05:36:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Зодрӯз хуҷаста бод, устод Бобоҷони Шафеъ!

Ҳайати эҷодии сомонаи "Рӯзгор" устод Бобоҷони Шафеъро ба муносибати зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд ба ишон сиҳатмандиву саломатӣ ва умри пурфайзу баракатро дар касбу кору зиндагӣ таманно мекунад. Устоди азиз, қаламатон ҳамеша сабз бод! Зодрӯзатон муборак бод!

Табрикоти дигареро, аз номи бародари гиромиқадрамон Обид Шакурзода, ки ба муносибати зодрӯзи Шумо дар саҳифаи фейсбук рӯи чоп овардааст, дар инҷо бознашр мекунем...

БОБОҶОН, ШАСТИ ШАҲОМАТУ ШАРАФМАНДИ ШУМО МУБОРАК БОД!

bobojoni-shafe-454554Агар аз журнолистика таърифи мухтасар кунем – он талоши хома баҳри пухта гардидани ормонҳои инсонӣ, он – ҷабҳаи набарди пиндору гуфтору кирдори ростину созанда дар баробари сиёсати каҷҷу килеби печида баҳри қонунмандии қонун дар ҷомеъа, ва он - ойинаи ормонҳое, ки инсон хоҳони он асту барои ноил шудан ба он талош мекунад ва билохира, журналистика охирин пойгоҳи умеду доду таҳаққуқи ҳақиқату адли ҷафокашидагони маҳрум аст, ки аз ҷойгоҳи дигар навмеду номурод баргаштаанд; додрасу додситоне пайдо накардаанд. Бо ин таърифи кӯтоҳ, журналист башоратовари розу ниёзҳост, ки пайки ӯро аз тифлони муҳассил то коргару кишоварз, то донишҷӯю донишманд, то инсонҳои мусинну солманд муштоқ мешаванд ва аз сухани ҳаққу ростину ҳақҷӯёнааш руҳу умеди тоза мегиранд. Зеро журналист хармуҳраро на дурр гӯяду коҳро на кӯҳ! Ин аст, ки журнолисти асил аз маддоҳони сухан фарқ мекунад, балки муште бар даҳони маддоҳу чоплус ҳамезанад ва ин фирцаи каззобони тамаъкори дар суханбадаҳдро ба аҳли ҷомеъа мешиносонад! Ин таърифҳоро аз журналистика ман аз кору корбарии БОБОҶОНИ ШАФЕЪ, ки воқеан рӯзноманигор ҳастанд, бардоштаам. Ба Бобоҷон ҳамин гуна замони дар Радиёи шуравии Тоҷикистон кор кардан (солҳои 1980), тавассути барномаҳошон, аз ҷумла барномаи ҷононаи "Мо ва шунаванда", ки онро дар паҳнои бузурге ҳамчун Тоҷикистону Узбакистон муштоқона интизор мешуданду бо ҳавас мешуниданд, ифтихори ошноӣ пайдо кардам, ки паёмҳои хайру шодиву шараф мерасонданд. Чӣ муддатеро аз сар гузарондаем аз он дам то кунун, аммо БОБОҶОН ҳамчунон савори саманди рӯзноманигорӣ, дар майдони ҳарбу зарби зиндагонӣ ҳамеша набзи ҳаёти Ватан дар даст, аз рӯзгори ҷомеъаи мо хабар мерасонанд, ки дар ин хабарҳо ҳам дард асту ҳам даво, ҳам ғам ҳасту ҳам шодӣ, ҳам шикаст ҳасту ҳам пирӯзӣ, ҳам навмедӣ ҳасту ҳам уммедворӣ; БОБОҶОН барои баҳори хушбахтии диёри мо аламу қалам мекашанд.

Ба ин муносабату ба ифтихори ин рӯз ба додарам, БОБОҶОН, хаста набошед, мегӯям. Ба фаррухии ин рӯзи шариф, ба пойдории ин мулки шариф, дуъо мекунам, ки муборак бод пайкорҳои ватандӯстонаи БОБОҶОН ва поянда бод ному хоки қудсии ТОҶИКОН ва ТОҶИКИСТОН!

"Рӯзгор"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi