03:35:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

РИШОД ЗОҲИР- РАВШАНГАРИ ЧАРОҒИ ПАДАР АСТ

Мӯҳтарам ҳайати эҷодии «Рӯзгор»! Дар бораи Аҳмад Зоҳири бузург кам ҳам бошад шумо гуфта истодаед. Фаромӯш накунед, ки Аҳмад Зоҳири шодравон ду  фарзанд дошт. Писараш Ришод Зоҳир, аз рӯйи шуниди мо, дар пайроҳаи падараш қадам мегузорад ва овозхонӣ мекунад.  Мутаассифона, дар матбуоти мо дар  бораи ин овозхон ҳанӯз маводе ба табъ нарасидааст. Мо аз Шумо хоҳиш мекунем, ки дар бораи Ришод Зоҳир мақолае нависед,- навиштааст Шодӣ Ҳабибов, як тан аз муштариёни сомонаи мо аз шаҳри Душанбе. Мо бо ибрози ташаккурӣ аз он суханҳои хубе, ки дар бораи сомонаи мо гуфтаанд ва оварданашонро дар ин ҷо ноҷоиз донистем, ин маводро пешкаши ҳаводорони созу таронаҳои ноб мекунем. 

Risahd Zahir - Ahmad ZahirРишод Зоҳир соли 1970 дар шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳангоми дар як сафари кӯтоҳмуддат дар ин ҷо будани волидайнаш чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Падари ӯ Аҳмад Зоҳир  дар он замон аз ҷумлаи овозхонҳои омотур (шавқӣ)-е буд, ки ба тозагӣ вориди саҳнаи ҳунари мусиқии Афғонистон гардида, торафт миёни алоқамандони садояш маҳбубияту маъруфият касб мекард. Соли 1975 ҳине, ки Ришод ҳамагӣ панҷ сол дошт, бо талаби завҷааш Ноҷия ақди никоҳи онҳо бурида мешавад. Сабаби асосии  ҷудоӣ ин буд, ки Ноҷия бисёр мехост шавҳараш овозхониро тарк намояд, вале Аҳмад Зоҳир  идомаи зиндагонии худро бидуни  ҳунари мусиқӣ наметавонист тасаввур намояд.

 Хулоса онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва Ришод чун хурдсол буд, ҳаққи тарбия ва нигоҳубини ӯро ба модараш медиҳанд. Ин лаҳзаҳои душвори зиндагониро Аҳмад Зоҳир бо мушкилоти зиёде паси сар менамояд. Зеро ӯ аз дидори ду нафари барояш хеле азиз ноилоҷ маҳрум мешавад. Ноҷия ҳамроҳи Ришод ба Амрико мекӯчанд. Аҳмад Зоҳир бори дигар  ба Фахрия ном хонуме хонадор мешавад ва баъди се соли хонадорӣ ӯ ба таври фоҷеавӣ ба қатл мерасад. Тақдирро бубинед, ки  14-уми июни соли 1979, дар рӯзи ба шаҳодат расиданаш, ягона духтараш, Шабнам ба дунё меояд. 

 Ягона писари Аҳмад Зоҳир  Ришод бошад ҳарчанд дар муҳити дур аз Ватан ба воя расида бошад ҳам, вале забон ва фарҳанги миллии худро фаромӯш накард. Ӯ аз наврасӣ мисли падараш шавқи овозхониро дар  дил мепарварад ва дар аввал асосан таронаҳои падарашро мехонад. Ӯ соли 1987 дар синни 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони «Гули интизор» пешкаши ҳаводорони мусиқӣ мегардонад. Се сол баъд албоми дуввуми ӯ «Ту гули нози ҳама» ба нашр мерасад. Ӯ дар баробари сурудани таронаҳои падараш инчунин худ низ ба эҷод кардан ва сурудани таронаҳои дилнишин машғул мешавад.  Бо оҳангсозони маъруфи афғон ҳамкориҳои эҷодӣ  дорад. Ҳамин тариқ то ба имрӯз чанд албоми  таронаҳои ӯ дастраси алоқамандони мусиқӣ гаштааст.

 Таронае ба ёди падар низ сурудааст, ки матнаш ин аст: 

Падар ба номи ту ман машқи ҳунар мекунам,

Бо шеваву сабки ту тарона сар мекунам.

 

Шамъи ҳаёти ту мурд, лек ба лутфи қадар,

Равшан чароғи туро бори дигар мекунам.

 

Вақте ба меҳан расам ба хоки ту сар ниҳам,

Санги мазори туро зи гиря тар мекунам.

 

 Ганҷи ҳунар мондаӣ аз бари  мардумат.

 Ба ин хирвор ҳадя  лаълу гуҳар мекунам.

 

Дар нолаам овози туст, нағмаи ман сози туст,

Машқи садои туро шому саҳар мекунам. 

Ахиран бо ҳамроҳии оҳангсоз ва овозхони ҷавон, вале маъруфи афғон Алӣ Эътимодӣ, ки фарзанди Абдуллоҳ Эътимодӣ, драмнавоз (ударник)-и Аҳмад Зоҳир мебошад, як таронаи машҳури Аҳмад Зоҳир «Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ»-ро, ки бар пояи оҳанги суруди машҳури испонӣ «Ла Палома» эҷод шудааст, ремекс намуда пешкаши мухлисон намудаанд.  Бояд гуфт, ки бори аввал ин таронаро 60 сол муқаддам овозхони барои мухлисони тоҷик на он қадар маъруф Гулаҳмади Шефта хонда будааст. Матни онро шоир ва оҳангсоз Салими Сармаст навиштааст. 

 Оҳангсоз ва трумпетнавози машҳур Фақирмуҳаммади Нангиёлай онро оранжировкаи тоза мебахшад. Вале ин суруд баъди он ки онро Аҳмад Зоҳир бори аввал соли 1975 мехонад  ба қалби миллионҳо ҳаводорони мусиқӣ роҳ меёбад ва имрӯз дар қатори беҳтарин таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳисобида мешавад. Онро дигар овозхонҳои афғон аз қабили Акбар Ромиш, Эҳсон Саҳар,Саид Умар, Халил Роғиб ва дигарон низ бо ҳамин тарзе, ки Аҳмад Зоҳир онро хондааст, сурудаанд.  То он ҷое, ки мо маълумот дорем, аз овозхонҳои тоҷик Сӯҳроби Маҳмуд суруди «Дибаро гар ту ёри ман бошӣ»-ро даҳ сол муқаддам суруда ба яке аз албомҳои худ ворид кардааст. Дар иҷрои ин овозхони умедбахш ҳам ин тарона хеле хуб садо додааст. 

Ва аммо Ришод Зоҳир дар якҷоягӣ бо Навид Оракзай, як овозхони дигари шинохтаи афғон, ин сурудро дар шакли як видеоклипи диданӣ манзури тамошобинон карданд. Ришод Зоҳир оиладор буда ду фарзанд дорад. Писараш Ёсин 12-сола аст ва духтараш Майна 5-сола мебошад. 

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/4562-rishod-zohir-ravshangari-charoghi-padar-ast.html



Шарҳҳо   

 
+7 #2 RE: РИШОД ЗОҲИР- РАВШАНГАРИ ЧАРОҒИ ПАДАР АСТGuest 22.06.2011 09:17
Ahmad Zohir saroyandai be mislu be hamtost
 
 
+3 #1 RE: РИШОД ЗОҲИР- РАВШАНГАРИ ЧАРОҒИ ПАДАР АСТGuest 02.06.2011 18:06
Ташаккур аз окои Хаммад, ки пайваста маколахои наккодии худро дар ниябияти хунарвари шахири Шарк Ахмади Зохир ва фарзандонаш мунташир мекунад.
Бо ташаккур К
як корбари Рузгор
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi