Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Аз 15 то 17 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Эҷоди ҳамфикрӣ барои субот ва пешбурди идоракунии амният ба таври муштарак» Форуми байналмилалии 13–уми Сяншани Пекин баргузор гардид.
Тавре ба мо аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум низомиёни Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода иштирок намуданд.
Дар доираи форуми 13-уми Сяншани Пекин чор ҷаласаи умумӣ доир шуд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳо оид ба «Тартиботи байналмилалӣ ва суботи стратегӣ», «Низоъҳои маҳаллӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Хатарҳо ва хавфҳо ба амният ва субот дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» ва «Нақш ва дидгоҳи кишварҳои рӯ ба рушд» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни форум оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи амният табодули назар намуда, доир ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои мусоидат ба таъмини сулҳу субот ибрози андеша намуданд.
Форуми Сяншани Пекин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ ба шумор рафта, дар доираи он масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкории давлатҳо ва роҳҳои таъмини суботу амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»
















