Наврасони тоҷик: Майлам ба шаробу ... нос бошад доим
27.08.2014 11:44
1290
Як пажӯҳиши вазорати маорифу илм ба натиҷае расидааст, ки насли имрӯзи наврасони тоҷик назар ба волидони онҳо бо маю сигор ва ҳамин тавр бо фаҳшо ва алоқаи ҷинсӣ ошноии бештар доштааст. Шикояти насли калонсол аз насли ҷавон падидаи маъмулӣ шумурда мешавад ...
Як кушта ва 5 захмӣ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон
26.08.2014 10:08
1170
Бар асари тирандозии марзбонони қирғиз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Боздошти шоҳиди парвандаи пурсарусадои Тоҷикистон
25.08.2014 17:32
1108
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки Рафаэл Мақсудов зиндонии собиқ ва шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода як зиндонии дигарро боздошт кардаанд. Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор рӯзи 25 –уми август ...
Амалкарди Бишкек сокинони Тоҷикистонро нигарон кард
25.08.2014 17:30
1104
Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон мегӯянд, ки Қирғизистон бе мувофиқа бо Тоҷикистон ба сохтмони роҳ ва пул дар қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ медиҳад.
Олудагии ҳаво дар Хуҷанд боло рафтааст
25.08.2014 17:24
1514
Бо вуҷуди наздик омадани тирамоҳҳаво дар Тоҷикистон ҳамчунон гарму тоқатфарсо мондааст ва дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар то 41 дараҷа мерасад.
Иттиҳоми нав алайҳи Шӯҳрат Қудратов
21.08.2014 18:29
1129
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи Зайд Саидов, бо иттиҳоми қаллобӣ айбномаи нав эълон кард.
Ду ҳафта танаффус дар кори кумиссиюни Хоруғ
21.08.2014 18:22
1075
Кумиссиюни муштараки таҳқиқи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ба далели нишасти сарони Созмони Шанхай дастикам ду ҳафта танаффус гирифтааст.
Номаи пеш аз марги Шаҳло
21.08.2014 18:18
1308
Наздикони модари ҷавоне, ки рӯзи 20 август дар як кошонаи ҳусн дар шаҳри Душанбе худро овехт, шавҳари ин занро дар марги ӯ гунаҳкор мекунанд.
"Ролкан" мехоҳад, Тоҷикистон ҳавопаймоҳояшро баргардонад
19.08.2014 10:49
1226
Ширкати “Ролкан Инвестмент Лимитед” аз ҳукми мусодираи ду ҳавопаймояш дар Тоҷикистон ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст ва мехоҳад, то ки ҳавопаймоҳоро ба ширкат баргардонанд. Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ ба мо гуфт, аввали ҳамин моҳ вакили “Ролкан Инвестмент Лимитед” ...
Боздошти 5 "салафӣ" дар ноҳияи Фархор
19.08.2014 10:45
1318
Дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон 5 нафарро бо гумони пайравӣ ба ҷараёни ифротгарои Салафия дастгир кардаанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон 5 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни тундрав ва мамнӯъи салафия дар ноҳияи Фархор дастгир кардаанд.
"Авторитет"-ҳои тоҷик дар олами ҷиноии Русия
15.08.2014 22:53
1146
Яке аз масъалаҳои мавриди баҳс дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои раҳбарии вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия 11 август дар Хуҷанд ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии тоҷикон дар Русия рабт дошт.
Бонки миллӣ гуфт, пулҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон нест
15.08.2014 10:07
1159
Бонки миллии Тоҷикистон иддаои вазири нафти Эронро рад кард, ки гуфтааст, Бобаки Занҷонӣ, як миллиардери зиндонии кишвараш 2 миллиарду 700 миллион долларро ба ҳисоби бонкии тақаллубиаш ба Тоҷикистон гузаронидааст.
Афсарони тоҷик одоби муошират бо сайёҳонро меомӯзанд
15.08.2014 10:01
1309
Ба иддае аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулис, гумрук ва марзбонон дар Тоҷикистон аз фарҳанги муносибат бо сайёҳони хориҷӣ меомӯзанд. Сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бояд бо фарҳанги нек рӯбарӯ шаванд, на бо бадмуомилагӣ, беэҳтиромӣ ё ришваситонӣ.
Абармарди роҳи қонун
14.08.2014 09:41
1152
Номи неки нафароне, ки умри худро сарфи меҳнати ҳалол, накӯкорӣ ва адолату ростқавлӣ кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз сафҳаи таърих зудуда нахоҳад шуд.
Нисфи ҷумҳурӣ дар ҷустуҷӯи Осияи 5-сола аст?
11.08.2014 21:57
1403
Бо гузашти 3 рӯз аз нопадид шудани Осия Диловарова, мақомоти интизомӣ фарзияеро дар бораи гум шудани тифли 5-сола пешниҳод накардаанд ва агар карда бошанд, ҳам расман эълон накардаанд.
















