21:07:10 14-уми Сентябри 2026 сол

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад

29-30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» баргузор мегардад, ки майдони муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои трансформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия, рушди экосистемаи стартапҳо, инфрасохтори рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳо хоҳад буд.

Taj-TechФоруми байналмилалии «TajTech – 2026» дар заминаи татбиқи ташаббуси созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 майдони муаррифии зарфияти миллӣ дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла равандҳои зеҳни сунъӣ арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешсафи технологӣ, сармоягузорон, соҳибкорон, доираҳои илмӣ ва коршиносони шинохта аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намоянд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ