22:25:52 15-уми Сентябри 2026 сол

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад

Кишоварзони мамлакат то 14 сентябри соли равон 39 ҳазору 190 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Барои ҷамъоварии пахта наздики 70 ҳазор нафар чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд.

3 pahta-dar-KonibodomБарои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияҳо ва вилоятҳо вазифадор гардидаанд, ки дастранҷи марди деҳқонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Соҳаи   пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.

Тибқи нақша, соли равон кишоварзони Тоҷикистон беш аз 394 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна пешбинӣ гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медод.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ