00:03:40 24-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Саодат Амиршоева: "Аз порлумон меравам, вале хонашин намешавам"

Яке аз вакилони пуровозаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Саодат Амиршоева, дар интихоботи 1-уми март ширкат намекунад, аммо «хонашин» шудан ҳам намехоҳад.

saodat-amirshoeva-156446562.jpgВакиле, ки гуфта буд, духтарони тоҷик набояд ҳамсари хориҷиён шаванд ва санҷиши бакорати душизагон як таҳқир аст ва аммо муҳимтарин пешниҳодаш манъи издивоҷи хешу табор буд, дар интихоботи навбатӣ ширкат нахоҳад кард. Сабаби ин тасмим рӯшан неаст, аммо дар сӯҳбате бо мо рӯзи 16-уми феврал Саодат Амиршоева гуфт, "бояд навбатро ба ҷавонон дод ва бигзор бубинем, порлумонеро, ки матбуот танқид мекард, шояд соҳиби вакилони тавонотаре шавад ва корро беҳтар аз гузаштаҳо ба роҳ монад."

Ягона генерали тоҷик аз байни занон, хонуми Амиршоева, афзуд, ҳайати гузаштаи порлумон як ҳайати касбӣ буд ва "дар он 17 ҳуқуқшиносе кор карданд, ки на танҳо дар худи порлумон, балки дар тамоми кишвар ҳамчун ҳуқуқдонҳои соҳибтаҷриба обрӯ доранд. Як қисми онҳо номзадҳои илм буданд ва қисми дигар пас аз солҳои зиёди таҷрибаи амалӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун вориди маҷлис шудаанд.»

Худи Саодат Амиршоева пас аз чандин соли кор дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун ва 16 соли сарварӣ ба идораи адлияи вилояти Хатлон вакили порлумон шуд. Вай узви ҳизби ҳоким набуд, аммо бо ҳимояти ин ҳизб дар як интихоботи миёндавраӣ, дар моҳи августи соли 2008, вақте ки аз оғози кори даъвати сеюми Маҷлиси намояндагон аллакай ду сол гузашта буд, вакил интихоб гашт. Сипас дар интихоботи соли 2010 ҳамчун узви ҲХДТ ширкат кард ва бо пирӯзӣ бар рақибаш аз ҲНИТ дубора ба курсии палатаи поёнии порлумон нишаст.

Дар охирин рӯзҳои кораш дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Саодат Амиршоева пурсидем, оё дар давраи вакилияш дар Маҷлиси намояндагон боре ҳам зидди ягон пешниҳоди ҳукумат раъй додааст?

Саодат Амиршоева: «Буд чунин ҳолатҳо. Чаро не? Бисёр чизҳое буд, ки мо тавонистем, дар ҷаласаҳои саркумитаҳо онҳоро баргардонем. Лекин ҳамеша кӯшиш мекардем, ҳамон қонунҳоеро, ки ба манфиати давлат ва халқ аст, фарқаш нест, ки ҳукумат пешниҳод кардааст ё вакиле ташаббус кардааст, қабул кунем. Дар ин байн ҳолатҳое буданд, ки зидди ҳукумат ҳам мебаромадем ва ба тарҳи онҳо дигар хел тағйирот медаровардем. Мардум бисёр сода нигоҳ мекунанд. Гӯё ҳукумат ҳар чизе ки пешниҳод мекард, мо қабул мекардем. Аммо ҳолатҳое буд, ки қабул ҳам кунем, зидди ҳукумат мебаромадем.»

-Масалан, Шумо дар ҳайате будед, ки барои роҳи пулакӣ ва додани ихтиёри он ба як ширкати номаълум овоз дод. Чаро?

-Ин пеш аз вуруди ман ба порлумон, дар даъвати сеюм қабул шуда буд. Вале мо борҳо ин масъаларо бардошта будем, ки дар кишвари мо роҳи алтернативӣ нест ва бояд ба мардум сабукӣ дода шавад. Аммо бино бар сабабе ки мебоист, роҳҳо сохта ва нав карда шаванд ва тунелҳо нигаҳдорӣ шаванд, мегуфтанд ва мегуфтанд, ки буҷаи давлат пули кофӣ надорад барои ин, қабул кардем. Хайр сабабҳои объективию субъективияш зиёд аст дар ин масъала.

-Бештар субъективӣ, не?

-Хайр, чӣ бигӯям ба Шумо?

-Шумо узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амният будед. Ягон бор дар он масъалаи маҷрӯҳ шудани ҷавонон ҳангоми «облава» ё аскаргири маҷбурӣ ё ҳангоми хизмати ҳарбӣ баррасӣ шудааст?

-Мо борҳо ин масъалаҳоро гузоштагӣҳастем вҳа ҳамчунин ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагонамон кӯшиш кардаем, ки мардум ҳаққу ҳуқуқи худро шиносад ва аз қонун бохабар бошад. Дар қонун «облава» гуфтагӣ чиз нест. Мо бояд ҷавононро тавре тарбия кунем, ки аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Мавсим, ки сар шуд, онҳо ба Русия мегурезанд, пинҳон мешаванд, ки ба хидмати артиши миллӣ нараванд.

-Охир дар артиш онҳо латукӯбу захмӣ мешаванд, худро маъюб мекунанд ё ҳамхидматони калонсолтар онҳоро маъюб мекунанд. Ин мавзӯъҳо то порлумон мерасид?

-Бале, чаро не. Аммо ин ҳолатҳо бештар мавриди таҳқиқи ҷиноӣ мешаванд ва дар он ҳолат порлумон ҳаққи муҳокимаи онҳоро надорад. То муҳокимаи судӣҳеч касро намешавад, гунаҳкор донист.

-Аммо боре ҳам вазири дифоъ ё сарфармондеҳи нерӯҳои сарҳадӣ барои додани ҳисобот ба порлумон даъват шудаанд?

-Не, мо ин ҳақро надорем. Мо онҳоро муҳокима карда наметавонем. Гуфтам ку назорати иҷрои якхелаи тамоми қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон вазифаи додситонии кулли Тоҷикистон аст.

-Яъне порлумон наметавонад, ки иҷрои қонунҳои қабулкардаи худро назорат кунад?

-Не, наметавонад, зеро қонун барояш чунин салоҳиятро надодааст. Мо се шохаи қудрат дорем, ки яке порлумон ҳамчун шохаи қонунгузор аст ва ҳукумати иҷроия ва сипас суд, яъне додгоҳ. Ин се шоха бояд дар ҳамкорӣ бошанд. Дар баъзе кишварҳо порлумонҳо ин ҳақро доранд, ки иҷрои қонунҳои қабулкардаи худро назорат кунанд. Дар мо чунин нест, аммо шояд хуб мешуд, агар чунин мебуд.

-Пешниҳоди Шумо барои манъи издивоҷи хешу табор нагузашт, чаро?

-Аниқ намедонам, чаро, вале ҳукумат зидди он баромад. Аммо ба шарофати пешниҳоди ман ва сару садои атрофи он ҳоло, бовар дорам, зиёда аз 80 дарсади ҷавонон медонанд, ки издивоҷ бо хешу табор сабаби таваллуди кӯдакони ноқис мешавад. Ин бештар дар байни пулдорон муд шудааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, дороияшон ба хешу наздиконашон насиб кунад, вале ба генофонди миллат зарба мезананд.

-Дар муддати ваколати худ чанд дархосту талаби интихобкунандагонро иҷро кардед?

-Росташ, шумораашон дар хотирам намондааст. Якеаш ин буд, ки сохтмони Маркази ҷавонон дар шаҳри Қӯрғонтеппа нотамом монда буд. Ин масъаларо бо ҳукумат ҳал кардем. Дар Сарбанд пуле ҳаст, ки онро "чёрний мост ё "чертов мост" мегӯянд, бояд таъмир мешуд, ки мошинҳои калони боркаш ба шаҳр надаромада, аз роҳи наздиктар гузаранд ва муҳити шаҳрро ҳам вайрон накунанд. Инро "наказ" доданд, иҷро кардам. Мактаби, ба фикрам, рақами 12 буд, сохтмонаш мондагӣ буд. Онро ба буҷа дохил кардам. Зиёданд ин корҳо, аммо ҳоло ҳаминҳо ба ёдам омад.

-Шумо як инсони пуркор ва фаъол, акнун машғули чӣ мешавед?

-Ман медонам, ки хонашин шуданам ба маънои интизори марг нишастан хоҳад буд. Ман хонашин намешавам. Бекор ҳам намемонам. Метавонам судя шавам ё дар донишгоҳе дарс диҳам ва ё вакили дифоъ шавам.

-Пас ягон нақшаи муайян доред?

-Не, ҳоло ягон нақшаи муайян надорам, зинда бошем, мебинем!

-Аз таҷрибаи худ ба ҷойгоҳи занон дар ҳукумати Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед?

-Ростӣ, баъзе занонро дар вазифаҳои баланди давлатӣ дида, ба ғазаб омадаам, ки ин хел занонро аз куҷо меёбанду ба чунин вазифаҳо мегузоранд, вале занони арзандае ҳастанд, ки ба онҳо эътибор дода намешавад. Ҳол он ки сардори давлат ҳамаи шароитро фароҳам овардааст, ки занони лаёқатманд дар умури давлатӣ ширкат кунанд, аммо ҳукумат ё шахсони муайян ба онҳо имконият намедиҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi