15:20:30 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

СЕ ХОТИРАИ КӮТОҲ АЗ СЕ МУЛОҚОТ

Ба ифтихори зодрӯзи яке аз беҳтарин рӯзноманигорон ва муҳаррирони Тоҷикистон - устод Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев...

mazhabsha-muhabbatshaev 54541245451. Соли 2002 донишҷӯйи соли аввали донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ будем. Раиси донишкадаамон, устоди фақид, профессор Асадулло Саъдуллоев маҳфиле бо ҳузузри чанд рӯзноманигору нависандаи пуровоза, аз ҷумла устодон Нур Табар ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев созмон доданд.

Замони суханронӣ, устод Мазҳабшоҳ аз мо пурсид, ки чӣ китобҳо хонадем ва вақте посухи қонеъкунандае нагирифтанд, ҳидоят доданд, ки китоб бештар бихонем ва гуфтанд:

"Миллате, ки аз мутолиа монд, мемирад!"

2. Моҳи ноябр ё декабри соли 2002 дар хонаи Бӯрӣ Карим, ки он замон дафтари "Боргоҳи сухан" ҳам буд, шаби шеъри шоири бузургу он замон фирории тоҷик Бозор Собир баргузор шуд, ки аз Амрико омада буд. Ман, ки аз ошиқони шеъри ғарро ва миллигароёнаи Бозор Собир будам, соате пеш аз оғози маҳфил рафтаму дар раддаҳои аввал дар яке аз курсиҳо ҷой гирифтам. Дар лаҳзаҳои оғозини маҳфил Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро яке аз мутсаддиёни маҳфил оварданду нафари паҳлӯйи маро хезонду, эшонро ҷой доданд. Бояд бигӯям, ки дар ин маҳфил садҳо кас ба истилоҳи маъмул росто (ба пой) истода буданд.

Яке аз ҳозирин маҳфил, фарзанди 5-6-солаашро ба пеши Бозор Собир бурду ӯ шеъри дурударозе аз аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хонд. Бозор баъди шеърхонии он кӯдак аз ӯ ситойиш кард, вале падарашро гуфт, ки зеҳни кӯдакро бо ин шеърҳои сахту сиёсӣ азоб надиҳед ва барои кӯдак беҳтарин шеърҳо навиштаҳои устод Миршакару Гулчеҳра Сулаймонистанд. Баъди ин, устод Мазҳабшоҳ, ки шарикдарси донишгоҳии устод Бозор Собир буданд дар "ҳолу ҳавои ҳамкурсӣ" баланд-баланд хандидану гуфтанд:

"Ин падар...т шоири бузург шуду одам нашуд".

3. Тирамоҳи соли 2006 созмони Интернеюс пешопеши интихоботи порлумонӣ давраи омӯзишие барои рӯзноманигорон баргузор кард, ки мани донишҷӯ ҳам ширкат мекардам. Устод яке аз теренерон буданд. Иттифоқан он замон рамазон ҳам буд, ки бегоҳиҳо мо саросема ба хона мешитофтем. Як бегоҳӣ ману шарикдарсони азизам Беҳзоди Исомиддин, Каюмарси Ато ва рӯзноманигори хушном Сафват Бурҳонов ҳамроҳ бо устод ба роҳи бузурги мошингард расидем, ки Сафват пурсид: кӣ ба куҷо?

Устод, ки мустақиман мерафтанд, посух доданд, ки:

"Роҳ якест ва он роҳи ростист" (ҳикмате аз Авастову Қуръону китобҳои дигари осмонӣ).

Имрӯз, ки зодрӯзи устод буд, дафтари хотираҳоро варақ задам, ки ин лаҳзаҳои бисёр муборак ба зеҳнам расид ва хостам бо шумо шарик кунам.

Ёду коркардҳои устод, гиромӣ ва раҳмати Ҳаққ бар равони покашон!

Бознашр аз саҳифаи Иршод Сулаймонӣ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi