14:56:12 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИДИ МОДАР МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!

Имрӯз, 8-уми март рӯзи Иди модарон аст. Боз ҳам борон борид, ҳатто он имсол ба барф табдил ёфт. Беш аз 20 сол аст, ки дар  ҳамин рӯз дар кишвари мо табиат мегиряд. Модари ман бештар аз он мегиряд. Имсол ҳам гиряи модари азиятдидаи ман шадидтар асту талхтар.

/images/stories/2013/03/08_1.modaram-080313.jpgОхир имсол расо 20 сол мешавад, ки садои ҷигарбандаш, бародари лахти ҷигарам, Исломиддинро, ки дар ҳамин рӯз 55 сол пеш ӯро таваллуд карда буд, дигар ҳаргиз намешунавад. Дигар намешунавад, ки ӯ барояш мегуфт: «Очаи ҷон, марову падарамро чӣ қадар зиёд дӯст медоштаӣ, ки дар ин рӯзи муборак, Иди худат, маро ҳамчун тӯҳфае барои падарам таваллуд кардӣ!». Фикр мекунам, ки модарам Исломиддинро аз даҳ фарзанди дигараш бештар дӯст медошт. Зеро аввалан Исломиддин талош мекард, ки мисли падару модарам ў низ серфарзанд бошад. Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз он, ки  синни 35-солагиро пур кунад, фарзанди ҳаштумаш таваллуд шуд. Ҳини гурезогурез аз вањми силоҳбадастон дар «Бешаи палангон».

«Очаи ҷон, номашро Ҳадиса, номи худатро мемонам, чӣ гуфтӣ?»-, розигии модарамро пурсид бародарам Исломиддин. «Худат медонӣ, бачам. Номҳои шуморо ман гузоштам, ҳақ дорӣ, ки номҳои фарзандонатро худат гузорӣ», посухаш дод модарам. Дуввум вақте, ки модарам бо гардани каљ дасти дуо ба сӯи Худо бардошту ба ҳамаамон фотеҳа дод, ки барои халосии ҷони худу фарзандонамон мисли дигар мардони деҳа то як муддати муайян ба ҷойҳои амнтар равем, Исломиддин розӣ нашуд.

/images/stories/2013/03/08_2.barodaram-080313.jpgӮ гуфт, ки ман модарамро партофта ба ҳеҷ ҷо намеравам. Ҳарчанд ба ӯ гуфтем, ки истоданаш баръакс, бар зарари модар аст, гапи моро нагирифт. Насиб будаасту силоҳбадастон омаданд ва ӯро дар ҳамон «Бешаи палангон», дар назди модарам ва зану фарзандонаш ба шаҳодат расонданд. Модари зораму чанд мӯйсафеду кампири барҷомонда баъди рафтани силоҳбадастон тани ба хун оғӯштаи Исломиддинро дар хоки сияҳи ҳамон «Бешаи палангон» бо сад дарду алам гўр карданд. Расо ду рӯз баъд Ҳадисаи хурдиро низ дар паҳлӯи падараш гӯронданд. Чи даҳшатеро ба танҳоӣ он замон аз сар гузаронид модари зорам…

Дирӯз, бародарам Тоҷиддин, ки феълан дар деҳа ҳамроҳи модарам ҳаст, акси ўро аз тариқи телефон дар саҳифаи интернетии хеш, дар сайти «Одноклассники» гузошт. Ва ӯро бо рӯзи Иди модарон табрик гуфт.

Ҳамон замон, аз Алмаато, набераи дигари модарам Зафар, дар шарҳи ин табрикот бо ифтихор гуфтааст, ки «Ин бибиҷони ман аст!». Дар посух набераи дигари модарам Муҳаммадӣ аз Маскав гуфтааст, ки «Зафар хато мекунад. Агар бибияш мебуд, чаро чор сол боз ба суроғаш нарафтааст. Ин бибии ман аст!». Ва бибиашро ӯ низ бо Иди модарон табрик гуфтааст. Наврӯз, писари худораҳматии Исломиддин, аз Қазони Тотористон садо баланд кардааст, ки касе ҳақ надорад бибиҷони ӯро аз худ кунад.

/images/stories/2013/03/08_3.barodaram_islomiddin-0803.jpgМуҳиддин, писари банда аз Владивосток, низ ба ин баҳс ҳамроҳ шуда бибиҷонашро бо Идаш табрик гуфтааст. Ҳамин тариқ Субҳиддину Чаҳонгиру Аҳмадшоҳ, Зафар, Фирӯз, Соҳибқирон, Мустафо, Эмомалӣ, Зарринаву Низорамоҳ, Садафу Идимоҳ, Таҳминаву Паримоҳ аз дигар шаҳрҳои Русияву Қазоқистон ва аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон бибияшонро бо рӯзи Иди модарон табрику муборак бод гуфта барояш саломативу бахту саъодат орзу карданд.

Ва Тоҷиддин ин ҳама баҳсу мунозираҳоро як ба як, нарезондаву начаконда ба модари бузургворамон ҳар лаҳза мерасондааст. Албатта чунин муносибати фарзандону наберагон каме бошад ҳам ба дарди бедавои модар таскин мебахшад. Модарам имрӯз шукри Худованди бузургро мекунад, ки фарзандондони дигараш сиҳату саломат буда дар хизмати ӯ қарор доранд. Ӯ имрӯз соҳиби даҳҳо нафар навасаву ҳаваса гаштааст.

Имрӯзу фардо ҳавасаҳояш низ издивоҷ хоҳанд кард. Ӯ ҳамеша дар намозҳояш аз Худованди бузург илтиҷо мекунад, ки дар мамлакат амну осоиштагӣ ҳукмрон бошаду мардум хушу осуда зиндагонӣ кунанд. Дигар ҳаргиз рӯи ҷангро набинанд. Модарон дигар мислу ӯву монади дигар модарони фарзандгумкардаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки шумораашон аз даҳҳо ҳазор нафар зиёд аст, дигар ҳаргиз доғи марги фарзандро набинанд, дигар ҳаргиз нолаҳои пургудози беваҳои ҷавонро нашунаванду насӯзанд.

Худованд ҷавонмардонро ҳеҷ вақт дигар ҷавонмаргу духтаронро сиёҳпичамарг нагардонад. Ӯ дуо мекунад, ки рӯзе тамоми фарзандҳову навасаву ҳавасаҳояш дар Ватан сарҷамъ шаванду дар ҳамин ҷо барои ободии диёр саҳми арзанда бигузоранд.

/images/stories/2013/03/08_4.man-bo-modaram-080313.jpgМан низ дар навбати худ аввал модари азизам ва дар симои ӯ тамоми модарони ҷумҳуриро ва баъдан тамоми хоҳарону бонувонро дар сар то сари кишвару берун аз он бо рӯзи Иди модарон табрик гуфта барояшон рӯзгори хушро орзумандам. Бигузор осмони бахти онҳо ҳамеша софу беғубор бошад ва агар дар он абре пайдо шавад ҳам, бигузор он абр абри раҳмат бошад ва агар дар чашмони пурмеҳри онҳо ашк ҳалқа занад њам, бигузор он ашк ашки хурсандӣ бошад. Чун дар ин рӯз аз шаҳидон низ ёд кардем, дуо кунем, ки Худои бузург рӯҳи онҳо ва боз тамоми модаронеро, ки аз дунё гузаштаанд, аз мо шоду хонаи охирати онҳоро обод гардонад ва бозмондагони онҳоро Парвардигори олам дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад.

Ба ин табрикоти хеш ман бо ин қитъаи шеърӣ, ки аз шодравон устод Лоиқ аст ва ҷавобгӯи эҳсосоти ҳаминлаҳзаинаи банда мебошад, ҳусни мақтаъ мебахшам:

Дурам аз даргоҳи ту, ман дарди ту, ман оҳи ту.

Нестам ассои пирият чи чизам модарам?

Вой бар ман, вой бар ман! Хок резад бар сарам,

Бар сарат гар ганҷи умрамро нарезам, модарам!

ххх

Кош будам ҳамбаҳои як суруди аллаат,

Эй дилат гаҳвораи поки тамизам, модарам.

Зиндагӣ чун кӯдаке ором гирад як нафас,

Аз суруди ҷонфазои ту азизам, модарам.

Султони Ҳамад



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: ИДИ МОДАР МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!Юсуф 09.03.2013 18:40
hazor ofarin va ahsan janobi Sultoni Hammad.Bisyor oli
khele vakht bud baroi modari az dast raftaam injuri girya nakarda budam
khusho ba holaton ki Khudovand garontarin nemati khudro baroi Shumo hifz karda ast iloho 100 soli digar soyaash boloi saraton boshad!
Аz Modar hamin bas ki daftari zindagii khudro nimatamom guzoshta daftari nave bo nomi FARZAND megushoyad va baroi saodati oh mesuzadu mesozad!
Юсуфи Қубодиёнӣ(Камол ов)
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi