11:14:07 06-уми Июни 2025 сол

"АҲМАД ЗОҲИР: САДОИ ИШҚ ВА ДИЛТАНГӢ" - ВИДЕО

Рӯзи 12 июни соли 2021 дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рӯйнамоии китоби арзишманди нависанда, журналисти маъруфи тоҷик Султон Ҳамад таҳти унвони "Аҳмад Зоҳир: садои ишқ" ба муносибаи 75 солагии хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳир бо ташаббуси гурӯҳи "Равшандилон, "Рӯзгор-Синамо" ва Маркази Исмоилия ва маҳфили шеъру тарона баргузор гардид, ки ба ҳамагон писанд омад.

banner site ruzgor 21 22Дар ин кори хайр махсусан, фарзандони шодравон Султон Ҳамад бо сарвари Субҳиддини Султон саҳми шоиста гузоштанд. Аз ҳама бештар суханронии шоир ва донишманди сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо ба ҳозирин хуш омад. Ӯ дар бораи мақоми Аҳмад Зоҳир дар доираи фарҳанги мусиқиии Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Ҳиндустон андешаҳои арзишманд изҳор намуда, дар фарҷом, шеъри худро бахшида ба устоди фақид Султон Ҳамад чун ҳусни мақтаъ қироат кард, ки хеле ҷолиб ва хотирмон буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854