01:54:29 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамла ба постгоҳи 12 аз нигоҳи соҳибназарон

Расо 20 сол муқаддам, 13-уми июли соли 1993, як гуруҳи мусаллаҳи низомиёни мухолифини тоҷик, ки дар Давлати Исломии Афғонистон мустақар буданд, ба постгоҳи 12-ми нируҳои марзбонии Русия ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 26 нафар сарбози Русия ба ҳалокат расид, теъдоде мафқудуласар шуданд.

12-zastava 2013

Дар бораи ин амалиёти ҳарбӣ дар замонаш ва ҳоло ҳам дар расонаҳои хабарӣ сару садоҳои зиёде ба нашр мерасанд. Баъзе онро маҳкум кардаанд, иддае онро ногузир донистаанд. Бархе ин ҳодисаро гардише дар эътироф шудани мухолифин аз сӯи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия медонанд ва мегӯянд, ки ин ҳодиса ҷонибҳои даргирро дар Тоҷикистон ба сари мизи музокирот овард. Иддае ин даъворо рад кардаанд. Хабарнигори «Рӯзгор», Шукрона Аҳмадова андешаи чанд соҳибназареро пиромуни ин масъала пурсид ва ин посухҳоро гирифт.

Абдулло Давлат, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия:

Он замон банда ёрдамчии вакили парлумони Удмуртиё будам ва робитаи мустақим бо сиёсатмадорону вакилону мансабдорони русиягӣ доштам. Дар суҳбатҳо на як бору ду бор ба ин маънӣ шунида будам: «Бояд чорае андешид.

Муҷоҳидини тоҷик бо як осонӣ яке аз постгоҳҳои бақуввати марзиро торумор карданд, пас маълум мешавад, ки қувваи бузурге доранд! Русия бояд тасмими ҷиддие бигирад ва маълум кунад, ки агар ҳукумат заъиф ва мухолифин тавоно шуда истодаанд, оё дуруст аст, ки аз режими имрӯза пуштибонӣ кунем?!».

Ба гумонам он задухурд дар ба сари мизи гуфтушунид овардани ду ҷониб ҳалкунанда набуд! Шояд таконе буд, вале на бештар аз ин! Чун постгоҳи русҳо буд - шуру ғавғояш зиёд буду ҳаст. Чизе аз ин беш набуду нест!

Маҳмадали  Ҳаит, собиқ корманди масъули ситоди марказии АНИТ:

Пас аз тағйири ном кардани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба  Ҳаракати наҳзати исломи Тоҷикистон устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ибтидои соли 1993 эълон дошт, ки ҲНИТ омода ба музокирот бо ҳукумати давр мебошад, аммо ин даъват пазируфта нашуд. Муқовимати низомии Артиши НИТ ва бахусус ҳамла ба постгоҳи 12-уми  марзбонии рус сарманшаи музокирот буданд, ки пас аз 7 давраи мулоқоти ду раҳбар ва 9 даври музокироти ҳайатҳои мухолифин ва ҳукумат мо ба сулҳи деринтизор расидем.

Марат Мамадшоев, мудири бахши русии оҷонсии иттилоотии «Озодагон»:

Мо медонем, ки дар сиёсат, ба хусус дар кишварҳои пасошӯравӣ, хеле муҳим аст, ки оппозится нишон дода тавонад, ки имконияту захираҳои бузург дорад. Баъди ин ҳодиса ҳукумат дигар наметавонист мухолифинро ҳамчун нирӯи низомиву сиёсӣ нодида бигирад ва маҷбуран вориди гуфтушунид бо онҳо шуд. Эҳтимолан Русия, ки намехост чунин ҳодисаҳо дар оянда такрор шаванд, ба тағйир ёфтани нуқтаи назари ҳукумат оиди мухолифин, мусоидат кардааст.

Собир Вазиров, номзади илмҳои иқтисодӣ:

Қабл аз ҳама бояд донист, ки ҳамлаи мазкур то замони ба имзорасии Сулҳ буд ва яке аз ҳамлаҳои хело ҷиддӣ буд. То амалиёти мазкур ҷониби ҳукумат ба он назар буд, ки мухолифин пурра шикаст хӯрдаанд ва ҳатто бо онҳо зарурияти гуфтушунид ҳам нест. Аммо ин амалиёт комилан баракси ҳолро нишон дод ва сабаби ҷиддӣ кабул кардани мухолифин шуд ва ҳамчунин ба гуфтушунид низ водор кард.



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Ҳамла ба постгоҳи 12 аз нигоҳи соҳибназаронGuest 22.07.2013 08:22
Шумо хамаатон сад пуд гух хурден... Ин як амали ночавонмардонаи нахзатихо буд... ва ба кадом далел сурат гирифтани он низ дигар бахонае беш нест... дар назди Парвардигор чавоб хохед дод таррохони ин ходиса... одамкуши - одамкушист тамом вассалом.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi