07:03:16 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боре алам кашид зане, аз ҷафои ёр

Махфират Юсуфӣ 9-уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааcт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Аз 10 уми майи соли 2003 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон. Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагон. Аълочии фарҳанги ҶТ.

zebo-khonum-0001То ин дам маҷмӯаи шеърҳо ва дигар осораш таҳти унвони "Гаҳворабони ғам" (соли  2003), "Гӯётар аз садо" (2004), "Ҳадиси тарбияти бузургсол" (2004), "Дардҳои ниҳон" (2005), "Гули ёс" (2005 нашриёти Адиб), "Печутоби сарнавишт", (2011 нашриёти Деваштич) "Гӯётар аз садо" (2010 нашриёти Эҷод), "Фоли Ҳофиз" (баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ 2009), "Пайки Наврӯз" (2012, чопхонаи Пайванд), "Асири зиндагӣ" (2013, нашриёти Шаҳпар), "Тозакориҳои истиқлолият". "Маҷмӯаи мусоҳибаҳо" (2013) ба дасти хонанда расидааст.

АЛАМИ ЗАН

Бори алам кашид зане, аз ҷафои ёр,

Чун заррае надид, сахову вафои ёр.

Дар чеҳри ёри хеш, надид ӯ, ба умри хеш,

Боре сафои ёр.

                Аз хотироти талху ҷигарреш, гиря кард,

                Аз доғу аз ҳуқуқу ҳаққи хеш, гиря кард.

                Аз ҷабру аз ҳақорати бадкеш, гиря кард,

                Дилреш гиря кард.

Кошонаи падар, ки варо хонааш набуд,

Шавҳар намуд, боз варо хонааш набуд,

Пир гашту хона монд, чу меросии писар,

Бехона пир шуд.

                Дар дил варо, фақат ситаму доғу дард монд,

                Аз зиндагии хеш, фақат ранги зард монд.

                Ин ғуссаву алам, ба дилаш, боз мард монд,

                Бо қалби дард монд.

Эй зан, чаро надонӣ, туро ҳаст чорае,

Боре бихон, Хатичаву Заҳрову Сорае.

Сахт аст бесаводиву сахт аст бедилӣ,

Чун санги хорае.

                Эй хоҳар, эй саодати мардони рӯзгор,

                Эй рушании хонаву дилгармиҳои ёр.

                Ман аз Худои хеш, бихоҳам барои ту,

                Ҷоно, набошӣ хор.

РОЗИ ИШҚ

Доим эй ҳамдил, туро ҳамроз мехоҳад дилам,

Дар ғаму шодии худ, дамсоз мехоҳад дилам.

Ҳамчу як ҷуфти парасту, дар ҳавои навбаҳор,

Бо ту эй ҳамболи ман, парвоз мехоҳад дилам.

Кош бошам нозбӯи ишқ, дар боғи дилат,

Чун нигори нозанинат, ноз мехоҳад дилам.

Худнамоӣ кай кунам бо гӯшвори зар, вале,

Дар баногӯш аз гуле, пардоз мехоҳад дилам.

Назди мардум гар намоӣ дӯстдориҳо маро,

Меҳрубониву навозиш, боз мехоҳад дилам.

Аз ғаму андуҳ дилгирам дар ин дунёи дун,

Базму бозиву суруду соз, мехоҳад дилам.

Гиря хомӯшона мекардам, вале акнун баланд,

Хандаҳоямро танинандоз мехоҳад дилам.

ИШҚИ САБЗ

Рӯзе, ки аз қазо бирасад дард бар сарат,

Рӯзе, ки ҳеҷ ёр набинӣ ту дар барат.

Рӯзе, ки ҳеҷ шарфа набошад паси дарат,

Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам.

Рӯзе, ки ғам занад ба дилат панҷаи фишор,

Рӯзе, ки ёр ноз кунад талху бешумор.

Рӯзе, ки хоҳӣ з-одаму олам кунӣ фирор,

Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам.

Рӯзе, ки чарх бо ту сад ошӯб мекунад,

Рӯзе, ки дард, ҳоли ту нохуб мекунад,

Рӯзе, ки ноумедӣ чу мағлуб мекунад,

Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам.

Рӯзе, ки ёр шикваи бисёр мекунад,

Рӯзе, ки чарх ҳиллаи ағёр мекунад.

Рӯзе, ки ғам ҳазину дарундор мекунад,

Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам.

АДОЛАТХОҲӢ

Бояд барои адлу адолат, дуо кунем,

Аз лутфу меҳри нӯгизабонӣ ҳаё кунем.

Гуфтори неку нексириштӣ мароми худ,

Домони дил зи макру разолат раҳо кунем.

Моро чи фурсатест, дар ин умри даргузар?

Бояд, ки қалби хеш зи зулмат даво кунем.

Бояд, ки зинда дошт умеди дили фигор,

Домони яъсу бухлу адоват раҳо кунем.

Бар обу нони ҳеҷ касе дида н-афканем,

Мо обу нони хеш, ба меҳнат ато кунем.

Иллат туро чӣ ҳаст, ки хубӣ намекунӣ?

Мо хубиҳои хеш, зи баҳри Худо кунем.

Гар тоҷдору тоҷикему ориёием,

Бояд барои Меҳани худ ҷон фидо кунем.

ОРЗУ

Кош, меҳри ту, чу қаҳри ту, фаровонӣ буд,

Кошки қиммати дидори ту, арзонӣ буд.

Кош шаффофтарин хотираат ман будам,

Лек, эҳсосат, аз ин ғамзада пинҳонӣ буд.

Дар лабонам ғазали ноб ҳамедидӣ, кош,

Кори лабҳои ту эй кош ғазалхонӣ буд.

Кош дар суҳбати ноаҳл намеафтодем,

Кош ҳар як сухан аз матлаби ирфонӣ буд.

Дӯст дорӣ ту чаро лаҳзаи борониро,

Ғофило, бе ту дилам, абриву боронӣ буд.

Кош девонагиамро ту намедонистӣ,

Ин ҳама сӯзи дили ман, зи парешонӣ буд.

Кош, ин лаҳза, чу пешина биёӣ ба дарам,

Аз қудуми ту дилам шоду чароғонӣ буд.

ЁДИ ТУ

Дурӣ аз ман, эй ба дил наздики ман,

Дурӣ аз ман масту бепарво басе.

Дер мефаҳмӣ, ки дар роҳи вафо,

Дасти ту ҷуз ман намегирад касе.

Мекунад бероҳагарду дарбадар,

Худсариву худпарастиҳо туро.

Тарс дорам, ки баландии ғурур,

Мекашад охир ба пастиҳо туро.

Ёди ту чун навбаҳори даргузар,

Мевазад ҳамчу насиме сӯи ман.

Мекунад андешаҳоямро ҳазин,

Мекунад ошуфтатар гесӯи ман.

Оҳ, ҳамчун ишваи гул дар чаман,

Ту намебинӣ дигар, нози маро,

Ту намехонӣ дигар, бо чашми дил,

Аз нигоҳи хастаам рози маро.

Бо ҳама сӯзу гудози қалби хеш,

Ман ба ишқи пок дорам боварӣ.

Кош як шаб, зору танҳову ғариб,

Моҳи навро дида ёдам оварӣ.

ИШҚИ МАН

Ишқи ман, эй ишқи оташгуни ман,

Гунаҳои арғувонии манӣ.

Дар ҷаҳони орзуву ормон,

Шеърҳои армуғонии манӣ.

Ишқи ман, эй ишқи шайдоии ман,

Аз ту дорам дар замири худ алам.

Ҳамчу оби дидаам аз ошиқӣ,

Мечакад дар дафтарам, ашки қалам.

Ишқи ман, эй ишқи поки содаам,

Шодии шоми ҳинобандони ман.

Оҳ акнун рози ғамноки туро,

Мекунад пинҳон лаби хандони ман.

Ишқи ман, аз шавқу завқи ту ҳанӯз,

Чун дили кафтар, дили ман метапад.

Аз нигоҳи хастаам чун мавҷи об,

Набзи нури манзили ман метапад.

Монда чун доғи баҳори ошиқӣ,

Хусни ҳузнангези боғи тирамоҳ.

Ишқи ман, эй ишқи саргардони ман,

Бо ғами худ дар ту меҷӯям паноҳ.

ҚИСМАТ ҲАМИН АСТ

Ҳамоне, ошиқаш будам, на ин аст,

Ки ин, бас кинаҷӯю оташин аст.

Чу дигар нест ҳамрозу ҳабибам,

Ки ин море, ба зери остин аст.

Ҳамоне хостам, ҳамрозу ҳамдил,

Ки бар ангуштарини ман, нигин аст.

Фақат сарду дилозор аст дигар,

Ҳама армони ман, зери замин аст.

Ба берун бод месозад ҳаёҳу,

Чу рӯи ёр талху саҳмгин аст.

Чаро думболи ман гардӣ шабу рӯз,

Маё, дигар маё, қисмат ҳамин аст.

Бигир аз дасти ман, ин номаамро,

Бидон, ин номаи ман, охирин аст…

ДОҒИ ДИГАРОН

Ман ба думболи туву ту дар суроғи дигарон,

Тарсам аз шабҳо, туӣҷоно, чароғи дигарон.

Ман ба думболи ту ҳамчун соя мегардам, вале,

Меҳри ту дидам, вале дар кӯчабоғи дигарон.

Доғи ғам бинҳода бар дил, марҳаме нагзоштӣ,

Сад даво ҷӯӣ, вале бар куҳнадоғи дигарон.

Савти булбулро нигар эй ҷони ман аз боғи дил,

Боғи гул меҷӯӣҷоно, ту зи боғи дигарон.

Бофтам чилкокуламро бо муҳаббат баҳри ту,

Н-омадӣ он шаб, ту будӣ чилчароғи дигарон.

Дастҳоямро чу боли турна бикшоям ба ту,

Аз маниву бо манӣ, аммо ту, доғи дигарон.

БИЁ

Бе ту ин дам, зору ғамгинам, биё,

Зери дарди бори сангинам, биё.

                               Гар биёӣ, ғам равад аз хонаам,

                               Шод, паҳлӯи ту биншинам, биё.

Ҷои ту дар бистари танҳоиям,

Карда дар оғӯш болинам, биё.

                               Чашми раҳпоям, гувоҳи ҳоли ман,

                               Бе ту резам ашки хунинам, биё.

Як даме чоно биё, бар хонаам,

Доғу ғамҳои ту барчинам, биё.

                               Ман саранҷоми муҳаббатро ба ту,

                               Босафову хуб мебинам, биё!

ДИЛ

Эй дил, чаро бо ман кунӣ,

Беҳуда ҳардам моҷаро.

                               Охир ту бо бераҳмият,

                               Дар ишқ месӯзӣ маро.

Акнун, ки ту худкардаӣ,

Дар пеши гӯши ман манол.

                               То кай маро дар зиндагӣ,

                               Бепарда месозӣ малол?

Бар чашми гирёнам нигар,

Мерезад ашки шӯри ман.

                               Фардо аз ин шӯрии ашк,

                               Монад ду чашми кӯри ман.

Ҷони маро дар зиндагӣ,

Бо дардҳо огандаӣ.

                               Охир чаро бо худсарӣ,

                               Номардҳоро бандаӣ.

Акнун туро ояд шигифт,

Аз моҷарои бешу кам?

                               Ғамро, ки худ овардаӣ,

                               Акнун чӣ менолӣ зи гам?

Бо ин ҳама буду набуд,

Эй дил, биёву зинда бош!

                               Ман бо гамат пояндаам,

                               Дар синаам поянда бош!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №06, 12 феврали соли 2014

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi