14:17:50 28-уми Сентябри 2026 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File 'http:/savepic.ru/6167673.jpg'
  • Lack of access rights - File 'http:/savepic.ru/6167673.jpg'
  • Lack of access rights - File 'http:/savepic.ru/6201465.jpg'
  • Lack of access rights - File 'http:/savepic.ru/6201465.jpg'
Тоҷикистон - 16-умин кишвари фасодзадаи дунё 16.11.2014 20:26 1155
Тоҷикистон дар як раддабандии ҷаҳонии кишварҳои фасодзада дар байни 197 кишвар дар мақоми 182-юм ва дар иҳотаи кишварҳои африқоие, чун Либерияву Конго ва Алҷазоиру Камерун ҷой гирифтааст.
Чаро Сабрина ҳамчун шуғнонӣ ба озмун рафт, на ҳамчун тоҷик? 16.11.2014 20:24 1131
Ҳамчун духтари шуғнонӣ, на ҳамчун тоҷик ба як озмуни байналмилалӣ рафтани Сабринаи зодаи Бадахшон баҳси гармеро дар шабакаи Фейсбук дар бораи маҳалбозӣ - дарди марговари мардуми тоҷик - ба бор овардааст.
Ба масҷид рафтани то 18-солаҳоро иҷозат надоданд 12.11.2014 22:19 1093
Порлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҲНИТ дар бораи ширкати наврасон дар намози масоҷидро напазируфт. Пешниҳоди ташкили макони намозгузорӣ дар корхонаҳо низ аз сӯи вакилон рад шудааст. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони ...
Милиса худро ба мардум наздиктар мекунад? 12.11.2014 22:17 1012
Ба хотири наздиктар кардани милиса ба мардум ва мубориза бо фасоду бадрафторӣ дар сохторҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар назди ин вазорат як Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис додаанд. Дар назди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии мусоидат ...
Акмал "Mercedes"-ро фурӯхту пулашро барои "ҷиҳод" дод 12.11.2014 22:15 957
Дувоздаҳ сокини Истаравшан ва Конибодом бо иттиҳоми таъсиси як гурӯҳи мансуб ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва даъвату ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия, боздошт шудаанд. 12 сокини Истаравшан ва Конибодом бо иттиҳоми таъсиси як гурӯҳи мансуб ...
Тоҷикистон барои раҳоии Гулрухсор аз Русия кӯмак хост 09.11.2014 11:42 1414
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуд барои раҳоии ҳар чӣ зудтари табиби рабудашудаи тоҷик дар Яман, истифода мебарад.
Бебарқии 3700 нафар дар Латвия ва миллионҳо - дар Тоҷикистон 02.11.2014 15:11 1113
Як сатр хабари телевизиони "Ҷаҳоннамо" дар бораи бебарқ мондани 3700 нафар дар Латвия ва "надидан"-и бебарқии миллионҳо дар худи Тоҷикистон баҳси гармеро миёни корбарони тоҷик дар Фейсбук ба бор овардааст.
Боздошти як зан аз Тоҷикистон бо гумони оташ задани бозори Саратов 02.11.2014 15:05 1172
Пулиси вилояти Саратови Русия хабар дод, ки дар Маскав як зани 52-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки 7 моҳ боз бо иттиҳоми барқасд сӯзондани бозори “Сенний” дар ҷустуҷӯқарор дошт, дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи вилояти Саратов гуфт ...
Ҳукми зиндони "адвокат" ва "полковник"-и тоҷик дар Русия 20.10.2014 21:23 1056
Додгоҳи шаҳри Химки дар канори Маскав ду бародарзода аз Тоҷикистонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон кардааст. Яке аз маҳкумин "полковник" ва дувумӣ гӯё "адвокат" будаанд.
ВКД: "Террористҳо" нақбҳои "Шаҳристон" ва "Истиқлол"-ро тарконданӣ буданд 20.10.2014 21:22 1164
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аъзои гурӯҳе, ки дар вилояти Суғд қабл аз рафтан ба ҷанги Сурия дастгир шуд, қасди анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар худи Тоҷикистон, аз ҷумла қасди ҳамла ба як қисми низомӣ ва таркондани ду нақби “Шаҳристон” ва Истиқлол” дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро доштаанд.
Зайд Саидов ба сирқати боз 45 миллион айбдор шуд 20.10.2014 21:20 1032
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо эълони айбномаи нав Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноатро ба сирқати 45 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлат айбдор кардааст.
Фоҳишахонаи як зан аз Тоҷикистон дар маркази Маскав 20.10.2014 21:14 1135
Пулиси Маскав мегӯяд, дар ин ҳафта фаъолияти як фоҳишахонаро дар гузаргоҳи Кутузов қатъ кардааст. Соҳиби ин фоҳишахона як зани 44-солаи зодаи Тоҷикистон будааст.
Ҳазорон шӯълаи умед аз қонуни 14-уми афв 20.10.2014 21:12 1059
Тарҳиқонуни афве ки рӯзи 20 октябр аз сӯи раисиҷумҳур барои баррсӣ ба порлумон ироа шуд, дар қалби ҳазорон нафаре, ки ягон азизашон пушти панҷараи зиндонқарор дорад, як шӯълаи умедро бедор кардааст. Умеди озодӣ ва дидори ҳарчӣ зудтарро.
"Рособрнадзор" ба Донишгоҳи славянӣ (РТСУ) иҷозаи фаъолият надод 18.10.2014 20:32 1336
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи фаъолият надодааст. Аммо масъулони донишгоҳ инро радд мекунанд.
Ҳабси пешакии Муаттара Ҷӯраева ва шарҳи Оҷонсӣ 18.10.2014 20:27 1112
Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева дар чанд ҳолат аз роҳи фиреб аз сокинон пул гирифта, аммо қарзи худро барнагардондааст. Аммо модараш бо ин иттиҳом розӣ нест.