷонови ҳаштсола 04.10.2014 21:29 1228
Ҷасади Беҳрӯз Акаҷонов, хонандаи синфи дувуми яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки ҳашт рӯзи қабл аз манзилашон берун баромада, беному нишон шуда буд, аз зери пул ё купрӯки дарёи Душанбе дар наздикии бинои “Шарқи Озод”, маъруф бо номи ГЖК ёфт шудааст.
Даъвати муовини муфтӣ ба сарфаҷӯӣ дар Иди Қурбон 03.10.2014 22:24 1155
Домулло Сайидакбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар арафаи Иди Қурбон ё Азҳо аз сокинон хост, ба исрофкорӣ ва харҷи беҳуда роҳ надиҳанд. Ӯ дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, ҳар гуна сабқат барои худнамоишдиҳӣ...
Ҳамсари Зеварбону гуфт, ёвари додситонро намебахшад 03.10.2014 22:22 1060
Шавҳари Зеварбону Пирова, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, баъд аз чаҳор рӯзи марги фоҷиабори ӯ ба Душанбе омадааст ва мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ гуноҳи Фирӯз Холиқзодаро нахоҳад бахшид. Шавҳари Зеварбону Пирова, роҳрӯби 53-солаи тоҷик, ки зери чархи мошини Фирӯз Холиқзода ...
"Дигар тоқат карда наметавонам!" Ҳарфи охирини Фаррух дар Идораи пулис 03.10.2014 22:17 1485
Масъулони Кумитаи зидди шиканҷа мегӯянд, бар асоси санадҳое, ки то ҳоло дастраси онҳо шудааст, Фаррух Урозов дар пайи латту кӯб ва шиканҷаи зиёд ҷон додааст.Бахши маскавии Кумитаи байниминтақавии зидди шиканҷа ба таҳқиқи марги Фаррух Урозов, сокини 39-солаи ноҳияи Фархори ...
Ҳимояти вазири умури хориҷаи Қирғизистон аз бунёди "Қамбарота" ва "Роғун" 02.10.2014 21:20 960
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон Ирлон Абдилдаев дар шастунуҳумин ҷаласаи маҷамаи умумии Созмони милал гуфт, кишвараш эътимод дорад, ки бунёди нерӯгоҳҳои азимро бояд чун як унсури рушди энержӣ баррасӣ кард ва ба захоири обӣ чун модели "тавсеаи сабз» нигарист.
Додситони И.Сомонӣ: Фирӯз Холиқзода дар боздоштгоҳ аст 30.09.2014 22:15 1179
Додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошти ёвараш дар иртикоби парвандаи садамаи субҳи 28 сентябр дар маркази Душанберо, ки мунҷар ба ҳалокати як кӯчарӯби 53-сола шуд, тасдиқ кардааст.
Лимити барқ - 2014/2015 сар мешавад 30.09.2014 22:06 1432
Аз рӯзи чоршанбе, 1 октябр дар навоҳии Тоҷикистон ба таври расмӣ мавсими нави лимити нирӯи барқ шурӯъ мешавад. Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, лимитро аз ҳоло ҷорӣ карданд, то мардум дар зимистон бебарқ намонад.
Боздошти 13 мошини дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон 30.09.2014 22:04 1303
Пулиси Латвия аз боздошти 10 мошини дуздие, ки бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд, хабар медиҳанд. Ин мошинҳои дар Аврупо дуздишуда аксар BMW, Mercedes ва Lexus буда, ба шаҳрвандони Олмон, Шветсия, Лаҳистон ва Латвия тааллуқ доштаанд.
"Билайн": "Любой ҷо"-ро дар ҳама ҷо мефаҳманд 30.09.2014 22:02 1317
"Билайн" мегӯяд, ба далели барои муштариёнаш фаҳмо будани маънои ибораи "Любой ҷо" аз он дар номи тарифи наваш истифода кардааст. Кумитаи забон қаблан гуфта буд, номи ин тарифи "Билайн" ҷавобгӯи қонуни забон нест ва бояд иваз шавад.
Боздошти 4 нафар ба гумони дуздии пахтаи Тоҷикистон 26.09.2014 21:33 1239
Мусоҳибони мо аз Рига мегӯянд, баҳси дуздии пахтаи Тоҷикистон дар Литва миёни раиси ҷумҳури ин кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон низ баррасӣ шудааст.Пулиси Латвия як гуруҳи иборат аз чор нафарро боздошт кард, ки дар дуздии пахтаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Сарпарасти КЮНЕТ дар додгоҳ гуфтааст, ки гуноҳ надорад 26.09.2014 21:31 1231
Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоев, худро дар додгоҳ бегуноҳҳисобидааст. Додрас ба Маъруфов ва Расулов муҳлат додааст, ки пули мардумро баргардонанд. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Олим Маъруфов ва Ориф Расулов – ду масъули ширкати “Ҳафтбурҷ” ...