11:57:42 24-уми Ноябри 2026 сол

Хазина аз

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад Хабар 15.09.2026 20:38 378
Кишоварзони мамлакат то 14 сентябри соли равон 39 ҳазору 190 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Барои ҷамъоварии пахта наздики 70 ҳазор нафар чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд.
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд Хабар 15.09.2026 20:35 1504
Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин вохӯрӣ намуд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Кувайт Хабар 15.09.2026 20:33 693
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 15 сентябри соли 2026 Равзана ба ҷахон 15.09.2026 06:39 347
Парламенти Аврупо тарҳи қонуни наверо тасдиқ кард, ки бар асоси он истихроҷи (майнинг) Биткоин бо истифода аз энергияи ғайриэкологӣ дар ҳудуди ИА аз соли 2027 комилан манъ карда мешавад. Ин хабар боис шуд, ки қурби Биткоин дар бозорҳо 4% коҳиш ёбад.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи нав дар филиали ДЭМ дар Душанбе Хабар 14.09.2026 22:00 368
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави бисёрфунксионалӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин филиал.
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд Хабар 14.09.2026 21:56 372
Дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи 111-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода иштирок намуд.
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад Хабар 14.09.2026 21:53 340
29-30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» баргузор мегардад, ки майдони муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои трансформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия, рушди экосистемаи стартапҳо, инфрасохтори рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳо хоҳад буд.
Даргузашти Доро Наҷот: Адабиёти тоҷик як сутуни шеъри сафедро аз даст дод Хабар 14.09.2026 12:25 378
Ҷомеаи фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистонро андӯҳи гароне фаро гирифт. Субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, Шоири халқии Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигори соҳибистеъдод Устод Доро Наҷот пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 14 сентябри соли 2026 Равзана ба ҷахон 14.09.2026 11:38 313
Иқтисоддонҳои байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки таварруми ҷаҳонии вобаста ба нархи нафт ба натиҷаҳои интихоботи тирамоҳии ИМА ва Аврупо таъсири мустақим мерасонад. Маъракаҳои интихоботӣ пурра таҳти сояи баҳсҳои сӯзишворӣ қарор гирифтаанд.
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон Таърих 14.09.2026 04:00 528
Дар таърихи миллатҳо рӯзҳое ҳастанд, ки бо тақвим ва рӯзҳое ҳастанд, ки бо тақдир муайян мешаванд. Рӯзи истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик аз ҷумлаи ҳамон рӯзҳое аст, ки аз ҳудуди як воқеаи сиёсӣ фаротар рафта, ба оғози давраи нави худшиносии миллӣ, эҳёи иродаи давлатдорӣ ва бозгашти миллат ба саҳнаи мустақили ....