21:06:21 14-уми Сентябри 2026 сол

Ифтитоҳи озмоишгоҳи нав дар филиали ДЭМ дар Душанбе

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави бисёрфунксионалӣ ба истифода дода шуд.

Donishkadai energetikiiДар озмоишгоҳ аз фанҳои асосии самти энергетикаи барқӣ ва электротехника корҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд. Таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва маҷмааҳои ченкунӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки на танҳо донишҳои назариявӣ гиранд, балки малакаҳои амалии моделсозии низомҳои энергетикӣ, танзими муҳофизати релегӣ, омӯзиши равандҳои гузаранда, таҳлили сифати неруи барқ, талафоти неруи барқ ва усулҳои сарфаи энергияро азхуд намоянд.

Озмоишгоҳи нав чун қисми муҳими муҳити муосири таълимии филиал ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисӣ, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон заруранд, мусоидат мекунад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ