21:38:45 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Модар ҳам мисли Худову Расулаш ягона аст!

Ба васфи модар шуаро ва донишмандони олам беҳтарин мадҳия ва суханҳои худро бахшидаанд. Модарро яке хуршеди тобон гуфтааст. Дигаре чароғи хонадон номидааст, саввуми фариштаи рӯи замин хондааст... Вале ба назарам ҳамаи ин ташбеҳоту монандкуниҳо ноқисанд, наметавонанд бузургии модарро бо тамоми ҳашаматаш ифода кунанд.

ruzi-modaron 5412855

Бале, бе офтоб дар замин ҳаёт вуҷуд надорад. Ҳама мавҷудоти рӯи замин муҳтоҷ ба гармиву рӯшноии офтобанд. Бидуни офтоб ҳеҷанд. Вале офтоб бо ин бузургиву рӯшаниву гармӣ наметавонад ҳамрадифи модар бошад. Зеро наметавонад офтоби дигаре тавлид кунад. Офтоби осмон ба зоти худ таку танҳост. Ва то охирин рузҳояш танҳо мемонад. Ва аммо зиндагонии башарият аз нуру гармиву рушании модар -ин офтоби ҳамешаҷовидон ва офаридгори миллионҳо мисли худ офтоби дигар маншаъ мегирад ва идома меёбад.

Модар идомадиҳандаи ҳаёти башарият аст. Дар ҳоле, ки вуҷуди модар дар замин беш аз офтоби оламтоб бошад, чароғи хонадон гуфтани ӯ ҳам чандон ҷоиз ва мантиқӣ нест. Хонае, ки дар он модар-офтоб бошад, албатта ба чароғ эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин модарро чароғи хонадон гуфтан ин ҳақир нишон додани модар аст… Бале, аз он ки модари ҳақиқӣ, модари ҳамеша ғамхору парастори фарзанд сифати фариштаро дорад, мисли фаришта маъсум аст. Ва бисёриҳо ӯро барои ҳамин хислаташ фаришта дар замин мегӯянд. Вале модар ҳазорҳо бор бартар аз фариштаи осмонист. Зеро офаридгори миллионҳо мисли худ фариштаҳо дар рӯи олам аст… Пас чӣ бигӯем, чӣ гуна васф созем модарро?

Чун Пайғамбари Худо (с) биҳиштро дар зери қадами модарон гуфтааст, пас баъди Худову Расулаш бузургтарин зоте, ки дар рӯи замину осмонҳост, ин модар аст. Пас модар ҳам мисли Худову Расулаш ягона аст…

Рӯзи модарон муборак, ҳамватанон ва дӯстони азиз!

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi